АЗ ЯРМАРКАҲОИ МАКТАБӢ ТО ФУРӮШГОҲҲОИ БУЗУРГ

Моҳи август дар мамлакат ярмаркаҳои либос ва лавозимоти дарсӣ барои хонандагону донишҷӯён баргузор мешавад. То оғози соли нави хониш вақт кам мондаву ҳама сӯйи мағозаву дӯконҳо баҳри хариди либосу афзору анҷоми дарсӣ ба фарзандонашон мешитобанд. Махсусан интихоби сарулибос ва лавозимоти мактабии фарзандон барои волидайн яке аз проблемаҳои асосӣ мебошад.

 

Хариди либоси мактабӣ озод аст!

Хушбахтона Вазорати маориф ва илми кишвар имсол хариди либосҳои мактабиро озод эълон кардааст, яъне касе шуморо маҷбур карда наметавонад, ки аз ин ё он корхонаву коргоҳ рафта, либоси мактабӣ харед!

Чанд сол инҷониб баъзе аз масъулини мактабҳои кишвар волидонро маҷбур мекарданд, то барои фарзандонашон аз мағозаҳои муайян либос харанд ва низ чекашро оварда, нишон диҳанд! Ё ин ки худ либосро ба мактаб меоварданду хонандагон омада, харидорӣ менамуданд. Талаботи дигаре, ки чанд сол қабл дар макотиби миёна роҳандозӣ гардид, танҳо хариди шиму костюми рангаш кабуд иҷозат буд. Инчунин пӯшидани куртаи рангаш сафед. Ҳоло вазъ чигуна аст? Ба мақсади равшанӣ андохтан ба мавзуъ мо роҳ пеш гирифтем ба фурушгоҳҳои ба ном Ярмаркаи Мактабӣ. Рраафтеммм?…

1,7 млн адад либоси мактабӣ…

Давоми солҳои охир талабот ба маҳсулоти корхонаҳои тавлидотии ватанӣ афзуд. Ҳоло дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи пойтахт ҶДММ ИИ ’’Нассоҷии тоҷик’’ дӯхти сарулибоси мактабиро вусъат медиҳад. Чуноне ба мо маълум гардид, ин корхона дар баробари ш.Душанбе, ҳамчунин ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ёвон ва А.Ҷомиро низ бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин менамояд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар давраи ҳисоботӣ

корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони инфиродии мамлакат имсол ба маблағи 46 миллиону 253 ҳазор сомонӣ либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи миқдор 22,7 фоиз ё 317 706 дона коҳиш ёфта, аз рӯи арзиш 20,8 фоиз ё 7,1 миллион сомонӣ кам мебошад. Соли гузашта корхонаҳои саноатии мамлакат ба маблағи 129 миллион сомонӣ либоси мактабӣ истеҳсол намуда буданд. Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ сатҳи таъмини хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ дар маҷмуъ ба 10,9 фоиз баробар шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар ҷумҳурӣ 80 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул мебошад. Аз ин омор 36 корхона дар Суғд, 29 корхона дар Хатлон, 4-то дар Бадахшон, 9 корхона дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2 корхона дар Душанбе фаъолият доранд.

Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, таваҷҷуҳи мардум ба сарулибоси мактабии истеҳсоли худӣ кам аст. Яке аз сабабҳои камтаваҷҷуҳӣ ба сарулибоси мактабии истеҳсоли худӣ дар дӯхт ва тарҳу сифати хуб надоштани онҳо мебошад. Таваҷҷуҳ ба брендҳои хориҷӣ, аз ҷумла либосҳои туркӣ ва узбакӣ торафт меафзояд. Ҳарчанд нархи гарон дошта бошанд ҳам! Либосҳои воридшудаи ҳатто хитоӣ, агарчанде сифати хуб надошта бошанд ҳам, вале дӯхту тарҳи хуб доранд, ки диққатҷалбкунандаанд.

 

Корвон пешсаф

Мо аз чанд нуқтаи фурӯши лавозимоти мактабӣ дар ш.Душанбе дидан кардем. Назар ба дигар ҷойҳо мардум ба бозори «Корвон» зиёд меоянд, зеро ин ҷо қариб ҳама чиз муҳайё ва нархҳо дастрас мебошанд. Аммо ҳолати ташвишовари ин ҷо бетартибӣ аст. Фурӯшандагон куҷое рост омад, дар сари роҳ ҳам ба фурӯши маҳсулот машғуланд. Гарчанде нозирони роҳ борҳо огоҳашон намудаву аз он ҷо дур кардаанд.

Дар байни анбӯҳи зиёди одамон мактаббачаҳои хурдсол дар даст маҳсулоти лозима ба фурӯш машғуланд…

 

Ашё якеву нарх дигар

Дар фарқ ба ин ҷо бозори «Меҳргон» макони бароҳат ва хубест. Фурӯши маҳсулоти хӯрока аз лавозимоти мактабӣ алоҳида мебошад.

Нархи сарулибос барои хонандагону донишҷӯён дар ошёнаҳои поёнӣ арзонтар аст. Яке аз рафиқонам аз ин ҷо ба маблағи 700 сомонӣ шиму костюм, курта ва туфлӣ харидорӣ кард. Вале дар ошёнаҳои боло нарх нисбатан гарон буд. Ин ҷо нархи шиму костюмҳо 600 – 800 сомонӣ, туфлӣ 250 – 500 сомонӣ, ҷузвдонҳо – 150 – 200 сомонӣ арзиш доранд.

Маркази савдои «АШАН» ҳам ҳамин гуна нархҳои баланд дорад. Дар ин ҷо нарху наво аз 1000 сомонӣ зиёд аст, махсусан шиму костюм ва туфлӣ. Ҳарчанд тахфиф ҳам ҳаст!!!

Мо ба мағозаи «Олами китоб» омадем. Ин ҷо тамомии ашёи хониш барои мактаббачагон фароҳам мебошад. Нархҳо нисбат ба дигар ҷойҳо фарқ мекунад. Масалан; дафтари одӣ – 70 дирам, ручкаҳо аз 2 то 4 сомонӣ, ширеши коғаз 6 -7 сомонӣ, ҷузвдонҳо аз 100 сомонӣ боло, галстук 20 сомонӣ ва ғайра.

«Gelos»и таърифӣ

Дар ниҳоят мо ба мағозаи Gelos, ки вақтҳои охир зиёд таърифаш мекарданду муҳлати ярмаркаи онро низ то 20-уми август тамдид кардаанд, омадем. Ногуфта намонад, ки ин фурӯшгоҳ ҳамин шабурӯз 10% тахфиф доштааст!

Вале новобаст ба тахфиф, агар дар бозори «Корвон» шиму костюм 400 – 600 сомонӣ нарх дошта бошад, дар ин ҷо 600 – 800 сомонӣ, ҷузвдонҳо аз 60 то 100 сомонӣ, тасмаҳо аз 99 сомонӣ сар мешаванд. Ба забони дигар тахфифи таърифии Gelos фиребе беш нест ва ҷои гелос ба шумо олучаи қиматтар мефрухтаанду бас! Хуллас нархҳо дар ин ҷойҳо нисбатан гарон мебошад, шояд ба он хотир, ки дар марказ воқеанд?

Агар ба ҳисоби миёна гирем, барои хариди либос ва лавозимоти дарсии 1 мактаббача камаш 1000-1200 сомонӣ сарф мешавад. Ва ин танҳо барои камбағалон!!! Бойбачаҳо аслан ба ин фурушгоҳҳо намеоянд. Ошашон шавад. Ба онҳо эрод надорем. Эродамон ба масъулинест, ки дар фикри мардуми камбизоат нестанд ва намебинанд, ки дуди оҳи камбағалон ба фалак дакка мехӯрад! Зеро мусаллам аст, ки бо чунин нарх волидайн ҳар сол наметавонанд барои фарзандони худ чизу чораи нав гиранд, боз ҳам дар сурате, ки аз 1 хонавода 3-4 нафар дар мактаб таҳсил мекунад. Пас чӣ бояд кард?

Суоли риторикист…

 

Беҳрӯзи Сайфулло,

коромӯзи СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube