10 000 СОМОНӢ – ҶАРИМА БАРОИ САТРПӮШОН!

 Қамари Шероз, хонандаи ҳамешагии рӯзномаи мардумии СССР аз ш. Бохтар ба идора занг зада (тел: 2385556), пешниҳод намуд, ки бигузор барои занону духтарони сатрпӯш ҷаримаи сангин пешбинӣ гардад.

–  Ҳафтаи гузашта барои тамошои гулҳои Душанбе ва шодишарик шудан аз таҷлили Рӯзи пойтахт ба Душанбе сафар кардам. Дар роҳ чашмам ба занону бонувоне афтод, ки сарулибоси арабиву туркӣ доштанд. Ин тоифа мардум на хубиро мефаҳманд на қонунро риоя мекунанд. Қариб 99% бонувони мо рӯ ба анъанаҳои либоспӯшии туркҳо овардаанд. Ин либоси бегона аст! Баъзе аз қонунҳои кишварро бояд тағйир дод ва ҷазои чунин сатрпӯшонро сангинтар кард, бигузор барои пӯшидани сатру пероҳанҳои дароз амсоли абая ҷарима ҷорӣ карда шавад, масалан 10 000 сомонӣ! Чаро не? Мо бояд дар ҳифзи анъанаҳои миллӣ мубориз бошем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube