Ҳисор: мумфаршкунии роҳи деҳаи Шопур

28.06.2025. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Шопури Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор бо иштироки мардум ба маъракаи мумфаршкунии роҳи деҳа ҳусни оғоз бахшида шуд. Дар ин маърака раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода низ ширкат намуда, сокинони деҳаро бо ин амали хайр табрик намуд.

Ҷаббор Носирзода бо дуои пирони кор ҳиссаҳои аввалини мумқирро рӯи роҳ пошида, орзуи онро карданд, ки роҳи мазкур бо сифати баланд таъмир шуда, ҳамчун пайвандгари дилҳо, солҳои дароз ба меҳмонону сокинони шаҳр хизмат намояд.

Раиси шаҳр ба ташаббускорони иқдом-соҳибкорону сокинони деҳаи Шопур, ки дар пайравӣ ба корҳои созандаву ободонии Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти олии кишвар бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба ободонии диёр камар бастанд, изҳори сипос намуд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube