23.05.2026. Соат бо вақти Бохтар 07:50 дақиқа. Субҳи барвақт. Шаҳр ҳанӯз пурра бедор нашуда буд. Мо бо супориши редаксия роҳи шаҳри Левакантро пеш гирифтем. Супориш чун аз қабули шаҳрвандон дода шуда буд, бояд мо аз рафти қабули шаҳрвандон дар шаҳри Левакант, ки чӣ гуна мегузарад ва то чӣ андоза дари масъулону ҳукуматиёни музофотӣ ба рӯи мардум боз аст, ба хонандаи худ гузориш бояд диҳем. Роҳи шаҳр ҳамвор, ҳаво мусаффо ва симои Левакант мисли ҳамеша тозаю озода ба назар мерасид. Аз канори роҳҳо дарахтон, гулҳо ва ободкориҳое дида мешуданд, ки солҳои охир симои шаҳрро дигар кардаанд. Бесабаб нест, ки имрӯз Левакантро яке аз шаҳрҳои пешрафтаи вилояти Хатлон мегӯянд.
Толори хурду умеди калон
Баъди расидан ба бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ба толори хурди қабул ворид шудем. Толор чандон калон набуд, аммо ҳар касе, ки он ҷо нишаста буд, бо худ 1 умед, 1 мушкил ва 1 дард оварда буд. Чеҳраҳо ором менамуданд, вале аз нигоҳҳо эҳсос мешуд, ки ҳар кас ҷавоб мехоҳад. Касе барои кумак омадааст, касе барои адолат ва касе танҳо мехоҳад суханашро касе бишнавад.
Пас аз чанде Раиси шаҳри Левакант Мастура Табарӣ вориди толор шуд ва қабули шаҳрвандон оғоз гардид. Дар қабул намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Раёсати палатаи савдо Назарзода Ҳоким низ иштирок дошт. Ба гуфтаи масъулон, иштироки намояндаи ҳукумат ҳар ҳафта баргузор мешавад, то масъалаҳои мардум бевосита шунида шаванд.
4 муроҷиату 4 сарнавишт
Ин рӯз дар толор ҳамагӣ 4 нафар шаҳрванд ҳузур доштанд. Шояд аз нигоҳи рақам ин кам бошад, аммо пушти ҳар муроҷиат 1 зиндагӣ меистод.
Аввалин муроҷиаткунанда Ғоибова Дилрабо буд. Зани нобино, ки чанд вақт пеш барои ҷарроҳӣ муроҷиат карда будааст. Ин навбат ӯ барои шикоят не, балки барои изҳори миннатдорӣ омада буд. Дар чеҳрааш оромӣ дида мешуд. Шояд ҳамин гуна лаҳзаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан 1 дастгирии одӣ метавонад зиндагии инсонро дигар кунад.
Муроҷиати дуюм аз ҷониби Нигина Ёрова садо дод. Ӯ бо умеди кӯмак ва дастгирии иҷтимоӣ омада буд. Суханҳояш зиёд набуданд, аммо аз ҳар ҷумлааш эҳсос мешуд, ки зиндагӣ осон несту имрӯз халқ дар симои онҳо пуштибону роҳшунави худро мебинад.
Сипас масъалаи дигар ба миён гузошта шуд. Шикояти 1 модар аз омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1. Ба гуфтаи ӯ, фарзандаш аз ҷониби омӯзгор таҳқир мешудааст ва муносибати дуруст намебинад. Ва маҳз ҳамин ҷо савол пайдо мешавад. Агар масъала ба маориф дахл дорад, чаро намояндаи соҳаи маориф дар толор нест?
Қабули шаҳрвандон – бе масъулон?
Ҳангоми мушоҳида маълум шуд, ки дар толори қабул аксари роҳбарони ташкилоту идораҳо иштирок надоранд. На роҳбари беморхона, на масъули маориф, на роҳбарони дигар сохторҳои давлатӣ ва ҳатто муовинони раиси шаҳр низ ҳузур надошт. Дар толор танҳо роҳбари ҷамоати шаҳрак ва роҳбари дастгоҳ дида мешуданд. Ҳатто масъули бахши танзими анъана ва ҷашну маросим, ки чанде пеш таъин гардидааст, дар қабул иштирок надошт. Ва ҳамин ҷо як фикр ба миён меояд, ки оё қабули шаҳрвандон танҳо барои шунидани муроҷиат аст ё барои ҳалли он? Зеро вақте шаҳрванд ба мақомоти давлатӣ меояд, ӯ танҳо қабул шудан намехоҳад, ӯ ҳалли масъала мехоҳад.
Левакант шаҳре бо нишондиҳандаҳои баланд
Бо вуҷуди ин, бояд ҳақиқатро гуфт, Левакант имрӯз дар бисёр самтҳо аз шаҳрҳои пешсафи вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Нишондодҳои иқтисодӣ худ шаҳодат медиҳанд. Нақшаи содирот 108 фоиз иҷро гардида, шаҳр ҷойи аввалро дар вилояти Хатлон соҳиб шудааст. Истеҳсоли пилла низ ба 101 фоиз расидааст. Содироти пиёз то 80 фоиз иҷро гардида, маҳсулот асосан ба Федератсияи Россия, аз ҷумла шаҳри Уфа, фиристода мешавад. Тавассути кооперативҳои содиротӣ зардолу, олу ва дигар меваҳои маҳаллӣ ба хориҷи кишвар бароварда мешаванд. Ин рақамҳо тасодуфӣ нестанд. Пушти онҳо заҳмати мардум, деҳқон, соҳибкор ва роҳбарият меистад. Шаҳр воқеан обод аст. Кӯчаҳо тоза, муҳит ором ва корҳои созандагӣ назаррасанд. Ҳатто дар соҳаи иттилоот низ шаҳр фаъол арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи масъулон, нақшаи обуна ба рӯзномаи СССР ҳамасола 100 фоиз иҷро гардида, шаҳри Левакант аз аввалинҳо мешавад, ки ба газетаи мардумӣ обуна мегардад.
Раисе, ки бо мардум забон меёбад
Аммо дар баробари ҳамаи рақамҳо, 1 нуқтаи дигарро бояд махсус гуфт. Раиси шаҳри Мастура Табарӣ, ба мушоҳидаи мо ва гуфтаи сокинон, дар муносибат бо мардум бисёр самимӣ, хоксор ва инсонгаро мебошад. Ӯ пайрави мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон буда, дар рафтору гуфтор кӯшиш мекунад бо мардум наздик бошад. Дар ҷараёни қабул ин чиз равшан эҳсос мешуд: гуфтугӯ ором, муносибат эҳтиромона ва гӯш додан бо сабру таҳаммул. Чун аз қабули пешини раиси шаҳр аз чанде сокинон пурсон шудем, бисёре аз шаҳрвандон мегӯянд, ки аз мақомоти шаҳр ноумед берун намебароянд. Шояд на ҳамаи масъалаҳо якрӯза ҳал шаванд, аммо муҳим он аст, ки мардум эҳсос мекунад касе ҳаст, ки суханашро мешунавад. Ва шояд ҳамин хислат аст, ки мардум бештар роҳбарро бо инсони заминӣ буданаш ба ёд меоранд, на танҳо бо вазифа.
Қабул ё оинаи давлат
Қабули шаҳрвандон танҳо 1 нишасти корӣ нест. Ин оинаи муносибати давлат бо мардум аст. Чун рақамҳо, ҳисоботҳо ва нишондиҳандаҳо пеш гузошта мешаванд. Тарафи дигар мардум, зиндагӣ ва дардҳо. Ва маҳз дар ҳамин толор ин 2 самт бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Яке рӯйи ҳокимият дигаре аз халқ. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ки ҳанӯз соли 1996 қабул гардидааст, таъкид мекунад, ки ҳар шаҳрванд ҳақ дорад мустақиман ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд. Аммо муҳимтар аз қабул ҳалли масъала аст.
Ба ҷойи хулоса
Левакант имрӯз шаҳрест пешрафта, бо иқтисоди рушдкунанда, бо нишондиҳандаҳои баланд ва муҳити обод. Аммо муҳимтар аз ҳама, дар ин шаҳр ҳанӯз муносибати инсонӣ бо мардум эҳсос мешавад. Шояд ҳамаи роҳбарон дар толор набошанд. Шояд баъзе масъулон ҳанӯз масъулияти худро пурра дарк накарда бошанд. Аммо вақте шаҳрванд аз дари қабул бо умед мебарояд, ин худ нишонаи он аст, ки миёни давлат ва мардум пуле бо номи боварӣ вуҷуд дорад. Мо Метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон
