Тарсам нарасӣ ба Каъба, эй, аъробӣ,
К-ин раҳ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст!!!
20.10.2024. Фатҳулло Гулен, муассиси ҳаракати мазҳабиву маорифии “Хизмат”, ки бо номи “Ҳаракати Фатҳулло Гулен” маъруфу машҳур буда, зери шиори “Давлат дар дохили Давлат” фаъолият мекард, дар 83-солагӣ, дар Пенсилванияи Амрико даргузашт. Роҷеъ ба ин шахсият онгуна баҳсҳои пурпечутоб дар авҷанд, ки гуфтани мо пургӯӣ мешуд. Танҳо ҳаминро мегӯем, ки ӯ пантуркисти гузаро буду армонҳои дар авоили асри ХХ ба шикасту рехт оварда расонидаи 54 пантуркисти бухороиро, ки миллати тоҷикро қариб аз байн бурда буданд, мехост аз нав зинда кунад.
Дар он даврон ҳазрати Айнӣ ва сипас Нусратулло Махсуму Шириншо Шотемур, қаҳрамонони миллати Тоҷик, бар ҳимояти миллат хеста, ҷони худро бохтанд, вале Тоҷикро аз маҳви комил наҷот доданд. Дуруди ману ту, хонандаи ин сутур, бар арвоҳи ҳамаи ишон расида бод!
Хоса ин шабу рӯз, ки Тоҷикистони таъсисдодаи ишон ба синни 100-солагӣ расиду аз ин санаи таърихӣ касе ҷашн нагирифт. Хеле шигифтангез аст, ки мо милисаву амнияту авиатсияву прокуратураи 90 -100 сола дорем, вале Тоҷикистони 100 сола на! Ин ҷумлаи хитобӣ усулан ба технократҳои мо суоли ғафсест, ки ЧАРО???
Ва аммо ин баҳси имрӯзаи мо нест, ҳарчанд бояд бошад, чунки табори Фатҳулло Гулен маҳз зидди Тоҷику эҳёи Тоҷикистон набард мекард. Дар саргаҳи ин набард Абдулло Раҳимбоев меистод, ки имрӯз ба ин хоинтарин хоини миллат дар Хуҷанди бостонӣ ҳайкал мондаанд. Зеро мегӯянд, хоин ҳам бошад, наберагонаш аз мардумони арҷманди Хуҷанданд ва касе пишаки онҳоро пишт гуфтанӣ нест. Яъне мо дар хиёнат низ хешпарастем, ки вой бар мо…
Воқеан ҳам туркпарастии мо ба ҳадде буд, ки ҳамон Айниву Махсуму Шотемур ва 5-6 сарсупурдаи гумноми дигар намешуд, имрӯз мо на давлат доштему на миллат. Шумо бингаред ба миллионҳо миллион сокинони ҳамсоякишварҳо, ки тоҷиканд, забони тоҷикӣ доранд, шири тоҷикӣ мехӯранд, вале давлат, ки надоранд, наметавон ишонро тоҷик гуфт. Касеро ранҷонданӣ нестем, вале агар бобоҳои онҳо, фарзи мисол, чун бобои конибодомиҳои тоҷики асилу сарсупурда мешуд, ки поезди оқсақоли СССР Калининро манъ кардаву талаб карданд, онҳоро ба Тоҷикистон дохил кунанд (уезди Хуҷанд ҳам ба маҳзи ҳамин сарбадории конибодомиҳо шомили РССТ гардид), пас Самарқанду Бухоро аз даст намерафт. Вале накарданд. Ин факти таърихист, ки бояд касе мегуфт ва ман ҳам гуфтам. Мо Метавонем!
Дар даврони зуҳури Фатҳулло Гулен кам тоҷике ёфт шуд, то зидди мағзшӯӣ таҳти литсейҳои қатораки туркӣ-тоҷикияш гардад. Айнӣ тани танҳо набуд, дар аввали асри ХХ, вале дар охири асри ХХI, сарсупурдаҳо қариб, ки набуданд. Илло Валӣ Самади нозанин, ки воқеан ҳам дар 83-солагӣ, чун ҳарифи азалияш Гулен, вале 5 сол пеш, дар таърихи 24 .10. 2019 фавтид. Валӣ Самад ягона сарфарозе шуд, ки парчами ҳарби Лоиқ Шералии нозанин бо литсейҳои туркии Фатҳулло Гулен афтодаро, аз замин бардошт ва то рӯзи ахири ҳаёт бо пантуркизм мубориза кард. Ин ҳамон солҳое буд, ки вазирони вақти маорифи кишвар ба литсейҳои Ф. Гулен иҷозати расмии фаъолият доданд. Ва дар марвиде, ки дар Ӯзбекистони ҳамзабони Гулен, 67 мактаби ӯро, ки бо исми «Нурчилик» фаъолият дошт, дар соли 2009 баста, 5 хабарнигори нашрияи “Йеттӣ иқлим”, ё худ “Ҳафт иқлим” ва 2 хабарнигори нашрияи “Ирмоқ”-ро бо иттиҳоми ташкили созмони тундрави мазҳабӣ, табъу нашри адабиёти ғайриқонунӣ, таблиғи пантуркизм муттаҳам мекарданд, ин муаллимон аз ҳамсоякишвар ба Тоҷикистони азиз ҷомадони рахт бастанд. Соате Телевизиони давлатии Ӯзбекистон дар бораи онҳо филми мустанадеро бо номи “Нуре, ки ба сӯи зулмот мебарад” ба намоиш гузошта, фаъолияти шабакаи литсейҳои туркӣ, мавсум ба “Нурчилик”-ро ба дасти танқиди шадид мекашид, радиову телевизион, олимон ва журналистону артистони мо, ки 4 танга дастмузди Гуленӣ мегирифанд, ба таблиғу ташвиқи литсейҳои туркии Фатҳулло банд буданд!
Туркӣ куну чустӣ кун,
На тоҷикию сустӣ…
Литсейҳои таъсисдодаи Ф. Гулен аз 1000 адад гузашта, дар 150 кишвари дунё фаъолият мебурданд. Коршиносони соҳа, ба вежа худи туркҳои Туркия, ин “Ҳаракати Хизмат”-ро ба экстремизм муттаҳам мекарданду дар кишвари мо, ҳамон солҳо ёдам ҳаст, ҳатто вазири маорифи вақт ва 3-4 ҳунарманди саршинос, ки замоне даъвии миллату ҳувият доштандӣ, мубаллиғони калидии Ҳаракат буданд. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои хориҷӣ менавиштанд, “Ҳаракати Хизмат” 1 шакли муътадили Исломро таблиғ мекунад. Вале чандин кишвар ин ҳаракатро ба далели нуфузи зиёдаш бар доираҳои тиҷориву давлатӣ ҳамчун таҳдид мешинохтанд. Марказҳои илмӣ ва мактабҳо аз сӯи тоҷирони наздик ба ҳаракати Гулен сармоягузорӣ мешуданд ва барои таҳсил умдатан фарзандон аз хонаводаҳои сарватманду вазифадорро мегирифтанд.
Мухолифони ҳаракат мегӯянд, онҳое, ки аз ин “дастархон” нон мехӯранд, хеле ба осонӣ ба фанат ва пайрави “Хизмат” табдил меёбанд. “Хизмат” сохтори расмии байналмилалӣ ва узвияти расмӣ надорад, вале ба гумони мухолифонаш, пайравони он метавонанд шабакаҳои махфие барои кумак ба якдигар, ё тавре ки мақомоти Туркия иддао доранд, “Давлат дар дохили Давлат” дуруст кунанд. Шумо аҳамият додаед, ки хатмуттаҳсилини ин литсейҳо бо ҳам робитаи наздик доранд ва ҳамдигариро дастгирӣ мекунанд. Яъне ин Ҳаракат, ба масале, 1 сектае монанд ба Массония таҳия мекард.
Дар Тоҷикистон фаъолияти литсейҳои туркӣ бо бастани шартнома миёни ширкати “Шалола” (мутааллиқ ба Ф. Гулен) бо Вазорати маорифи Тоҷикистон аз соли 1993 шуруъ шуд. Баъдан соли 2003 мӯҳлати шартномаи мазкур то 10 соли дигар, яъне то соли 2013, тамдид гардид. Ширкати “Шалола” дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон 6 литсей ва ҳамчунин сарпарастии Литсейи байналмилалии Душанберо бар уҳда дошт. Нахуст фаъолияти ин литсейҳо хайриявӣ буд, вале баъд нархи таҳсил дар ин литсейҳо то ба 1000 доллар барои 1 соли хониш боло рафт.
Хотиррас мешавем, ин пешравиҳо ва фарогириҳои литсейҳои пантуркистии Ф. Гулен дар ҳоле буд, ки дар тамомии кишварҳои ҳамсуди ИДМ, ба вежа Туркманистон, Қазоқистон, Россия, Ӯзбекистон ва ҳатто Қирғизистон ин мактабҳо баста мешуданд! Дар Тоҷикистон бошад, масъулини Ҳаракати Гулен роҳи содаву ҳамворе ёфта, тобистони соли 2015 бо имзои 1 қарордод бо Вазорати маориф литсейҳои муштараки тоҷикиву туркии марбут ба ҳаракати Фатҳулло Гуленро, ки аз муассисаҳои таълимии бонуфуз ба ҳисоб мерафт, расман ба “Литсей барои хонандагони болаёқат“ табдил доданд. Ин туркрафтории маорифи вақт ҳатто ба Анқара мақбул нашуд ва шахсан президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон, ки Фатҳулло Гуленро душмани фардии худ ҳисоб мекард, эътироз намуд.
Дар соли 2016 Фатҳулло Гулен коре кард, ки чеҳраи аслии хешро нишон дод. 2 шабонарӯз, 15 -16.07.2016 аъзои ҳаракати «Давлат дар дохили Давлат», бо сарварии Фатҳулло Гулен дар Туркия даст ба табаддулоти ҳарбӣ зад, ки бар асари он 240 кас кушта ва 2200 нафар захмӣ шуд. Суди олии Туркия дар ин кудато Фатҳулло Гулен ва Одил Оскуз-доҳӣ ва мутафаккири «Ҳаракат»-ро муҷрим дониста, 500 нафар низомиро, бо 25 генерал боздошт намуда, ба 337 нафар ҳукми зиндони абад баровард!!!
Ва ҳамаи ин гирудор дар мавриде буд, ки шодихӯрдагон ва муаллимини Фатҳулло Гулен дар Тоҷикистон озодона фаъолият мебурданд. Мутаассуф, имрӯз низ инҳо фаъоланд. Фарзи мисол, соли гузашта, яке аз тарафгирони сарсахти Ф. Гулен Эмсал Коч, роҳбари маркази “Диалог” дар Душанбе дастгир шуд.
Ин пантуркист ба ҳадде нотарс шуда буд, ки дар соли 2009 ҳатто ба редаксияи газетаи мардумӣ омада, ману Сафват Бурҳоновро таҳдид ҳам кард, ки «ҳарбро зидди литсейҳои Фатҳуло Гулен бас кунед, вагарна пушаймон мешавед!». Мо на бас кардем ва на пушаймонем!
Ва ахиран чун Эмсол Коч ба таври мармуз ғайб зада, дар Туркия пайдо шуд, зани ин нафар, шаҳрванди ҶТ, ҳамон шабу рӯз дар ин боздошт мақомоти Тоҷикро ҳам муттаҳам кард. Вале ин зан то ҳанӯз дар мактаби бонуфузи DIS ё худ Мактаби байнулмилалии Душанбе озодона ва роҳат кору фаъолият дорад. Ку бубинем, дар бораи ин зан Радиои Амрикоии Озодӣ чӣ мегуфт ва аз номаш киро муттаҳам мекард. Инак ин туву ун хабари Озодӣ:
“Фирӯза Худойдодова, ҳамсари Эмсал Коч ба сомонаи Bold гуфтааст, рӯзи 2 – юми июн 3 нафар шахсони ношинос шавҳарашро аз анборе, ки кор мекард ба мошини сиёҳ савор карда бурданд. Ба гуфтаи Худойдодова, худи ҳамон рӯз Кочро бо ҳамроҳии пулиси тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе низ диданд.
…Худойдодова дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, “шавҳарамро ғайриқонунӣ ба Туркия бурданд ва талаб мекунам, ки ӯро фавран озод кунанд.
Eşim Emsal Koç’un hukuksuz bir şekilde kaçırılarak, Türkiye’ye götürüldüğünü ve Erzurum emniyetinde olduğu bilgisini aldım. Üniversite mezuniyetinden hemen sonra yurtdışına çıkan ve kendi halinde melek gibi bir insan olan eşimin hemen bırakılmasını istiyorum.
— firuza koc (@FiruzaKoch) July 4, 2023”
Поёни иқтибос, вале на поёни баҳс.
Имрӯз, ки ақидаҳои аз Осиёи Миёна ба Туркистон табдили ном кардани қораи Осиёи Марказӣ дар садост ва мехоҳанд дар харита ва глобус ва Яндексу Гугл низ номи Туркистон корбаст шавад, барои мо албатта ҷои нигаронист. Куҷо менигаристем, вақте ин пантуркистон ба фаъолият шуруъ карда буданду танҳо бо дахолат ва дархости президенти Туркия мо инҳоро бастем? Бастем ё табдили ном кардем, дигар муҳим нест. Муҳим он аст, ки аз ҳаракати “Давлат дар дохили Давлат”-и Фатҳулло Гулен ҳатто худи Туркия ва республикаҳои туркзабони ҳамсояи мо ҳарос доранд…вале мо туркпарастиро хатм накардаем…