Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи фарҳангию фароғатии “Ғалаба”–и шаҳри Хуҷанд ба таҷдиду навсозӣ фаро гирифта мешавад.
Боғи фарҳангию фароғатии “Ғалаба” дар микроноҳияи 18-уми маҳаллаи “Мевағул” ва дар канори дарёи Сир ҷойгир буда, беш аз 6 гектар масоҳат дорад.
Лоиҳаи навсозии Боғи фарҳангию фароғатии “Ғалаба” –и шаҳри Хуҷанд ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва дигар масъулин муаррифӣ карда шуд.
Бино ба итиллои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, масоҳати умумии иншоот 6 га буда, дар он бо усулҳои нави меъморӣ бо назардошти фаввораҳо, катҳои истироҳатӣ, чархофалаку атраксионҳои замонавӣ кӯдакон бунёд карда мешавад. Ҳамзамон сафолакпӯш кардани роҳравҳо, сабзазоркунӣ ва гулпӯшкунӣ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ ва чароғонкунии роҳраву гирду атрофи боғ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷ. Мақсуд, СССР
