Хони аввал. Иннопром
Сар аз соли 2010 дар шаҳри Екатеринбурги Россия «Намоишгоҳи байналмилалии саноатии Иннопром» баргузор мешавад, ки дар он даҳҳо кишварҳои олам маҳсулоти корхонаҳои саноатии худро ба маъраз мегузоранд. Тоҷикистон иштирокчии ҳамешагии ин намоишгоҳ буда, ҳамчун давлати узв дар ин чорабинии муҳташам мақоми хос дорад. Ширкати сарвазири Россия ва баромади ӯ дар ҳузури намояндагони кишварҳои ширкаткунанда мақому манзалати ин намоишгоҳро албатта, даҳчанд мекунад. Дастандаркорон сол то сол мекушанд дар доираи ин намоишгоҳ чорабиниҳои дигарро таъсис бидиҳанд, то он боз диданитар ва ҷолибтар шавад ва барои аввалин маротиб имсол «Ҷоми Иннопром 2024» – ро роҳандозӣ намуда, 3 даста аз кишварҳои узвро ба он даъват намуданд, ки бахти ширкат дар ин мусобиқа ба рӯи «Равшан»- и Кӯлоб хандид. Тамоми сафар ва будубоши дастаҳо аз ҳисоби дастандаркорони «Иннопром» буд, аммо нақши ФФТ ва сарпарастони «Равшан», ба вежа ширкати «Ҳоҷӣ Шариф» ва IM GROUP”- ро дар сафарбар намудани даста ба ин мусобиқа бояд вежа зикр кард.
Хони дуюм. Бидуни сармураббӣ
Мо тавассути хатсайри чартерӣ ба Екатеринбург рафтем ва ғайр аз бозингарони дастаи «Равшан», чанд нафар аз сарсупурдатарин мухлисони даста ва ман намояндаи МД Телевизиони «Варзиш» ва муаллифи барномаи “Футболи тоҷик” ҳам «Равшан»-ро дар ин сафар ҳамроҳӣ кардем. Алӣ Масъуд Назарзода, иҷрокунандаи сармурабии «Равшан» бо иллати масоили хонаводагӣ бо даста набуд ва ин вазифаро мураббии дарвозабонҳо Амоншо Содатсайров иҷро мекард. Ҷои зикр аст, ки бо сабабҳои амнияти сиёсӣ бозигарони укроинтабори калидии дастаи мо низ ба Россия нарафтанд, ки ҷои таассуф аст. Зеро футбол ҳам дар асри 21, мутаассуф, сиёсӣ шуд…
Хони сеюм. Истиқбол
Азбас, ки «Равшан» на ин, ки Кӯлоб, балки Тоҷикистонро муаррифӣ мекард, мо «калонтарҳо» бачаҳоро «инструктаж» гузаронидем. Зеро ин Россия асту бо сабабҳои маълум бархурд ба мо андаке вақтҳои охир мутаассифона бад аст ва иззати миллиро ҳифз кунед!. Моро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Екатеринбург бо нону намак истиқбол гирифтанд ва тавассути автобуси махсус, ки аллакай нишони дастаи «Равшан» дар он насб карда шуда буд, то меҳмонхонаи панҷситорадори «Конгресс- отел» бурданд. 40 нафар, 7 рӯз дар хонаҳои алоҳидаи бо тамомии шароити беҳтарин муҳайё зиндагӣ кардем.
Хони чорум. Екатеринбург
Акнун чанд ҳарф дар бораи ин шаҳр. Екатеринбург чорумин калонтарин шаҳри Россия буда, дар болои 7 теппа бунёд ёфта аст. Исми ин шаҳр ба малика Екатеринаи 2 тааллуқ дорад. Бунёди он бо ибтикори Пётри 1 ба соли 1723 рост меояд, ки асосгузори он Василий Татишев мебошад. Шаҳр дорои бузургтарин корхонаҳои истеҳсолӣ буда, марокизи савдову фарҳанг, порку театрҳо дар хизмати мардуманд. Дар ин ҷо замоне якумин президенти Россия Борис Елтсин котиби якуми ҳизби коммунист кор кардааст. Соли 1918 дар ин ҷо оилаи охирин шоҳи рус ба қатл расонида шуд, ки ин мавзеро одамони зиёде айни ҳол аз тамоми Россия зиёрат мекунанд. Дастаи футболии Екатеринбург дастаи «Урал» мебошад, ки мавсими гузашта аз Премер-Лигаи Россия афтид.
Хони панҷум. Ҷои нишасти Мбаппе
Дар ин мусобиқа ба ғайр аз «Равшан» дастаи «Қизилқум»-и Ӯзбекистон, «ИМТ» Сербия ва албатта «Урал»-и Россия ширкат карданд. Ҳар даста дар ин ҷом дар нимфинал бозӣ карда, дастаҳои ғолиб ба финал роҳхат гирифтанд.
«Равшан» дар бозии аввал дар «Екатеринбург – Арена» бо «Урал» бозӣ кард ва пештоз бояд бигӯем, ки бозиро бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 бохт. Албатта, барои дастаи «Равшан» муқобили «Урале», ки ҳамагӣ дина ба қавле муқобили «Спартаку» «Зенит», «ССКА»-ву «Динамо» бозӣ мекард, муқовимат кардан мушкил буд. Зиёда аз ин, «Урал» қариб, ки ҳайати асосии худро ба ин бозӣ баровард ва Ионов, Егоричеву Каштанов дар қиболи Раҳматшо Раҳматзода ва Холмурод Назаров худро моҳии дар об эҳсос мекарданд. «Равшан» то дақиқаи 20- ум поид. Зиёда аз ин, баъди 2 голи «Урал» агар Бахтиёр Зарифов ҳолатҳои голазании худро истифода мекард, шояд бозӣ комилан ранги дигар мегирифт, аммо касбияти бозингарони «Урал» аз худ дарак медод ва онҳо 5 тӯби бе ҷавоб ба дарвозаи «Равшан заданд. Албатта, бохт аз «Урал» фоҷеа набуд, илло ҳисоби бохт, ки андаке бузур шуд. Аммо бачаҳои «Равшан» ғайр аз касби таҷриба 1 таассуроти дигарро аз «Екатеринбург –Арена» бо худ бурданд. Гап сари ин, ки соли 2018 ҳини баргузории Чемпионати ҷаҳон дар ин майдон низ чанд бозӣ, аз ҷумла бо ширкати чемпиони онсолинаи ҷаҳон, мунтахаби Фаронса, баргузор шуд. Чун рамзи эҳтиром ба чемпион дар утоқи либосивазкуние, ки мунтахаби Фаронса будубош дошт, исми ҳайати тими Фаронса, аз ҷумла, Мбаппе, Погба, Гризман, Канте ва дигарон барои ҳамешагӣ навишта шудааст.
Хони шашум. Бозингарони нав
Албатта, ин ҷом барои дастаҳо, ки акнун дар таътили чемпионатҳои худ қарор доранд, ҳамзамон майдони санҷиши бозингарони нав буд ва «Равшан» бо истифода аз ин фурсат 3 бозингари нав – сербистонӣ Кристиан Мочич ва 2 бозингари тоҷики муқими Росси, Салам Ашӯрмамадов, ки дар яке аз дастаҳои «Медиа-Лига» – и Россия бозӣ мекард ва Ҷамшед Махсумовро санҷид. Албатта, тасмими даъвати онҳоро ситоди мураббиён ба мо ошкор накард, аммо аз рӯи мушоҳидаҳо ҳар 3 ҳам, ба вежа Мочич хеле хуб бозӣ карда, дар ғолибияти «Равшан» бар дастаи «ИМТ» саҳм гузоштанд. Ҳамчунин, роҳбарият бо эҳтимоли зиёд баъди ин мусобиқа ҳамкориро бо чанд бозингар қатъ хоҳад кард. Зеро бозӣ бо «Урал» ва «ИМТ» нишон дод, ки истеъдоди бархе бозингарон ба сатҳи Лигаи чемпионҳои Осиё комилан ҷавобгӯ нест. Аммо агар жарфтар назар кунем, барои ҳадди ақал баромадан аз гурӯҳ роҳбарияти «Равшан»-ро мебояд даҳони ҳамёни худро калонтар кушода, бозингарони сатҳи лозимаро ба даста биёрад, дар акси ҳол аз «Равшан» чизеро интизорр набояд шуд.
Хони ҳафтум. Шералӣ Кабир ва ғолибияти «Равшан»
Бозӣ барои ҷои сеюм миёни дастаҳои «Равшан» ва «ИМТ» баргузор шуд. Шояд ҳузури вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир, ки дар ин намоишгоҳ Тоҷикистонро муаррифӣ мекард ва губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев, ки ба хотири вазири мо ба ин бозӣ ташриф оварда буд, таъсир расонид, ки «Равшан» комилан бозии дигар нишон дод.
Ҳанӯз дар қисмати якум Самуэл Офори ва Бахтиёр Зарифов 3 гол ба дарвозаи ИМТ зада, тақдири бозиро ҳал карданд. Дар қисмати дуюм бошад, ранги бозӣ қариб, ки тағйир наёфт, илло 1 голи дигари задаи Азизбек Ҳайитов ба дарвозаи сербҳо. «Равшан» 4 гол ба дарвозаи ҳариф зада, дар ин мусобиқа мақоми 3-юмро гирифт. Ин нуктаро бояд гуфт, ки «Равшан» дар ин ҷо низ бидуни дастгирӣ намонд. Чи дар бозӣ бо «Урал» ва чи дар бозӣ бо «ИМТ» мухлисони Равшани муқими Екатеринбург моро сахт дастгирӣ карданд, ки сипос барошон. Мақоми аввалро «Урал» ва мақоми дуюмро «Қизилқум» гирифт…
Муҳим ширкат, худро нишон додану дигаронро дидан ва албатта, бозингарони навро санҷидану қудрату тавони худро дар чемпионат ва бозиҳои Лигаи чемпиогнҳои Осиё муаян кардан буд, ки фикр дорем «Равшан» ба он мувафақ шуд.
Акнун чанд ҳарф бидуни хон
Пӯшида нест, ки баъди ҳодисаи «Крокус Сити Холл» муносибат бо тоҷикон дар Россия ба қавле андаке тағйир ёфтааст. Шояд тоҷикон гуноҳ надоранд ва ё бад гаштани муносибат бо мо маҳсули «аз мост, ки бар мост». Аммо ман он чизеро мегӯям, ки дидам ва хоҳиш дорам маро ба руспарастӣ ва пуштибонӣ аз русҳо муттаҳам накунед, зеро чунончи мегӯянд «это констататсия фактов». Зиёда аз ин, маро 39 нафар ҳамроҳам дурӯғ гуфтан намемонанд.
Тӯли 7 рӯзи будубош, сайру гашт, харид дар бозору мағоза, ташриф ба марказҳои дилхушӣ, автобусу трамвай ягон нафар боре ҳам напурсид, ки гуфти бародарони эронӣ «моли куҷоӣ?». Ман, алорағми ҳама андешаҳои бад нисбати русҳо сари кӯчаву бозор аз даҳҳо нафар рус махсус гаштаву баргашта худро меҳмон аз Тоҷикистон ва тоҷик муаррифӣ мекардаму суроғаи ин ё он ҷоро пурсонӣ мекардам, аммо сари мӯи касе сӯям қавоқ хам накард. Баръакс, бо 1 одоби баланд суроғаро бароям мегуфтанд ва тавсия медоданд, ки бо таксӣ биравам ё бо автобус, ё трамвай.
Ва аммо баъд…
3 мушоҳида дар бораи 1 риш
Дар фурудгоҳи шаҳри Екатеринбург моро ҳамчун хатсайри чартерӣ ба гузаргоҳи алоҳида бурданд. Албатта, ҳуҷҷатҳоямонро санҷиданд, телефонҳоямонро диданд, ки мо инро кори мақомоти фурудгоҳ медонем.
- Дар он ҷо 1 казоқбачаро полис манъ карда буд. Аснои суҳбат пурсидам, ки бо чи иллат гузаштанатро монеъа шуданд, ки гуфт: «барои ришам». Воқеъан, ман низ ӯро бо риши ҷулида ба кишварам роҳ намедодам. Аҷобат ин буд, ки мову ӯ дар 1 замон ба ҳоҷатхона рафтем ва ман бо чашми сар дидам, ки ӯ беодобона дар ҷойи дастшӯӣ пойҳои худро мешуст. Чун изҳори нигаронӣ кардам, гуфт «таҳорат мекунам».
- Ба маркази савдои «Ашан», ки рӯ ба рӯи меҳмонхонаи мо буд, даромадем. 2 бачаи тоҷики мисли он қазоқ риши ҷулидадошта, баланд-баланд суҳбати аз чаҳорчӯби одоб берун доштанд, ки таваҷҷуҳи бошандагони маркази савдоро ба худ мекашиданд. Таи ним соати он ҷо буда, мо ба онҳо аҳамият медодем ва офарин ва 100 офарин ба таҳаммули «урус» мегуфтем.
- Дар «Пекин базар»-и шаҳри Екатеринбург тоҷикони ришдор кам нестанд ва якеаш аз ман пурсид: «ака раҳу ру тенҷай, ки я хона брем?». Гуфтам барои ман, ҳа, барои ту, не. Гуфт: чува? Гуфтам, барои, ки ту риш дорӣ. Исботи ин гуфтаҳо айни баргашт, бо хатсайри Екатеринбург-Тошканд аз гузаргоҳ мегузаштем ва аз миёни 200 нафар бошандагони ин хатсайр ҳамагӣ 1 ҷавони риши ҷулида дошта, ба қавле «проблем» карду полис маҷбур шуд ӯро ҳам гирифта барад.
Бори дигар мегӯям, ки ман аз русҳо фаришта наметарошам, аммо мо бояд худамон барои худамон мушкилӣ эҷод накунем. Ба Худо қасам он чизеро, ки мо аз баъзан ҳамватони худ дар он ҷо дидем, ин ҷо 1 рус кунад, ӯро аниқ то Сибир бадарға мекардем. Дар ин гирудори муносибати мову русҳо ба андешаи сирф инфиродии ман бояд аз 1 байти бузурги Ҳоҷи Ҳусайни Кангуртӣ кор гирифт.
Ҳоҷиё, некутарини мардумон донӣ, ки кист,
Он, ки айби хеш диду аз касон нодида рафт.
Ақаллан барои ҷабр накардан ба ҷони ҷавонатон, ҳини сафар ба Россия ришҳоятонро тарошед. Ахиран, ин 1 пашм асту, 3 рӯз пас боз медамад.
Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ,
Душанбе– Екатеринбург–Душанбе