ШЕРОНИ ХАТЛОН БА ХИЗМАТ ОМОДААНД!

Таърихи навинамон ёд надорад, ки  дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ, дар Хатлон, нақшаи ҷалби  ҷавонон ба сафи Артиш таъмин шуда бошад. Аммо хушбахтона, имсол ин нақша 100 фоиз ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини даъвати ҳарбӣ  иҷро шуд, ки бе гумон саҳми раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ин самт беандоза зиёд аст. Зеро маҳз корбарии инфиродии ӯ, суҳбату муколамааш бо ҷавонон ва волидайн сабаб шуд, ки ҷавонмардони Хатлон бо ихтиёри хеш ва нидои виждону номуси миллӣ ба военкоматҳо ҳозир шуданд. Брависсимо, Раис. Мо Метавонем!

 

Ҳама 100%

  1. 10. 2024. Соат ба вақти Бохтар 10: 00 дақиқа. Дар саҳни варзишгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид чорабинӣ бахшида ба рузӣ даъватшаванда баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ ҷавонони далеру шуҷоъи Хатлонӣ ҳамроҳи волидон ва хешу ақрабо  ҷамъ омада, онҳоро барои ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шомил шуданашон, раиси вилоят табрик карданд. Тавре аз Комиссариати ҳарбии вилоят иттилоъ доданд, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилоят дар рӯзи аввал 100 фисад иҷро шуд.  Наваскарон то муҳлати 10 рӯз ба қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо тақсим шуда, онҳое, ки аллакай аз давраи таълими омодагии сарбози ҷавон гузаштаанд, савганди ҳарбӣ ёд мекунанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватандӯстию миллатдӯстиро бо ҳифзи марзу буми Ватан тавъам дониста, чунин изҳор медоранд:

«Вақте, ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии ҷумҳуриро дар назар дорем. Имрӯз вазифаи ҳар шаҳрванди некхоҳ ва ҳар тоҷики ватандӯстаз хурд то бузург афзудан ба дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Шодии волидайн

Лоиқ Юсуфов имрӯз фарзанди худро , ки ихтиёран ба сафи Артиш пайвастааст,  бо хабарнигори рӯзномаи мардумии СССР ҳамсӯҳбат шуда, гуфт, дар ин рӯз фарзандашро  ҳамроҳӣ карда, хушҳол аз он аст, ки ӯ ихтиёран баъди итмоми Донишгоҳ худро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шомил намуд.

“Мо яке аз он волидони хушбахтем, ки имруз писари хурдиамонро ба сафи Артиш пайванд месозем. Ӯ ихтиёран хост номи Ватанро бо номи Модар ҳамҷоя сохта, хизматашро адо намояд ва яке аз аввалин ихтиёриёни хатлонӣ бошад. Ҷавонмардиро фарзанди ман  дар хидмат ба Ватан мебинад, бо фахр илова кард, Лоиқ Юсуфов сокини ноҳияи Кӯшониён.

Имтиёз бар ихтиёриён

Бояд гуфт, ҷавононе, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмати ихтиёриро интихоб намудаанд, аз имтиёзҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ бархурдор гардиданд.  Солҳои охир шумораи ҷавонписароне, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ мераванд, зиёд шуда, шаҳрвандон баъди гирифтани аввалин даъватнома ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Ин нишони он аст, ки масъулини мақомоти вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз 1 мавсим то мавсими даъвати дигар мувофиқ ба талаботи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватиро барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳро  дар бар мегирад, корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Инчунин захираи даъватшавандагонро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муайян ва мушаххас менамоянд. Лозим ба таъкид аст, ки маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр давом меёбад.

 

2000 дар 1 рӯз дар хизмати Ватан

02.10.2024. Соат ба вақти Бохтар 10: 30 дақиқа.  2000 ҷавони даъватшаванда аз шаҳру ноҳияҳо аз саҳни Комиссариати ҳарбии вилоят то варзишгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав дар рӯҳияи баланди ифтихори баланди Ватандорӣ  роҳпаймоии мутантан намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханрониаш ҷавонони матину қавииродаи Хатлонзаминро барои шарафёб гардиданашон ба дарёфти мақоми фахрии сарбози Ватан самимона шодбош гуфта, ба тамоми падару модарон барои тарбияи шоистаи фарзандонашон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

“Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу ватани худ ҳамеша содиқанд – афзуд раиси вилояти Хатлон.

Артиши миллӣ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихореро тай намуда, аз лиҳози маҳорати низомӣ ва иқтидори мудофиавӣ ба комёбиҳо ноил гардидааст. Дар ин солҳо дар гарнизони Хатлон даҳҳо бинои маъмурии қисмҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбиву автомобилӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ бо сифати баланд ва бо меъёри ҳарбиву талаботи ҳозиразамони низомӣ мутобиқ мавриди истифода қарор дода шуданд.

 

6 писар барои Артиш

Барои хушҳолии аскарони оянда ва волидони онҳо, ки барои гусели фарзандон омада буданд, аввалтар аз ҳама маросими нонгазон ва сипас барномаи рангини ҳунарӣ доир гардид.

Мирзохон Бадарғаев , ронандаи мусофиркаш аз ноҳияи Темурмалик имрӯз фарзанди 6-умашро ба Артиш гусел кард. Ӯ мегӯяд, ки назар ба солҳои пеш хизмат дар сафи Артиш осонтару боэътимод шудааст:

Аввалҳо мо фарзандонамонро бо хавортирӣ  ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ гусели мекардему то омаданашон нороҳату изҳори нигаронӣ мекардем . Аммо шукр, ки хизмат садҳо маротиба мусоид шудааст. Зеро Қувваҳои мусаллаҳ зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Олии мамлакат қарор дошта,  сарбозон аз имтиёзҳои гуногун бархурдоранд. Агар 10 писар ҳам медоштам, охиринашро  ҳам ба артиш гусел мекардам!- гуфт акаи Мирзохон

Воқеан ҳам Мирзохон Бадарғаев барин падарон бояд аз сӯи давлату ҳукумат барои тарбияти 6-7 сарбоз ҳатман қадршиносӣ шаванд, то бар дигарон дарси ибрат гардад. Ҳамин гуна волидони Ватандуст ба фарзандони худ намунаи ибрати хуб шуда, оянда ба давлату ҷамъият нафарони ҳимоятгари ин марзу буми аҷдодӣ буда метавонанд. Зеро ин хоку сарзамин бо  ҳамин гуна ҷавонмардони далеру шуҷоъ ифтихор дорад.   Мо метавонем!!!

 

Нуриддин Қосимзода,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube