Макнуна Пирова, мухлис ва хонандаи доимии газетаи мардумии СССР аз ш.Душанбе бо идора тамос гирифта гуфт, ки дар байни автобусҳои пойтахт танҳо дар хатсайри №11 кондитсионер ҳамеша кор мекунад.
– Ҳамин тобистон мушоҳида ва таҷриба намудам, ки танҳо дар автобусҳои хатсайри №11 ҳамеша кондитсионер фаъол буду бас. Дар дигар хатсайрҳо ҳатто дар рӯзҳои гармтарин кондитсионер кор намекунад. Ва инам ҳам вақте масъулини соҳаи нақлиёти ш.Душанбе пайваста мегуфтанд, ки дастур шудааст ва бояд кондитсионерҳо кор кунанд. Аз ин маълум мешавад, ки танҳо ронандаҳои автобусҳои №11 дастуру супоришҳоро сари вақт иҷро мекардаанд.