Бахшида ба Рӯзи Муаллим
Донишманде гуфта:
– Омӯзгорӣ касбу шуғл не, ишқ аст!
Ин гуфтаҳо ҳақ асту рост. Чун ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр дар кишвар ба омӯзгорон бахшида шудааст, баъди хатми маҷлиси идоравӣ супориш гирифтам, ки ба аёдати омӯзгори собиқадор равам. Ман ҳам, ки ин супоришро мунтазир будам, хушҳол гаштам. Чунки каме ҳам бошад дар суҳбати омӯзгорони собиқадор менишинаму замони кӯдакии худро ба хотир меорам. Ба фикри шахсии ман он одаме, ки баъди соҳибмақом шудан аз устоди аввалини худ ёд намекунад, инсон нест. Чунки маҳз онҳо буданд, ки мо одам шудаем!
Заҳмати омӯзгор
27.09.2024. Соат ба вақти Бохтар 07:25 дақиқа. Дар зери нурҳои офтоби тирамаҳ роҳ гирифтем ба сӯи ноҳияи Восеъ. Зеро гӯшамон бод бурд, ки дар ин ноҳия яке аз муаллимаҳои собиқадор ва омӯзгори «пуштӣ», набераи академик Соҳиб Табаров ба сар мебаранд…
Дар сар ҳавои қадри омузгору бар дил шодӣ аз омад – омади рӯзи касбии омӯзгор мерасем ба ноҳияи Восеъ. Чун бо супориши редаксия мо аввалин бор ба ноҳияи Восеъ рафтем, бо кӯмаки сардабири рӯзномаи мардумии СССР моро нафаре ба хонааш даъват кард. Дарвоза кушода мешаваду нафаре ба пешвозамон меояд, ки гуё касеро мунтазир бошад, ҳарчанд ӯ аз омадани мо хабару иттилое надошт. Дар чеҳрааш метавон садҳо нафарони касбу кори гуногунро дид, ки барои ба инсони комилу соҳиби ному нон шудан талош кардааст. Ин зани порсо, омӯзгори собиқадори фанни забону адабиёт Мирзоева Ниҳолбӣ мебошанд. Аз рӯи гуфташон, ин модар хонандаи ҳамешагии газетаи мардумии СССР будаанд. Муаллима афзуданд:
– Зеро сардабири шумо писари худам аст!!!
Момои Ниҳолбӣ шарҳ доданд, ки аз соли 1983 сардабири моро мешнохтаанд:
– Писари калониям, Умедҷон Нурматов, ки ӯро ҳама Бахтиёр ном мебурданд, соли 1983 ба факултаи филологияи Университети ба номи В.И.Ленин ҳуҷҷат супурд. Хабаргирияш рафтем, ки 1 ҷавони дигар бо вай дар 1 хона ҷо шудаанд. Ин нафар ҳамин сардабири имрӯзаи СССР буд. Аз рӯзи аввал онҳо риштаи дӯстиву рафоқат бастанд. Бахтиёрҷони ман волидайни Сайёфро ва ӯ аз Умедҷонро падару модархонд гирифтанд. Ва ин дӯстии ишон то 29.09.2022 давом кард, то рӯзе, ки писари нозанини ман, полковники қӯшунҳои марзбонӣ, аз олам даргузашт. Ҳоло ҳам, Худо баракат диҳад сардабиратонро, ки ҳар вақте аз ноҳия убур мекунад, ҳатман ба хабаргирии ман меояд. Раиси ноҳияро низ ӯ бо ман шинос кард. Ҷамшед Шарифзода-раиси ноҳияи Восеъ низ маро модархонд гирифтааст ва ин 2 нафари серкор, новобаста аз масъулияти бар дӯшашон вогузоштаи ҳукумат ва миллат, пайваста аз ҳолам хабар мегиранд ва маро хор шудан намемонанд, ки Худо баракаташон диҳад.
40 соли муаллимӣ
Холаи Ниҳолбӣ тавре ба хабарнигори рӯзномаи мардумии СССР гуфт, тӯли 40 сол бо хонандагон будам. 40 сол дар иҳотаи шогирдону пайравон будан ба даҳон гуфтан осон. Рост аст, ки мегӯянд, пешаи омӯзгорӣ ошиқии ҳақиқист.
– Рӯзе набуд, ки худро бе шогирдон тасаввур намоям. Ман хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Университети давлатии ба нои В.И Ленини РСС Тоҷикистон дар соли 1959 мебошам. Баъди хатми Донишгоҳ ба зодгоҳ омада, ба омӯзгорӣ пардохтам ва то ба нафақа баромадан дар хизмати фарзандони халқ будам, – гуфт муаллима.
Донишҷӯӣ чакану атласпӯш…
Ниҳолбӣ Мирзоева, нақл карданд, ки он замон духтарон аз ҷануби кишвар қариб, ки дар Университет намехонданд ва ӯ яке аз аввалинҳо шуда, ба Донишгоҳ шомил гашт.
-Ман либоси сирф миллӣ мепӯшидам, куртаи чакан, рӯмоли зарнигор, куртаву поҷомаи атласу шоҳӣ. Духтарони замонавӣ (современный) аввалҳо ба ман бо чашми маломат нигоҳ мекарданд, ки ин «безкультурный» кист, ки мисли мо юбка намепӯшаду нимбараҳна мисли русҳо, талаботи замона, ба дарс намеояд. Вале оҳиста-оҳиста бо ҳам унс гирифтем. Ба онҳо исбот кардам, ки куртаву поҷомаи миллӣ ба дониш ҳеҷ рабте надоранд. Дар курсҳои болоӣ, аллакай чандин дугонаҳоям мисли ман либос мепӯшидагӣ шуданд…
Пешаи авлодӣ
Ниҳолбии ҷавон бо омӯзгори номдортарини ноҳия, Нурматов Абдулҳафиз риштаи муҳаббат баставу оила таъсис доданд. Якҷоя кор мерафтанду бо ҳам ба хона бар мегаштанд. Ҳар таътил, ба кунҷу канори давлати бепаҳнои СССР барои сайру сайёҳат мерафтанд. Оилаи онҳо намунавӣ буду худашон ангуштнамои ҷамъият.
Табиист, ки аз чунин оила омӯзгорон ба воя мерасанд. Имрӯз аз фарзандон 3 нафараш идомадиҳандаи касби пуршарафи омӯзгорӣ мебошанд. Холаи Ниҳолбӣ бо ифтихор аз шавҳари марҳумаш Нурматов Абдулҳафиз ёд намуду иброз дошт, ки шавҳараш то вақти марг ба омӯзгорӣ пайвастагии қавӣ дошт.
Муаллима гуфтанд, падарашон ва аҳли оилаи падарияшон низ омӯзгор будаанд. Соҳиб Табарови номӣ, додари падар, амаки Ниҳолбӣ, ӯро чун фарзанд тарбият кардаву ба роҳи илм ташвиқу тарғиб менамуд:
– Ва маҳз он кас буданд, ки мо ба сулолаи омӯзгорон табдил ёфтем.
Аз шогирдони тарбиякардааш ифтихормандона мегӯяд, ки имрӯз маҳсули меҳнати вай, яъне хонандагоне, ки тӯли солҳои зиёд ба онҳо дарс гуфтаву дар роҳи дуруст ҳидоят мекард, дар корҳои бузурги давлатсозӣ ва ҷамъиятӣ фаъоланд.
Ниҳолбӣ Мирзоева афзуданд, ки «Муваффақияти ҳар шогирдро муваффақияти зуд меҳисобам..».
Зиёрати очаи Сталин
Ин омӯзгори собиқадор иқрор шуд, ки солҳои пеш дар таътил ба кишварҳои зиёде сафар карда, хотираҳои хуб дорад. Онҳо бо шавҳар, ҳатто ба Грузия барои зиёрати қабри модари Сталин- Екатерина Георгиевна Джугашвили, ки дар Тифлис мадфун аст, рафта будаанд. Дар он солҳо сари гӯри модари Доҳӣ, ки Хрушев сияҳаш карда буд, рафтану гул гузоштан, қаҳрамонӣ буд!!!
Соли 1988 вақте шавҳараш аз дунё мегузарад ҳам таълим ва ҳам тарбияи дурусти фарзандашон ба уҳдаи ӯ меафтад. Душвор буд барояш ҳам фарзандони хубу ҳам дигаронро омӯзонидан. Барояш манфиати фарзанди худашу аз дигарон фарқе надошт. Ҳамаро бо 1 чашм бояд медид.
– Чунки агар лаҳзае фарзандони халқ фориғ аз дарс мешуданд, он рӯз бе ғизои маънавӣ мемонданд. Омӯзгорӣ дар навбати худ масъулияти бузурги падариву модарии кӯдакони мактабхонро бар уҳда гирифтан ҳам ҳаст- мегӯяд муаллима Ниҳолбӣ.
Ҳамкурси Зафар Нозиму духтари Президент
Аз даврони донишҷӯияш пурсон шудем. Муаллима Мирзоева иброз дошт, ки дар гурӯҳе, ки ӯ таҳсил мекард, фарзандони одамони сарватманд зиёд буданд. Аз ҷумла духтари муншии ҳизби коммунист ва баъдан сарвару Президенти нахустини РСС Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, Наима Маҳкамова ҳамсабақи Ниҳолбӣ Мирзоева будааст. Бо Зафар Нозиму дигар ҳамкурсон ҳам бо якдигар 5 сол дар Донишгоҳ таҳсил карда, омӯзгор гашта, сипас ба ноҳияҳои худ баргашта, ба касби интихобкардаи худ пардохтаанд.
Педагог психолог аст
Дар баробари омӯзгор будан, гумон мекунам, ки ҳам педагоги хуб ҳам равоншинос ва ҳам бояд донишҳои ихтисосиро бояд нек донӣ. Гуфтаҳои маро муаллима Ниҳолбӣ Мирзоева тасдиқ карда гуфт, ки «дар мактаб мо бо одамони дорои хислатҳои гуногун вомехурем, садҳо характерро назорат мекунем, аммо мо бояд бо ҳар кадоми онҳо муносибат карда тавонем. Кӯдаконе ҳастанд, ки дар оилаҳояшон нохушӣ аст, муҳит хуб нест. Вале ҳамаи инро омӯзгор ба назар мегирад. Тавре рафтор мекунад, ки кӯдак аз мактаб дилсард нагардад. Баръакс барои хонда одами бузург шудан кӯшиш кунад. Ана он вақт меҳнати омӯзгор самар меорад, ки шогирдонашро дар сари вазифаҳои гуногун мебинад, ки бар нафъи ҷомеа кор мекунанд!».
Дар оилае, ки Ниҳолбӣ Мирзоева ба камол мерасид, 9 нафар фарзанд буданд. Онҳо дар ноҳияи кӯҳманзари Муъминобод мезистанд. Ҳамаи онҳоро падар хононда, соҳиби маълумот мекунад. Хосса ба тарбияи дурусти духтаронаш ҷаҳд кардааст, ки бесавод намонанд. Имрӯз ин амалҳои накӯи падарро Ниҳолбӣ давом додаасту фарзандонашро соҳибмаълумот кардааст. Духтари хурдиаш дар КАТС- и ноҳия духтури дараҷаи олӣ, дигаре шарқшинос, сеюми муаллимаи фанни забон ва адабиёт аст. Яъне дар маҷмӯъ ҳамаи фарзандон соҳиби номи неканд. Раванди фаъолияти кориашро дар албомҳо ҷамъоварӣ намудасту ҳар гоҳе онҳоро варақ мезанад, ҷаҳони хотиротро пеши рӯ меорад.
Баъди вафоти фарзанди кӯчакаш Фарҳоди 6-сола, ки дар 1 садама дунёро падруд гуфта буд, дигар бардошт накарда, тарки касб мекунад.
Муаллимӣ касб нест!!! Муҳаббат аст!
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи зиёде намуда, дар яке аз баромадҳояшон таъкид карда, гуфтаанд:
“Ҳадафи ниҳоии мо бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир ва истифода аз расму оин ва арзишҳои миллӣ тарбияти насли закиву донишманд ва соҳибмаърифату соҳибмаълумот мебошад, то оянда тақдири давлату миллати худро ба даст гирифта тавонанд”.
Падари педагогикаи миллӣ устод Муҳаммадуллоҳ Лутфуллоҳ нисбати пешаи омӯзгорӣ дар китоби маъруфи худ “Педагогикаи башар” чунин мегӯяд:
“Воқеан, муаллимӣ касб нест, муҳаббат аст, инро дигарон ҳам гуфтаанд. Ин ишқро аз хурдӣ дар кӯдакон парвардан лозим!».
Доктори илмҳои психологӣ Шалва Александрович Амонашвили менависад:
«Агар ба назди кӯдакон бе қалби гарм равед, дарс намешавад. Технология баргузор мегардад, аммо дарс не. Дарс ин вақтест, ки кӯдак аз он рӯшноӣ мегирад. Агар дарсро бе дили гарм гузаронӣ, Шуморо кӯдакон мебинанд, (мушоҳида мекунанд), чизеро ба хотир мегиранд, чизеро месупоранд, баъдтар имтиҳон, Шумо баҳо мегузоред, ва сонитар онҳо ин донишҳоро туф карда мепартоянд».
Ниҳолбӣ Мирзоева ҳам ин ишқро то бардошти тавон ба шогирдон дод. Омӯзгори собиқадор, Ниҳолбӣ Мирзоева дар фароварди суҳбат ба мо ҳушдор намуд, то ин гуфтаашро ба гӯши ҳар муааллими ҷавон расонем:
-Чӣ тавре ки хонаҳои баландошёнаро дар болои таҳкурсии мустаҳкам месозанд, ба ҳамин монанд, ташаккули тафаккури бачаҳо низ дар асоси дониш, маҳорату малакаҳои қавӣ бояд бунёд шавад. Барои ҳамин аз рӯзи аввали дарс кӯдакро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори саршор аз таърихи кӯҳан тарбия бояд кард. Зеро имрӯз ин 1 кӯдаки муштипар асту пагоҳ ояндаи ин ҷамъияту ин ватану ин давлату ин миллат!!!
Аз сӯҳбати ин муаллимаи меҳрубон, ки 40 соли умри азизашро баҳри рушди маънавият насли ҷавон бахшидааст хулоса кардам, ки дар ҳақиқат омӯзгорӣ ишқ аст, муҳаббат аст. Яъне касбест, ки аз он, агар омӯзгори асил бошӣ, ҳаргиз дил на наметавонӣ канд.
Аз фурсати муносиб истифода карда, тамоми омӯзгорони мамлакатро бо иди касбиашон самимона шодбош мегӯем. Бигзор ҳеҷ гоҳ сарашон дардро набинад. Ҳамеша ифтихори шогирдон бошанду мо боиси фахри ишон. Ид муборак омӯзгори Ватан!
Мо Метавонем!!!
Нуриддин Қосимзода, СССР
Бохтар – Восеъ – Бохтар