Шуҳрат Исматуллоев ё Шералӣ Кабир???

(Кӣ «заказчики» куштори онҳо буд?)

 Дилшод Саидмуродов ё худ Дилшоди СБ, ки яке аз чеҳраҳои калидӣ дар амалиёти дуздӣ ва куштори бераҳмонаи Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси бонки «Ориёнбонк» ба шумор меравад, 7 октябр ба Душанбе истирдод шуд. Мавсуф дар 1 суҳбати аҷибе, ки рузҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, мегӯяд, ки аз раҳбари дастаи ҷиноияш фармон гирифта буд, ки Шералӣ Кабир – вазири саноатро террор кунанд. Вале бо сабаби «саховатманд будани Кабиров», ҷинояткорон рӯзи 23.06.2023 Ш.Исматуллоевро рабуда, бо азоби алим кушта, ҷасадашро ба дарёи Зарафшон партофтанд. Аҷобати кор ин аст, ки ҳам Шуҳрат ва ҳам Шералӣ аз шогирдон, дӯстони наздик ва дастпарварони Ҳасан Асадуллозода, раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» ба шумор мераванд.   

Қамар Азизов – заказчик?

1 навори дигари суҳбати Дилшод Саидмуродов бо муфаттишони парванда ба дасти мо низ расид. Дар он дида мешавад, ки Дилшод «Красавчик» риш дошта, хеле ором ба суолҳо посух мегӯяд. Дилшод тавре ба назар мерасад, дасти росташ бо занҷира ба дастаи печи бухорӣ ё худ батарея банд аст. Зеро танҳо дасти росташро ҳини суҳбат бо муфаттишон болову поин мекунад. Чунин дастбандӣ барои ҷинояткорони махсусан хатарнок ҷоиз аст.

Ӯ дар ин сабтҳо эътироф мекунад, ки рабудани Шуҳрат Исматуллоевро аз онҳо Қамар Азизов ном 1 соҳибкори сокини пойтахт, бародари овозхонҳои гуруҳи овозадори “Анис” фармоиш додааст. Ҳар чизе, ки ин ҷинояткор мегӯяд, танҳо шоҳидии ҳамин нафар аст. Ҳақиқатро танҳо пас аз содири ҳукми суд ва шиносоӣ бо парванда хоҳем гирифт. Вале ҳоло фактҳои ин қотилро ин ҷо мекорем. Мо Метавонем!

Дар ин сӯҳбат, “Дилшоди Красавчик” мегуяд, гӯё Қамар Азизов, ки бо Исматуллоев тиҷорати муштараки хонасозӣ дошт, аз вай 2,5 ё 3 (тибқи баъзе овозаҳои дигар то 5-ред.) миллион доллар қарздор шудааст ва “ (Қамар) ба мо гуфт, ки намешавад, ки Шуҳратро аз байн бардорем?”

Мавсуф таъкид медорад, ки Қамар ба онҳо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва менеҷери собиқи ширкати алюминсозии ТАЛКО – ро низ “наводка” дода буд, ки “аз Шуҳрат дида, Шералӣ пули бисёртар дорад».

«- Вале мо қабул накардем, чунки Шералӣ ба ҳама ёрдам мекунад, дасти кушод дорад”, – меафзояд дар ин навор Дилшод Саидмуродов.

…Ин ҷо 1 «нестиковка фактов» ё худ тарошаи аз бом ҷой дорад:

– Агар Қамар аз Шуҳрат қарздор асту ӯро фармоиши қатл медиҳад, пас чаро ӯ Шералӣ Кабирро, ки бо ахирӣ ягон бизнеси муштарак надошт, фармоиш додааст? Сари ин муаммо тафтишот бояд кор кунад!

 $50000 аванси қатл

“Дилшоди Красавчик” ҳамчунин дар баёноташ эътироф кард, ки ҳамчун пешпардохт “аз Қамар 50 ҳазор доллар гирифта, «ба 1 шогирдам додам, ки барои иҷрои нақша мошин бихарад ва ягон манзилро иҷора бигирад…”

Ин ҳамон мошини Хундайи сиёҳест, ки баъдан бо он Шуҳрат Исматуллоев-бонкири маъруф ва шахсияти шинохташудаву дастбасахоро рабудаанд.

Хотиррас мешавем, ки 23.06.2023 дар кӯчаи Закариёи Розии н.И.Сомонии ш.Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович, муовини аввали раиси ҶСК “Ориёнбонк” аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастгир шуда, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи “ХюндайСоната”, рақами қайди давлатиаш 01-97 М 01, қаблан 129 ХА 01, рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша (наповал) маҷбуран савор карда, аз ҷойи ҳодиса бо хатсайри хиёбони РӯдакӣМайдони сарҳадчиёнмаҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, аз назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задааст.

 1 соли омодагӣ ба ҷиноят

Он замон ВКД ба касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд, ё пинҳонӣ хабар медиҳанд, беш аз 300.000 сомонӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофот ваъда карда, аз шаҳрвандон хост, ки барои ошкор намудани ин ҷинояти одамрабоӣ кӯмак кунанд ва аз гаравгонон даъват ба амал овард, ки шахси гаравгон гирифта – Шуҳрат Исматуллоевро озод намоянд.

Ин ҷиноят, ки ба он дастандаркоронаш ҳудуди 1 сол омодагӣ мегирифтанду ҳар қадами шикорашонро мепоистанд, замоне ошкор шуд, ки видеои суҳбат бо модари яке аз аъзои ин гуруҳи муташшакили ҷиноӣ – Рустам Ашуров расонаӣ гардид.  Рустам Ашуров зимни фирор ба Аврупо тавассути шаҳрҳои Истамбулу Кишинёв дар фурудгоҳи пойтахти Молдова даст ба тирпаронӣ зада, боиси марги 2 сарҳадбон мегардад ва худ низ безарар гардонида мешавад.

Дар ин навори суҳбати телефонӣ Рустам ба модараш мегуфт, онҳо бо Дилшоди СБ ном ҳамкасабааш (поделник) Шуҳрат Исматуллоевро дуздида, мехостанд аз ӯ 200 миллон доллар биткоинашро гиранд. Барои иқрори рамзу коди биткоинҳо – пули электронӣ, ҷинояткорон бо асбобу ускунаи ситамдиҳӣ, аз ҷумла автогену электрошокер ва корду табару ғайра муҷаҳаз будаанд. Рустам афзуд, вале ун кас ба зарбу лат тоб наоварда, вақте Дилшод мезадаш, ҷон дод ва мо ҷасадашро гирифта, ба Варзоб партофтем. Пасон муайян гардид, ки ҷасади бонкирро инҳо ба дарёи Зарафшон партофа будаанд.

  Мақбара барои террорист???

Воқеан ҳам ҷасади ин террорист, одамрабо ва одамкушро, пас аз оне, ки дар Кишинёв кушта шуд, модараш бо пули калон овардаву дар мазори Сари Осиёи пойтахт гӯронида, сари гӯраш марқади бузурге бунёд намуд! Ин шояд нахустин бор аст, ки ҷасади террористро меоранду чун қаҳрамон марқадаш мегузоранд. Дар дигар давлатҳо ин амали номумкин аст!

Ва танҳо баъди дахолати наздикону пайвандони Шуҳрат Исматуллоев мақомот ин марқадро вайрон карданд (ниг. ба акс). Вале мутмаин бошед, ки боз ин марқаду ин мақбара қомат меафрозад. Зеро дар мо ҳама чиро пул ҳал мекунад…

 Дарёфти ҷасад ва ҷанозаи Шуҳрат

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон рӯзи 15.08.2023 дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш расман эълон намуд, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев аз дарёи Зарафшон, дар ҳудуди деҳоти Саразми ш.Панҷакент пайдо гашта, пас аз гузаронидани экспертиза ва тасдиқи шахсияташ, ба хок супорида мешавад.

Ва ҳарчанд экспертизаи дохилӣ аз рӯи ДНК ва дандонҳо муайян намуд, ки ин ҷасади бонкири маъруф аст, вале бародарони Шуҳрат тикаҳои ҷасадро барои ташхиси дақиқ ба Маскав фиристониданд. Танҳо баъди далели экспертизаи хориҷӣ ҷанозаи Шуҳрат Исматуллоев дар ҳамон мазори Сари Осиё, ки ҷасади қотилаш кайҳо мехуспид, ба дасти хок рафт. Ҷояш ҷаннат, заб марди хубе буду аҷаб ҷавони саховатманду маҳфилоро ва доиман лабдартабассум…

Дар робита ба дуздӣ ва марги Шуҳрат Исматуллоев то ба имрӯз наздики 50 нафар боздошту мавриди бозпурсӣ қарор дошта, Дилшоди СБ фармоишгар ва иштирокчиёни ин ҷинояти гуношунидро дар Тоҷикистон ҳоло ифшо месозад.

  Аз бойгонии СССР:

 Дилшод – «красавчик» кист?

Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович, санаи таваллудаш 04.06.1984, зода ва истиқоматкунандаи ш.Душанбе, к.А.Навоӣ, бинои 5/8, ҳуҷраи 1, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

Номбурда соли 2001 МТМУ №8 н.И.Сомонии ш.Душанберо хатм намуда, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар ш.Санкт-Петербург дохил шуда, соли 2006 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ муддати 1 сол бо сабаби пайдо намудани ҷойи кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсия Россия дар ш.Санкт-Петербург истиқомат намудааст.

Соли 2007 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба сафи мақомоти корҳои дохилӣ шомил шудааст. Аз моҳи октябри соли 2007 то соли 2008 дар вазифаи ваколатдори оперативии шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамони РМЗҶМ (УБОП) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.

Солҳои 2008 вазифаи ишғолнамудаашро иваз намуда, аз РМЗҶМ ба РОҶ (раёсати оперативӣ ҷустуҷӯӣ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дар вазифаи ваколатдори оперативӣ ба кор рафтааст. Худи ҳамон сол боз аз РОҶ ба РАД (Раёсати амнияти дохилӣ ё Служба Безопасности-аз ҳамин ҷо лақаби Дилшоди СБ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дар вазифаи нозир то соли 2010 кору фаъолият намудааст.

Соли 2010 аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуда, 4 сол ба баъд, яъне дар соли 2014 дар мақомоти прокуратура ба кор даромада, 1 муддати кӯтоҳ дар вазифаи мутахассис – кибернетики Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, дар он ҷо низ аз сафи мақомот озод карда шудааст.

Баъди озод гардидан аз сафи мақомоти прокуратура дар соли 2016 ба сафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дохил шуда, 1 муддати кӯтоҳ дар он ҷо кору фаъолият намудааст, рутбаи ҳарбиаш капитани адлия мебошад.

Яъне ин шахс дар 3 вазорати калидии кишвар-ВКД, Генпрокуратура ва Агентии коррупсия кору фаъолият мекард! Чунинҳоро «оборотень в погонах» меноманд…

Пас аз содир намудани ҷиноят дар ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ санаи 25.06.2023, соати 06:00 тавассути фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, аз толори СИП, бо хатсайри Душанбе – Москва ба Федератсияи Россия фирор намудааст.

Аз рӯи баъзе маълумот, ӯ тавассути ВИП ва СИП зали фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд зиёд парвоз карда, ӯро ҳамчун мусофири дастбахайр ва хеле ҳам дилёб мешинохтаанд. Дар тарабхонаҳои шики пойтахт низ ӯро хуб медонистанд…

 

Мину Амин,

махсус барои СССР

 PS: Дар ин моҷаро, ба мо то ҳанӯз маълум нест, ки чи гуна наворҳои бозпурсии Дилшод Саидмуродов, ки зери парвандаи бо муҳри «махфӣ» сурат мегирад, ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Тик – Ток ва сомонаҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ роҳ ёфтаанд. Ин ҷо чӣ сиррест, ки мо намедонем? Ин суолест ба мақомоти қудратӣ, ки ин ҷиноятро пайгард намуда, иқрор бояд шуд, ки ҷавонмардона фош ва ҷинояткоронро дастгир кардаанд. Мунтазири посухем. Мо Метавонем!

Ва аз ҳам охир…

1 нафаре аз пайвандон, ки бо ҷиноят аз наздик ошно шудааст, гуфт, нафаре аз одамрабоён дар бораи Шӯҳрат Исматуллоеви раҳматӣ гуфтааст, ки «ӯ то охир ба ҳоли мо механдиду нотарсона мегуфт, шуморо меёбанд, чӯбатон мезананд ва ҷазо медиҳанд, зеро ин шаҳр бе дарвоза нест!». Ин нотарсии Исматуллоев ҷинояткорони ноҷавонмардро ба ғазаб меораду ӯро бо ситам мекушанд. Аз ҷайбаш ҳамагӣ 4000 доллар меёбанду бас. Аз миллионҳои ҷустаашон хатту хабаре нест. Зеро ӯ ин маблағро надошт, вале агар ҳам медошт, ба ин нокасон рамзу кодашро намегуфт!!! Маргро ба гардан гирифту соҳиби маблағ гаштани ин ҳаромзодаҳоро на…

Гӯраш пурнур ва чароғи хотирааш дар дили дӯстон абадан фурӯзон бод. Мо Метавонем!

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube