Чун гадоӣ чизи дигар нест ҷуз хоҳандагӣ,
Ҳар кӣ хоҳад, гар Сулаймон аст в-ар Қорун, гадост!!!
Ҳафтаи пор, дӯсти ҷавони ватансозам, генерал Шоҳрух Саидзодаро дидам, ки гуфт, «кӯмаки Шумо ба мо сахт лозим аст!». Ҳайрон мондам, ки аз мо чӣ кумаке метавонад ба Милисаи №1, Раиси Раёсати ВКД дар пойтахт бирасад, ки хандиду гуфт:
–Мо бо гадову талбандаҳо мубориза бурда истодаем, ки воқеан ҳам аз ҷаври онҳо на меҳмон рӯз дорад дар пойтахту на мизбон оромӣ. Вале бо доштану ҷаримаву ҳатто ҳабси муваққатӣ кор тамом намешавад. Бояд мардуми мо ба гадову талбанда…хайру садақа накунад! Танҳо дар ана ҳамин сурат мо метавонем пойтахти кишвар ва тамомии шаҳру навоҳиро аз ҷӯгиву талбандаву гадову сақо поккорӣ кунем. Яъне кори фаҳмондадиҳӣ, ин аллакай масъулияти ВАО мебошад…
Сари ин гуфтаи Шоҳрух Саидзода бояд ҳар сокини ҶТ андеша кунад. Зеро воқеан ҳам миллатҳои сахӣ соҳиби гадову талбандаи касбиянд. Фарзи мисол, ҷӯгӣ дар Тоҷикистону Самарқанду Чочу Бухоро, сиганҳо дар Русия лӯлиҳо дар Ҳиндустон садсолаҳо ба сар мебаранд.
Устоди ҳунарманди мо Нуруллоҳи Абдуллоҳ мегӯяд, ҷӯгиву лӯливу сиганҳо халқияте ҳастанд, ки дар таркиби миллатҳои қадима реша давонидаву мисли шулук аз ҳисоби дигарон ба сар мебаранд. Ӯ ҳам русу Тоҷикону ҳиндувонро ба мисол мегирифт. Вале дар аксари давлатҳои дигар гадову талбанда нест. Зеро мардумонаш хайр намекунанд: ”ба гадоҳо тем более”-гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ.
Воқеан ҳам Бобои Ғулом ба талбандаҳо, ба вежа гадобаччаҳо ҳаргиз хайр намекард, зеро мегуфт ӯ, “аз бобоҳоям шунидаам, ки садақа бар кӯдак дилашро ба пули муфт гарм ва ояндаашро ба гадоӣ нарм мекунад”. Бобои бобои Бобои Ғулом 200% ҳақ асту рост. Зеро мо, тоҷикони имрӯзин, ки бар атфоли лӯлиҳо хайру садақа мекунем, пас онҳоро ба касби гадоӣ таҳрик медиҳем.
Усулан миллатҳое, ки гадоӣ мекунанд ва ин пешаро касби аждодӣ хондаанд, мусулмон нестанд! Ин, ки ҷӯгиҳо қуръон мехонанду сиганҳо салиб мекашанду лӯлиҳо дар пешонаи сар холи сурхи ҳиндӣ мемонанд, танҳо барои фиреби назари хайркунанда аст. Зеро барои ин турфа мардум динҳои Худо ва истифода аз онҳо танҳо барои пулкоркунист.
Шояд ҷӯгиву сиганпарасте мисли оппозитсионеркаҳои аврупоӣ, маро боз ба суди Гаага ҳам кашиданӣ шаванд, ки манофеи ин ақаллиятҳоро поймол мекунам. Воқеан ҳам 1-2 тирмизак борҳо дар ин бора менавиштанду 3-4 “неудачник”-и дигари ҳамюбкаҳояшон дар дохил дастгиришон мекарданд. Вале ту дониву Худо, хонанда, росташро бигӯй, оё ман ҳаққи ин ақаллиятҳоро поймол мекунам, ки намехоҳам сар аз тифли ширмак то пири 100 сола танҳо бо гадоӣ ба сар баранд ва ё ин тирмизакҳои бешавҳари аврупоӣ, ки мехоҳанд ҷӯгиҳо танҳову танҳо бо касби бобоӣ, яъне талбандагӣ рӯз кӯр кунанд? Суоли риторикист ва баҳс мехоҳад. Нависед ва мо нашр мекунем. Мо Метавонем!
Ҷои зикри вежа аст, ки ҷӯгиҳои “гастролёр”-и мо обрӯи имллатро на танҳо дар пойтахту акнофи он мерезонанд, ки дар хориҷи кишвар, ба вежа Россия низ имиҷи миллати моро костан доранд. Зеро инҳо дар паспорт муҳри “таджик” доранду дигар ба кадом урус мешавад исбот кард, ки ҷӯгӣ тоҷик несту унҳо аз қавми браҳманҳои ҳиндувонанд ва мо аз табори ориёно? На-ме-ша-ваддд!!!
Воқеан ҳам чаро гуфтем, гадоҳои касбӣ мусалмон нестанд? Зеро ҷӯгӣ, агар худро ҳамакаса овезем ҳам, Тоҷик нест охир! Дар даврони СССР рости миллати инҳо “лицо без гражданства” менавиштанд, то Тоҷик таҳқир нашавад. Вале мо бо 2 дасти адаб ва бо ифтихор, шарафи миллиро резонида, онҳоро “таджик” менавсием. Гуфти бобои Сангак Сафарови таърихӣ “конса да консов”, шумо ҷӯгиеро дидаед, ки намози ҷумъа ояд? Ба гадоӣ не! Барои намоз хондан! Шояд 1-2 нафар ояд, вале инҳо ҳамонҳое мебошанд, ки воқеан ҳам зертаъсири ислом ва бо дарки андеша ба ин дин бупайвастаанд. Ман, Худо нишон надиҳад, зидди ягон дину мазҳаб нестам. Вале фактро мегӯям, ки қавмҳое талбандагиро касаба кардаанд, мусалмон нестанд ва агар низ ҳастанд, пас мусулмони комил наянд.
Зеро пайғамбари Ислом танҳо ба 3 фирқа мардум ва он низ муваққат, ба орият, сареҳатан иҷоза додааст, то гадоӣ, талбандагӣ кунанд.
Дар ҳамин бора чанде пеш сухбате доштам, бо яке аз донишмандони фиқҳи ҳанафӣ, ки ин ҷо онро мекорам:
Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов олими фарҳехтаи фиқҳи ҳанафӣ аз хотироти хеш қисса мекунад, ки Мулло Шариф Одиназода, маъруф бар тахаллуси Сомеъӣ, ки аз ситораҳои уфуқи мазҳабу дин буданд, дар солҳои шӯравӣ бар шогирдону муридону шодихӯрдагон тавсия медоданд, ки бо гадову талбанда тамомии алоқаву тамосро баркананд ва меафзуданд:
-Аз ҷӯгӣ, талбанда, ягон чиз ҳатто нахаред, ки касрат, бадбахтӣ меорад. Зеро гадоӣ дар Ислом ҳаром аст!
Зимнан ба самъи хонандаи СССР мерасонем, ки гадоиву талбандагиву ҷӯгигариро пайғамбари Ислом сареҳатан манъ кардаву фармудаанд, ки 3 нафар ҳаққи талбандагии муваққатӣ доранд:
- Одаме, ки дар гарданаш дият воҷиб шудааст. Ди(й)ят дар луғат чунин эзоҳ мешавад:
-хунбаҳо, товони хун, маблағе, ки қотил ба наздикони мақтул медиҳанд.
Фарзи мисол, нафаре новоқиф бо мошин касеро зер карда мекушад. Ё дар шикор сӯе тир мекушояд, ки бар нафаре мерасад. Ислом бисёр дини гумонистист. Зимнан қатли нохоста, куштори тағофулиро ҳукми ҷазои зиндон неву ҷаримаи хунбаҳо мекард. Масалан, вориси мақтул мегӯяд, 100 шутур дияти падарам. Ва ин нафар 80 шутур дорад. Вале бояд 20 шутури дигар пардохт кунад, то хуни ноҳақ аз доманаш рӯзи қиёмат шуста гардад. Пас, дар зарурат, ӯ ҳаққу ҳуққ дорад, ки талбад, пурсад, гадоӣ кунад. Вале то даме, ки диятро комил кард. Ҳамин ки хунбаҳоро пур кард, дигар бар ӯ гадоӣ манъ мешавад!
- Нафаре, ки воқеан ҳам қарздор аст! Пайғамбар мегӯяд, агар қарздор барои адои қарзи худ, талбад, иҷозат аст. Вале низ то пардохти қарзаш. Қарзро, ки пардохт, гадоӣ бар ӯ манъ аст!
- Одаме, ки 1-рӯза хӯрока надорад, вале ин ҳам дар ҳолате, ки маъюб аст, чашму дасту пой надорад ва наметавонад бо меҳнати хеш ғизо ба даст оварад. Вале аз ниёз агар дур шуд, бояд думболаи кору меҳнати ҳалоле шавад, то касби рӯзӣ кунад.
-Яъне-афзуд ҳоҷӣ Мирзо-мусалмон набояд гадоиро касб пеша кунад!!!
Воқеан ҳам ин танҳо мо-тоҷикон мусулмонони Гадопарастем. Дар кишварҳои арабӣ гадоӣ ҷиноят аст. Дар Дубай бори аввал гадоеро қаппанд то 3000 доллари амрикоӣ ҷарима мекунанд. Дар ҳолати такрори ин русвоӣ то 3 сол гадо зиндон мешавад. Ва ҳамин аст, ки дар Аморати Араб гадову талбанда нест. Агар чунин сахт намегирифтанд, кӯчаву хиёбони Дубай саршори гадову талабанда мешуд. Зеро, рафтагиҳо нек медонанд, сафи ҳиндуву банғолӣ ва филипинӣ дар ин кишвар хеле зиёд аст. Ҳамун қавму қабоилеро барчидам, ки дар… Саъудӣ гадоӣ мекунанд. Дуруст аст, ки талбандагӣ ин ҷо низ ҷазо дорад. Аммо онҳо бо истифода аз статуси Каъба, гирди Хонаи Худоро, ки ҳарам аст, печидаву пинҳонӣ гадоӣ мекунанд. Чиугна? Бо ҷорӯбу белу хаскашак рост меистанд, гӯиё поккорӣ доранд, вале ноайён 1 дасташон сӯи ҳоҷиюн дароз аст. Ва аксарияти ҳоҷиюни тоҷик, ки фарҳанги Гадопарастӣ дорем, ба онҳо пул медиҳанд. Дигар қавмҳо хеле камтар…
Шоирони Гадопараст
Чӣ саг бошам, ки оям, устухоне хоҳам аз кӯят,
Вале хоҳам, ки аз баҳри сагонат устухон бошам!!!
Ба таҳқиқ 1 сабаби дигари ривоҷи фарҳанги Гадопарастӣ ин шуарои клоссики мо мебошанд, ки ҳамеша худро гадои васлу талбандаи бӯсаву лӯлӣ-ҳиндуи холу хатт мегирифтанд. Дар ҳамин байте, ки ҳоло мутолиа кардӣ, хонандаи ман, ҳазрати Ҳилолӣ ирсоли масали «Саг душмани гадо»-ро пардапӯшона бо истиора корбаст кардааст. Яъне шоир худро онгуна гадои васлати ёр мегирад, ки мехоҳад устухонашро сагҳои маҳбуба хӯранду пеши ёр раванд ва шояд нигори сангдил сагашро силла кунад ва шоир кайфийяти рӯҳ вардорад.
Абдурраҳмони Ҷомӣ фаросутар мераваду менависад:
Ишқ асту бас, ки дар 2 ҷаҳон ҷилва мекунад,
Гоҳ аз либоси шоҳу гаҳ аз кисвати гадо.
Аввалӣ паст намеояд:
Чун Ҳилолиро ба хоки остонаш дид, гуфт:
Ин гадоро бин, ки бас олиҷаноб афтодааст.
Ё худ:
Ҳазор нома навиштам мани гадо, лекин
Яке ба ҳазрати султон намерасад, чи кунам?
Танҳо алоқаманадони шеъри тасаввуф медонанд, ки шуаро зери вожаи ГАДО таоман чизи дигарро дар назар доранд, на талбандагиву ҷӯгигариву лӯлипешагиро. Вале ба кӣ мегӯй? Авомуннос инро дигар хел фаҳмидаву дигар хел рафтор мекунанд. Ва агар аҳамият додаӣ, хонанда, дари меҳмону тарабхона, корвонсаройу истгоҳу масоҷидро усулан гадову талбандаҳо, ба вежа ҷӯгиҳо фарогир мепечанд. Сабабаш медонед дар чист? Дар ана ҳамон гуфтаи генерал Садизода. Ва агар мехоҳе(м)д, гадову талбанда, ҷӯгиву сигану лӯлӣ (воқеан ҳам ҳоло суфуфи сиганҳо дар кишвари мо афзуда истодааст!) аз шаҳри дӯстдоштании мо гум шаванду ҷодаҳо пок ва кӯчаву хиёбонҳо табассумбоғ, ҳамагӣ 1 кор кунед:
-Ба ҷӯгӣ, гадо ва талбандаи касбӣ, ба вежа кӯдакон хайр накунед!!!
Натарсед, ин кори шумо ба ислому дину мазҳаб ЯГОН дахле надорад ва гуноҳ ҳам нест. Зеро пайғамбари муҳиббамон (с.) инро намехост.
PS: Ҳоло ман агар факти дигареро гӯям, ки ҷӯгиву талбандаҳои «ЦЕНТР» дар маркази пойтахт, 4-5 нафар 2-2,5 ҳазорӣ пул партофта (8-10 ҳазор сомонӣ), квартираҳои люкс иҷора мегиранду шабона «проституткаҳои валютный» «снимат» мекунанд, даҳонатон то бехи гӯш во мемонад. Ва ин ҳама аз ҳисоби кӣ? Аз ҷайби ману ту, ки аз тарси Худо ба ин Худонотарсон хайру садақа мекунем. Аммо ин тамоман мавзуъи дигар аст, ки сари он бармегардем. Мо Метавонем!
PS/PS: 08.10.2024. Соат ба вақти Душанбе 14:43 дақиқа. Худо шоҳид, ҳамин ҳоло, ки ин матлабро менавиштам, 1 талбандаи профессионал, ки 17 сол шуд ба гадоӣ меояду ӯро тамомии кормандони СССР мешиносанд, занг задаву гуфт, дигар омада наметавонам, ба рақамҳои Душанбе–Ситиям ба ман 50 сомонӣ гузаронед. Ва медонед, баъди навишти ана ҳамин матлаби бо факту далели зидди талбандагӣ ман чӣ кор кардам? Оре, аккурат, розӣ шудам. Зеро ман низ Гадопарастам, мисли якояки шумо. Мо Метавонем!
