Ба деҳаҳои Мазори Шариф, Варзиканд, Амондара, дараи Шинг, шаҳри Панҷакент ва Саразми бостонӣ борҳо сафар карда будам, аммо ин бор сафари мо рангу мазмуни дигар дошт.
Шоми 18-уми май, баъд аз рӯнамоии китоби рӯзноманигор ва муҳаққиқи варзида Шарифи Ҳамдампур бо номи «Агар…», ки бозгӯи зиндагиномаи пурпечутоби мусиқишинос ва композитори маъруфи тоҷик, устод Толибхон Шаҳидӣ буд, баргаштем ва ману Иброҳимҷон, Бузургмеҳр ва Одил сари як пиёла чой нишастем. Ҳамон рӯз зодрӯзи Одил низ буд. Дар ҳамон ҷо тасмими сафар ба ҷашни 85-солагии устод Лоиқ ба миён омад.
Шаби 19-уми май Одил паёмаки кӯтоҳе навишт:
«Тоҳир, салом! Пагоҳ соати 17:30 меравем, дер накун!»
Субҳи 20-ум, соати 7 ба ӯ занг задам, ки чаро соати 17 меравем? Магар дер намешавад? Ӯ дар ҷавоб гуфт:
-Ман бояд 05 менавиштам, 17 навиштаам.
Хулоса, Одил алакай дар роҳ буд ва ман низ соати 07:30 ба самти деҳаи Мазори Шариф роҳ пеш гирифтам.
Соати 10:58 ба зодгоҳи шоири бузургу нотакрори миллат устод Лоиқи зиндаёд расидам. Деҳаи Мазори Шариф комилан фазои идона ва тӯёнаро дошт: издиҳоми мардум, гулгузорӣ назди пайкараи фарзонафарзанди миллат, сайру тамошои Хона-музейи устод, зиёрати мақбараи Муҳаммади Башоро ва зиёфат дар зери сояи дарахтон. Ҳамаи ин бо хониши руҳнавози Афзалшоҳи Шодӣ ҳамроҳ шуда, ба табиати дилфиреби деҳа ҳусни дигаре мебахшид.
Дар ҳавлии Хона-музей аввалин шуда бо Иброҳимҷон вохӯрдам. Ӯ расмҳои кашидаи маро, ки бо худ оварда будам, гирифта, ба ҷамъе аз меҳмонон нишон дод. Устод Абдунабӣ Сатторзода тасвири «Се дӯстони ҷамолакӣ»-ро ба даст гирифта, дигарон ба аксбардорӣ шуруъ карданд. Баъдан акси алоҳидаи устод Лоиқро дар дохили хона ба масъулон бародар ва фарзанди устод ҳадя намуда, бо гурӯҳе аз дӯстон ба зиёрати Муҳаммади Башоро рафтем.
Дар ҳавлӣ ва атрофи мақбара зиёфати одии тоҷиконае ороста буданд, ки меҳмонон пайи ҳам нишаста, бармехестанд. Дақиқтараш, барои дамгирӣ ва суҳбат муҳайё шуда буд. Дар гӯшае дастгоҳи садо бо мусиқии ором ба атрофиён ғизои маънавӣ мебахшид.
Дар болои кате модари азиз ва шоҳдухтари устод Лоиқ устод Фарзонаи Хуҷандиро дида кӯтоҳ сӯҳбате кардам, ки ҳамроҳи муаллима Хайринисо Юсуфӣ ва шоира Меҳринисо нишаста буданд. Баъдан Шоираи Раҳимҷон ва муаллима Амина аз Самарқанд ба маҳфил омада расиданд.
Дар кати дигаре бо устод Озарахш суҳбати кӯтоҳе анҷом додам. Ӯ ҳамроҳи Шарифи Ҳамдампур ва Муҳаммаддовуд Саломиён нишаста буд.
Бародари азиз ва рӯзноманигори шинохта Суҳроби Зиё низ онҷо буду ҳамаи ин лаҳзаҳоро гоҳ сабт мекарду гоҳ акс мегирифт…
Соати 13:18 эълон карданд, ки ба шаҳри Панҷакент меравем. Бо автобус ба роҳ баромадем ва назди меҳмонхонаи «Рӯдакӣ-Плаза», ки дар даромадгоҳи шаҳр воқеъ аст, расидем. Баъди ҷойгир шудан, соати 13:52 ба назди пайкараи устод Лоиқ, ки дар як мавзеи зебои шаҳр ҷойгир аст, рафтем.
Он ҷо раиси шаҳр, инсони соҳибдилу фарҳангпфрӯз муҳтарам Абдухолиқ Холиқзода ва гурӯҳе аз меҳмонон барои поси хотир гулгузорӣ намуда, аксҳои хотиравӣ гирифтанд. Сипас барои иштирок дар Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Тоҷикистон мазҳари ман” вориди Қасри фарҳанги ба номи Лоиқ Шералӣ шудем.
Ҳамоишро раиси шаҳри Панҷакент оғоз намуд ва баъд намояндагони ҳукумати вилоят, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар шогирдону дӯстони устод Лоиқ ба минбар баромада, суханрониҳои пурмуҳтаво карданд. Дар анҷоми ҳамоиш дӯсти устод ва шаҳбонуи назми муосири тоҷик устод Гулрухсор низ ҳозир шуда, бо чанде аз хотираҳои сабз аҳли толорро ба ин муносибат таҳният гуфтанд.
Баъд аз хӯроки шом, назди парчами шаҳр бахши фарҳангии чорабинӣ баргузор гардид. Суханронӣ, қироати шеър ва сурудҳо аз ашъори устод Лоиқ пешкаши ҳамагон шуданд. Ҳама чиз дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид.
Ҳар се бахши чорабинӣ зиёрат ба Мазори Шариф, конфронси илмӣ ва барномаи фарҳангӣ, ки ба муносибати 85-солагии устод Лоиқ Шералӣ бахшида шуда буданд, хеле хуб ва хотирмон гузаштанд. Мо ҳатто нафаҳмидем, ки рӯз чӣ гуна сипарӣ шуд. Ба қавли худи устод Лоиқ:
«Бехабар мондем, то дидем, фарсахҳо гузашт».
Субҳи 21-ум, баъд аз субҳона, ба зиёрати мақбараи устод Рӯдакӣ ба деҳаи Панҷрӯд рафтем. Дар қадамҷойи устод Рӯдакӣ муаллимаи азиз Гулрухсори Сафӣ суханрониҳои бисёр хубе карданд, ки ҳамаи онҳоро Суҳроби Зиё ва акои Шероз Саъдуллоев сабт намуда қисман пешкаши мардум намуданд. Устод Баҳодури Неъмат ва апаи Орзугул Хӯҷамова низ бо иҷрои сурудҳо ба ашъори устод Рӯдакӣ хотири ҳозиронро шод гардониданд.
Ду-се соат аз ҳавои фораму руҳбахши Панҷрӯд ҳаловат бурдем ва баъдан роҳ ба сӯи Душанбе пеш гирифтем.
Саодати асосии ин сафар дар он буд, ки бо беҳтарин чеҳраҳои ошно ва дӯстдоштании кишвар ҳамсафар будем, аз забони онҳо суханону маълумоти арзишманд шунидем ва ҳамзамон аксҳою наворҳои зиёде гирифтем.
Мақсад он аст, ки ба ҳар гӯшаи ишорашуда метавон дар ҳар вақт сафар кард, аммо бе ин шахсиятҳои номбурда, бе он руҳияи идона, бе суханҳои ноб ва бе он шукӯҳу шаҳомати хос, сафари мо ҳаргиз чунин рангину хотирмон намешуд.
Бо ҳамин шеъри устод Гулрухсор мехоҳам ба навиштаам нуқта гузорам:
Атри ҷӯйи Мӯлиёну накҳаташ,
Мо зи шеъри Рӯдакӣ бӯидаем.
Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем,
Мо зи дарди Рӯдакӣ рӯидаем.
Шаби 22.05.2026, соати 02:48
Тоҳир Назар,
хоса барои ҳафтаномаи СССР
