Ман зидди Ислом на, зидди ифротам!!!

Ё чаро баъди 1 дину 1 Қуръон ва 1 Пайғамбар боз даҳҳо гурӯҳу равия пайдо шуданд?

Магар Ислом дини яктопарастӣ нест? Магар Худо якто нест? Магар Қуръон якто нест? Магар Пайғамбари Ислом якто нест? Пас чаро баъзеҳо бо номи дин мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд? Ин саволест, ки имрӯз бисёриҳоро ба андеша мебарад.

Тамаддун, худшиносӣ ва хатари тафриқаандозӣ

1 Худо, 1 Қуръон ва 1 Пайғамбар ва 114- сура. Тамом, дигар ҳоҷат ба қисматкунӣ несту набояд бошад. Бинед, вақте ислом дар 50 соли охир инсон кушт, албатта мутаассибонро дар назар дорам, Ислом дар инҷо гунаҳкор нест, халқҳо аз Ислом қимобӣ шуданд. Ислом ба зоти худ надорад айбе. Аммо коре фанатҳо мекунанд, магар обрӯрези ислом нест? Дар Тоҷикистони мо инҳо 150 ҳазор нафарро куштандеее. Ҳамзабонони худро!

 Танҳо дар Афғонистон дар 5 соли охир бештар аз 20 масҷид тарконда шуд. Калисо ё канисо не, масҷид тарконда шуд!!! Ва дар ҳамин 40 соли охир ҳудуди 2 миллион мусалмони равияҳои гуногун дар Афғонистон кушта шуд.

Ё дар Сурия ДОИШ-у дигар гурӯҳҳо бубинед, ки ҳатто бачаҳои камсаводу беватан ва бе мадрасаи мо бештар аз 5 ҳазор нафар онҷо дар қадамгоҳи бузургони Ислом ҷиҳод эълон карданд, ки дар онҷо 1450 сол мешавад, ки садои азон хомӯш нашудааст.

Қадамгоҳи бузургони 13 ҳазор сол пеш саҳоба ва чор халифаи баъди Муҳаммад (с) сайругашт мекарданд. Онҷо таблиғ мекарданд ва асосҳои исломро мегузоштанд. Вале бубинед, ки ин қадар бефаросатӣ ва камдонишӣ, ки инҳо васила шуданд — василаи сиёсатбозии гурӯҳҳои манфиатҳое, ки аз Ислом пул кор мекунанд, аз ҳадафҳои геополитикӣ пул кор мекунанд ва ин 4 бесавод, 4 аблаҳ, 4 хирасарх чӣ кор карданд? Бештар аз 5 ҳазор хонаводаи тоҷики бечора, бе падару модар бадному шарманда шуданд. Ҳоло тақрибан 2 – 3 ҳазораш дар пайгард аст, яъне ҳудуди тақрибан 10 ҳазор ҷавони мо, бахусус аз Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ба «ҷиҳод» дар сарзамини мусалмонон рафтанд. Бубинед ба фанду фиреби ҳамон гурӯҳи парокандакунандаи исломӣ, бинобар надоштани саводи кофии динию дунявӣ гумроҳ шуданд.

3 империяи мову 1 империяи араб

Вақте Араб Аҷамро тасхир кард, бубинед, ки масалан забони мисрӣ, забони суғдӣ ва ҳазор забончаҳои дигарро аз байн бурданд. Чаро забони тоҷикии форсиро натавонистанд, ки аз байн бубаранд, маҳв созанд? Чунки тамаддуни хеле қадими 5 ҳазорсола доштем. Чун мо, тоҷикон 3 империя доштем, забони устувор доштем. Бубинед, ки исломро ниёгони мо дар худ ҳал кардаву арабро ислом омӯхтанд. Тамоми муфассирони Қуръон аз Аҷаманд:

Муаллифи Таърихи Табарӣ кист? Тоҷик, Имом Бухорӣ кист? Тоҷик, Имоми Аъзам кист? Тоҷик. Машҳуртарин тафсири Қуръон аз Ҳусайни Воизи Кошифӣ аст, тафсири Ҳусайнӣ, яъне ҳамааш тоҷикӣ аст.

Бубинед, ки инҳо Исломро гирифтанд, либоси фарҳангӣ пӯшониданд, бо ҳикоя, бо ривоят. Маснавии Румиро бубинед, ки Қуръонро ба 7 -8 дафтар ба назм даровард. Барои ҳамин мегӯянд, ки “Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ”, яъне бо забони шеър, бо забони фасеҳ, забони форсӣ мағзи Исломро ҳазрати Мавлоно фаҳмонид.

Бузургии ин мардро бинед, ки Қуръон мегӯяд бихон, Мавлоно мегӯяд «Бишнав!». Яъне ман тафсир мекунам Қуръонро ҳамватан, ту бишнав, ки ман чӣ мегӯям. Ва баъдан ҳатто бубинед, ки Ҷаноби Олӣ дар паёмашон чӣ гуфт, ки ман аввал тоҷикам баъд мусалмон.

 Бубинед, ки дар 10 -15 соли бесоҳибӣ, 15 -16 равияи Ислом зуҳур кард ва ҷавонон рафта, дар донишгоҳҳо хонда, омаданду нооромиҳо ба вуҷуд оварданд. Ҳатто сокинони 2 деҳаро ба ҳам шӯронданд. Айнан ҳамин чизе, ки мо соли 1990 дида будем, боз такрор мешавад. Аз ҳамин хотир Ҷаноби Олӣ акнун муқобили мутаассибон, боз ҳам тамаддуни ориёиро эълон кард, ки Конуни тамаддуни ориёӣ бояд бунёд шавад.

Дин пеши роҳи 2 ҳамватан набояд гирад

Агар мо ҳамчун миллат бақо доштан хоҳем, бояд ҳатман ба асолати худ баргардем. Мо, тоҷикон таърих, фарҳанг, забони худро дорем. Ҳадафи ман ҳам ҳамин аст. Ман идеяи ориё-мусалмон пешниҳод кардам.

  Ман зардуштияму дӯстам Сайёф мусалмон аст, вораста аст, эшонзода аст. Бубинед, ки мо нишон дода истодаем, ки дин пеши роҳи 2 ҳамватанро набояд гирад. Санг набояд зада шавад, ба дини ҳамдигар, мо бояд дур нашавем, худро душман натарошем, гузаштаро бояд арҷ бигзорем. Масалан Сайёф беҳтарин таблиғгари арзишҳои миллӣ ҳаст, аммо мусалмони комил. Яъне ки ориё-мусалмон аст.

 Ҳамин идеяи ориё-мусалмон ин идея ва пешниҳоди ман аст. Яъне ки ман намегӯям, ки аз дин бираведу ба дини дигар дароед. Чаро масалан туркҳо 900 сол хилофати мусалмонӣ дар дасти онҳо буданд, мегӯянд ман аввал туркам баъд мусалмон? Манфиатҳои миллии нажодии онҳо дар мақоми аввал аст. Чаро дар ҷанги Амрико ва Исроил муқобили дигарон ин қадар поягузорони ислом тарафдори онҳо нашуда, ба қавли ҷониби куфорро гирифт?

 Чун онҳо писарамаканд — нажод, яъне сомия, яҳуду араб писарамаканд. Мо бошем, бо Эрон писарамакем. Онҳо бубинед, ки Исломи муқаддасро ҳифз накарданд, чанг заданд ба решаҳои нажодии худ. Чаро тоҷикро масалан ин чизҳо ба андеша надаровард? Касе нагуфтааст ин динро масалан хок занед, касе нагуфтааст аз ин дин бароед, танҳо зиёдаравӣ накунед. Ҷаноби Олӣ пайваста мегӯянд, зиёдаравӣ накунед. Беҳтарин Ислом — Исломи замони Шӯравӣ буд:

-намозатро хон, кори давлатро кун, ҳамчун як инсони пешрафта рафтор кун.

Ман таблиғгари зардушт нестам!

Дини зардуштӣ дини таблиғ нест, барои чӣ теъдодаш хеле кам аст? Чунки барои мо шумора муҳим нест. Яъне нафаре, ки худаш 400-500 китоб мехонад аз таърихи кӯҳан то ба имрӯз, ба тариқи худ худашро вориси ҳамон дин, ҳамон тамаддун меҳисобад. Масалан, баъзе имомхатибон, баъзе домуллоҳои камсавод мегӯянд, ки Авасто нахон, ки кофир мешавӣ, таърихи кӯҳанро нахон кофир мешавӣ, то ислом ҳар чӣ ҳаст инкор мекунанд. Ҷамшед ном нагир, ки писарат биҳишт намеравад. Яъне ин чӣ аст? Ин хиёнати хеле калон аст. Чунини муллоҳоро бояд бо мушти идеологӣ бар даҳонашон куфт.

 Дар хатми суханам ҳаминро мегӯям, ки ҳадафи ман, мақсади ман бори дигар худамонро бо худамон ошно кардан аст, на таблиғи Авастову на муқобила бо ислом. Ман дастпарвари мактаби Ҷаноби Олӣ ҳастам. Аввалин нафаре, ки ба решаи ориёӣ чанг зад, Ҷаноби Олӣ буд. Бубинед тамоми фарзандони он кас номҳои тоҷикӣ-ориёӣ доранд: аз бону Озода Раҳмон сар карда то Рустам, Сомон, Таҳмина, Рухшона…

Сипаҳсолори тамаддуни ориёӣ

Дар замони Шӯравӣ, Сарвари давлат яке аз раисҳои хоҷагие буд, ки хоҷагиаш Кохи фарҳанг, маҳфили адабӣ дошт, дар он минтақа ягон нависанда, шоир, адиб ва журналист набуд, ки зери ҳимоя ва дастгирии моддиву маънавии Ҷаноби Олӣ қарор нагирифта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон Сипаҳсолори тамаддуни ориёист. Дар кишвари ҷангзадаи ҳамсояи Афғонистон шабонарӯз аз Худованд зора мекунанд, ки кош мисли Сарвари мо сарваре дошта бошанд. Имрӯз дар сартосари олам вориси ягонаи тамаддуни ориёӣ Ҷаноби Олӣ аст. Ман фақат сиёсати фарҳангӣ, таърихӣ, маънавии Ҷаноби Олиро дастгир, ҳифз ва таблиғ мекунам. Ва дар охир бори дигар мегӯям:

-Мо имони касеро дуздиданӣ нестем, касеро аз дин бароварданӣ нестем. Зардуштия ин Ҳизби Наҳзати Ислом нест, ки аъзо шавем. Китоб хондан даркору бас. Ва он гаҳ Мо Метавонем!!!

Таснифи Омиронаи Сайёф,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube