БА ШӮҲРАТ ЁР РЕСПУБЛИКАИ МАН: ТОҶИКИСТОН 100 СОЛА ШУД!!!

Дар аввали асри ХХ бузургтарин воқеаи ҷаҳонӣ ин вуқӯъи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр дар Россия шуд, ки бар асари он, дар соли 1921 СССР- Ҳукумати Шуравӣ ба вуҷуд омад.

14.10.1924. Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Мухтор-РАСС Тоҷикистон дар ҳайати РСС Ӯзбакистон таъсис дода шуд. Яъне мо соҳиби субъекти федератсияи СССР гаштем ва марзеро бо эътирофи давлатдории мухтор бигузор дар ҳайати ҷумҳурии иттифоқӣ ва СССР низ бошад, ба даст овардем.

Муҳимияти масъала аз лиҳози ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар ҳамин аст, ки Ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва ҷумҳуриҳои мухтори шуравӣ нишон, парчам ва рамзи давлатиро доштанд. Аз ин рӯ бузургтарин моҳияти ин воқеаи рӯйдода дар санаи 14-уми октябри соли 1924 низ дар ҳамин аст, хонандагони азиз. Вале аз чи сабаб бошад, ки таҳқиқгарон, технократҳо ва хосатан таърихшиносон ба ана ҳамин моҳияти масъала камтар диққат медиҳанд

Аз РАСС то РСС Тоҷикистон

Ҷумҳурии мухтор барои сохтани ҷумҳурии иттифоқӣ-субъекти олии Иттиҳоди шуравӣ 1 ҷаҳиши бузурге гардид ва ин вазъро бояд мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем. Баъди қабули қарор «Дар бораи тақсимоти марзӣ-миллии Осиёи Миёна» комиссия  дар шаҳри Тошкент ба кори худ шурӯъ намуда, ба баррасии мавод ва тақсими марзҳои миллатҳои дар ин минтақаи бузург зиндагикунанда шурӯъ намуд ва ахиран дар моҳи октябри соли 1924 дар ин марзи таърихӣ ҷумҳуриҳои иттифоқии Туркманистон ва Ӯзбакистон, ҷумҳурии мухтори Қирғизистон (Қазоқистони ҳозира) ва  вилояти мухтори Қара-қирғизистон (Қирғизистони ҳозира) дар ҳайати РСФСР ва ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбакистон таъсис дода шуд.

Санаи 14-уми октябри соли 1924, санаи таъсиси Ҷумҳурии мухтори шуравии сусиёлистии Тоҷикистон-падари Ҷумҳурии имрӯзаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Баъди таъсиси ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ӯзбакистон, оҳиста – оҳиста муборизаи зиёиёни тоҷикзабон барои табдил додани ҷумҳурии мухтор ба субъекти олии СССР – ҷумҳурии иттифоқӣ, бо роҳбарии Нусратулло Махсум,  Шириншо Шотемур, Ҳоҷибоев, Муҳидинов, Чинор Имомов ва устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аббос Алиев ба он оварда расонид, ки ахиран округи  Хуҷанд ба Тоҷикистон ҳамроҳ ва санаи 16-уми октябри соли 1929 дар азизтарин  бино барои миллати тоҷик, собиқ «Хонаи деҳқон», баъдан собиқ бинои театри русии ба номи  В.В.Маяковский, эъломия оид ба Ҷумҳурии мустақили иттифоқӣ – РСС Тоҷикистон, ба имзо расид. Бо ибораи устод Лоҳутӣ, «Тоҷикистон писари ҳафтуми социализм», яъне ҷумҳурии 7-уми иттифоқӣ дар ҳайати СССР гашт.

 

 Аз РСС то Ҷумҳурии соҳибистиқлол

Бояд гуфт, ки бузургтарин воқеъаи таърихӣ, ин таъсиси ҷумҳурӣ дар санаи 14-уми октябри соли 1924 аст, ки санаи 9-уми сентябри соли 1991 моро соҳиби истиқлолияти давлатӣ кард.

Марзи Тоҷикистони шуравӣ ҷамъан 143,1 ҳазор километри квадратиро ташкил дода, дар байни 15 ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҷойи 8-ум қарор дошт ва кишвари хурд низ ҳисоб намеёфт. Тибқи барӯйхатгирии охирини умумииттифоқӣ соли 1989 дар Тоҷикистон тақрибан 5 миллиону 110 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекард. Дар байни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ низ мо аз лиҳози миқдори аҳолӣ дар ҷойи 8-ум ва дар Осиёи Миёна дар ҷои саввум, баъди Ӯзбакистон ва Қазоқистон қарор доштем.

Бо ибораи дигар агар СССР барҳам намехӯрд, ҳоло Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи бузургтарин ҷумҳуриҳои шуравӣ қарор дошт (ҳоло аҳолии мо аз 11 миллион низ зиёд аст).

РСС Тоҷикистон дар зарфи 67 соли мавҷудияти худ дар ҳайати СССР ба комёбиҳои бузурги илмӣ-техникӣ-фарҳангӣ-кишоварзӣ-адабӣ даст ёфт ва инробояд равшан гуфта гузарем. Чун мо аз марказҳои саноатию фарҳангии худ мисли Самарқанду Бухоро дур мондем, бо дастгирӣ ва ёрии беғаразонаи ҳукумати вақти болшевикии кишвар ва меҳнати шабонарӯзии миллати шарафманди тоҷик, дар ҷойи холӣ, давлати миллии модели шуравии худро то санаи 9-уми сентябри соли 1991 бо тамоми ҷузъиёташ сохтем.

 

Душанбе: аз қишлоқ то пойтахт

Ҳатто шаҳре низ надоштем ва дар деҳаи хурде бо исми Душанбе зербинои пойтахти ояндаи худро гузоштем, ки соли 1991 ҳукумати вақти шуравӣ бо фурӯпошии хеш ин шаҳри саноатӣ ва маркази илмию фарҳангиро бо доштани 604 ҳазор аҳолӣ ба ихтиёри мо гузошт.

Мо тавонистем, пойтахтро ба шаҳри саноатие, ки беш аз 100 корхонаи саноатӣ дошт ва ба беш аз 50 кишвари олам молҳои саноатиро чун техникаву мошин, олоту асбобу анҷому таҷҳизоти трактору комбайн, оҳану металлу алюминиюм, пахтаву пилла содир мекард, табдил диҳем. Тавонистем, дар 1 муддати кӯтоҳ аз лиҳози аҳолӣ аз чунин шаҳрҳое, ки соли 1924 нисбати пойтахти мо пешрафта буданд – Кишинёв, Вилнюс, Таллин, Ашқобод пеш гузашта, ҳамроҳ бо Фрунзе пойтахти Қирғизистон кариб дар 1 саф байни 15 пойтахти ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дар ҷойи ифтихории 10-ум қарор гирем.

Камина дар ин мақола мақсади таҳлили пурраи рушду нумӯъи Точикистони шуравӣ ва дастовардҳои зиёди онро надорам. Танҳо ҳаминро мегӯям, кишваре, ки ба ҷуз чанд корхонаи саноатии дар шимоли Тоҷикистон аз ҳукумати Россияи подшоҳӣ меросмонда чизе надошту ҳатто аз Афғонистон аз лиҳози фановарӣ ва техника қафотар меистод, бо меҳнату амали худ ва ёрии ҳукумати вақти СССР, ба ҷумҳурии аграрӣ-саноатӣ мубаддал гашта, миёнаи солҳои 60-ум ба кишвари саноатӣ-аграрии пешрафта табдил ёфт. Тоҷикистони азиз то фурӯпошии СССР ба 1 кишвари пешрафтаи саноатии истеҳсолкунандаи электротехника, мошинсозӣ, саноати кимиёвӣ, бофандагӣ, саноати сабук, саноати кӯҳкоркунӣ, хӯрокворӣ ва соҳаи кишоварзии таҷҳизонидашуда табдил гашта, ба бештар аз 60 кишвари олам махсулоти саноатии босифат бо тамғаи «Дар РСС Тоҷикистон» (Сделанно в РССТ) ирсол мекард.

Замони шуравӣ фабрикаҳои Тоҷикистон то 250 миллион ҷуфт пойафзол истеҳсол мекард. Корхонаи яхдонбарории машҳури «Помир»-и шаҳри Душанбе соле бештар аз 300 ҳазор яхдони тамғаҳои гуногун мебаровард. Саноати шаробкашии Тоҷикистони шуравӣ дар сатҳи СССР ҳамто надошта, маҳсулоти спиртии Тоҷикистон ба хориҷа экспорт мешуд.

Дар хамин давра рушди бесобиқаи санъату фарҳанги тоҷик ба амал омада, кинофилмҳои тоҷикӣ дар сатҳи шуравӣ ва ҷаҳон шӯҳрати зиёде пайдо карданд. С.Айнӣ, М.Турсунзода, М.Миршакар, М.Қаноат, ҳунармандон Ғ.Валаматзода, М.Собирова, Ҳ.Гадоев, Т.Фозилова, А.Бурҳонов, Ҷ.Муродов, рассомон С.Қурбонов, Хушвақтов ва дигарон зодаи шуравиянд.

          Хулоса, давлати сағерапарвари СССР, дар сохтмони Тоҷикистони шуравии шукуфон, ки Тоҷикистони имрӯзаи зебо давоми он аст, корҳои пуршарафи зиёдеро анҷом додааст ва аз ватани бузурги собиқамон бо ҳама бешу кам ва камбудиҳои ҷойдоштааш бояд сипосгузор  бошем.

Санаи муборак ва муқаддаси 100 солагии таъсиси давлати миллии тоҷиконро дар низоми ҷумҳуриявӣ бо доштани статуси мухтор ва доштани номи Тоҷикистон аввалин маротиба дар таърих, ба тамоми тоҷикони ҷаҳон табрик мегӯям:

Ба шӯҳрат ёр республикаи ман,

Дилу дилдор республикаи ман!

 

Варқаи Зайниддин,

узви ИЖТ,

ш. Бохтар,

05.10.2024.

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube