Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наздик намудани робита бо нафақахӯрони кишвар ва осон намудани кори онҳо Маркази тамосро таъсис намуд. Маркази тамос дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ифтитоҳ ёфта, он имкон медиҳад, ки нафақахӯрон ва корафтодагон зимни пеш омадани мушкил ва ё барои маслиҳату машварат бевосита ба он муроҷиат намоянд.
Марказ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ, бобати қонеъ гардондани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ, расондани ёрӣ ва тавсия ба шаҳрвандон, маъюбон, пиронсолон, маҳрум гардидан аз саробон, баррасии мушкилиҳои шаҳрвандон ҳангоми муроҷиат дар асоси қонунҳои соҳавии низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин, дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории нафақа ва рушди соҳа фаъолиятро ба роҳ мемонад.
Тамос бо Марказ тавассути рақами кутоҳи 3900 имконпазир буда, ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон тавассути телефони мобилӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъини нафақа аз рӯи маъюбӣ, синну сол, маҳрум шудан аз саробон ва пас аз таъин гардидани нафақа идома додани фаъолияти меҳнатӣ, пешниҳоди ҳуҷҷат барои бозҳисобии нафақа аз ҷониби операторони Марказ пурра ва сари вақт посух дода мешавад.
Зимни ифтитоҳи Марказ Абдураҳмон Ҳалимзод – директори Агентӣ, Дилмурод Давлатзода – собиқадори соҳа, Мералӣ Бодуршозода – муовини директори Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамӣ, инчунин кормандони Марказ иштирок намуданд.
Тавре ба мухбири мо дар Агентии мазкур иттилоъ доданд, ҳамзамон, аз тарафи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барномаи “Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон” таҳия гардидааст, ки барои пешбурди пардохти нафақа ба таври автоматӣ тавассути Корхонаи воҳиди давлатии бонки амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” аз моҳи марти соли 2025 дар доираи лоиҳаи таҷрибавӣ пардохти муттамаркази нафақаро дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва ноҳияи Файзобод роҳандозӣ намуд. Тибқи нақша, Агентӣ тасмим гирифтааст, ки то моҳи сентябри соли 2025 дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба пардохти автоматикунонии нафақа тавассути КВД БА ҶТ “Амонатбонк” пайваст намояд.
Марҳамат, занг занед!
Ҷ. Мақсуд, СССР