ДАР ЯК САТР

   – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба судяҳои кишвар 1 сол муҳлат дод то забонҳои хориҷӣ, аз он ҷумла русӣ ва англисиро омӯзанд.

   – Рустами Эмомалӣ, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба СММ пешниҳод намуд, ки “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” расман эълон гардад.

    – Тибқи итиллои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар теъдоди бекорони расман ба қайд гирифташуда дар соли 2023 дар мамлакат 48,3 ҳазор нафарро ташкил дод.

   – Дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 тарифҳои об барои обёрӣ дар бахши кишоварзӣ ба андозаи 150% зиёд шуданд.

   – Кумитаи рушди сайёҳии кишвар эълон дошт, ки дар соли 2023 ба Тоҷикистон 1 миллиону 256 ҳазор сайёҳ омад: ба ин омор тоҷиконе ҳам дохил мешаванд, ки паспорти хориҷӣ доранд…

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube