БЕГОНАПАРАСТОН

Аз душманон баранд шикоят ба пеши дӯст,

Чун дӯст душман аст, шикоят куҷо баранд???

 

30.04.2024. Соат ба вақти Душанбе 08:23 дақиқа. Дар роҳ шоҳиди суҳбати 2 солхӯрдае шудам, ки боиси навишти ҳамин мавзуъ гардид. Ин 2 пири хира(д) сари геополитика, ҷанги Россия бо Укроин, ҳамлаҳои маргбори Исроил сари Фаластин, террори «Крокус Сити Холл» ва сафари ахирини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ва ғ. ва ҳ. онгуна баҳс мекарданд, ки ту гӯӣ ҳамин ҳоло аз ҷаласаи Шурои Амнияти Тоҷикистон омадаанд. Бобои Ғулом суҳбатҳои фавқро, дар замони шуравӣ «Политикаи Очаи Авғон» мехонд. «Очаи Авғон» зане буд, ки ҲАМА чиро медонист ва аз диди худаш сиёсати Кремлро баҳогузорӣ мекард. «Занакой лави ов» ба барномаи «Время» не, ки бар овозаву дарвозаи ӯ бовар доштанд!

Хуб, «Политикаи Очаи Авғон» оё хоси танҳо ин 2 мард буд, ки аз донишу хираду сиёсат фарсахҳо дуртараканд ва ё политикаи миллат шудааст? Ин суол посух мехоҳад. Зеро «овоза-пресса» ва барномаҳои сиёсии хориҷиён комилан ҷои расонаҳои расмии миллиро гирифтааст. Суҳбати ин 2 солдида, сирф аз обмӯрии сиёсии ТВ-компанияҳои русӣ об мехӯрд ва тавре суҳбат мекарданд, ки табааи ҶТ на, ки шаҳрванди ФР бошанд. Ин ҷо бояд чуқур андешид, ки чаро чунин шуда?

Ҷанги Украина ва Россия кам не, ғам не, 2 солу 2 моҳ давом дорад. Ва ин 1 ҷанги одӣ нест. Давлатҳо, Блокҳои ҳарбӣ, Паймонҳои низомӣ ба пархош васл мегарданд. Бе ягон иштибоҳ метавон онро ҷанги 3-юми ҷаҳонӣ хонд. Зеро дур нест, ки ин набард бо ҳамлаҳои атомиву ядроӣ бикашад. Кор ҳамон сӯ меравад. Вале намедонам чаро, ки дар тамомии расонаҳои мо ин ҷангро табу мамнуъ эълон кардаанд. Рафтори журналистикаи ҳирфаии мо, ба назар ғояҳои марксистони аввалияро меорад:

– Ман ӯро намебинам, пас ӯ вуҷуд надорад!

Марксистон, албатта, он даврон, Худоро дар назар доштанд. Вале идея аҷиб буд. Наменамоӣ пас нестӣ?! Ҳарчанд, ҳатто ҳамон коммунистони қаттол медонистанд, ки Худо ҳаст ва баъди лексияҳои секулорӣ хона омада, тавбаву надомат кардаву намоз мехонданд. Зимнан ҳатто 1 шахсияти шинохта, 1 коммунистро дар даврони СССР бе ҷанозаи мусалмонӣ гӯр накардаанд. Ҳатто Айнӣ, Ғафуров, Турсунзодаро низ пинҳонӣ ҷаноза карда буданд, ки имрӯз инро ҳама медонем.

Вале суҳбат сари ғояи диалектикист. Яъне мо-Тоҷикон ҷангро набинем, он вуҷуд надорад? Ким намедонад, ки аз 2 тараф тоҷикон низ меҷанганд, мисле, ки намояндагони дигар қавму қабоил ба ин пархош ҷалб шудаанд. Зеро дар ин ҷанг пул медиҳанд ва сарбозони ризқталаб – «солдаты удачи» аз тамомии гӯшаву канори ҷаҳон дар ин набард қӯшанд.

Зимнан, баъди 2,2 соли ҷанги бузургтарин дар асри 21, шояд чанд калламағзиро мо низ дар ТВ сарбасар карда, фикру андешаашонро фаҳмем? Ақаллан 1 барномаи шармшикан кунед охир? Бубинед, имрӯз Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ҳатто Туркманистон чандин барномаҳои рангину пурбини сиёсӣ ва бо забони русиву англисӣ доранд, ки тавассути интернет пахш мешаванд. Мо чӣ? Мо ақаллан тоҷикӣ барномае надорем…

Тоҷик бояд ба геополитика аз призмаи сиёсат ва дипломатияи миллӣ баҳогузорӣ намояд. Чунки дар ҳамин шабу рӯз, гарав мебандам, нест нафаре солимақл, ки ҳар шаб расонаҳои прорусӣ ва проукроинӣ гӯш накунад.

Муҳтарам идеологҳо! Шумо воқеан ҳам бовар доред, ки 10 млн нафар дар вакууми иттиилоотӣ қарор дораду намедонад дар ҷаҳон чӣ мегузарад?!

Ана ҳамин идеяи хоми мову шумост, ки ҷавонон зери таблиғи бегонагон мондаву бегонапараст мешаванд. Мардона бояд иқрор шуд, ки мо зимоми таъсир ба насли навро аз даст раҳо кардаем. Борҳо гуфтаву боз мегӯям, зиддият дар окопҳои иттилоотӣ бояд тамоман дигар шавад. Журналистони ҳирфаӣ, профессионал, кормандони расонаҳои расмии газетаву маҷаллаҳои ҳукуматӣ БОЯД бо имзои худ матлаб нависанд, садди роҳи ғояҳои бегона гарданд, ба ҷанги иттилоотӣ дароянддд!!!

Вазифаро, ки гирифтед, хомӯш нашинед!

 Мутаассуф, имрӯз мо надорем журналисте, ки ба вожаи маъруф «гапзан» бошад. Бо ҷорӯби реформаторӣ, журналистикаро чанд беҳунаре руфта «ҷавон» кард. Акнун бубинед, ки 1 журналисти рӯзгордида, пуртаҷриба, соҳибнуфуз надорем, ки ба мардум моҳияти масъаларо фаҳмонад. О, наход, давлати соҳибистиқлоли 33 сола, 3,3 журналисти варзида ва солдида надошта бошад? Куҷо шуданд онҳо??? Бухор-ку нагаштаанд.

Набуди журналистони пири кор ва муҳаббатпазир аст, ки ҳамон террористони Крокус Сити Холл, ба таблиғи кадом сакалтуи бодовардае дода шуда, даст ба ҷинояти гӯшношунид зада, обрӯву имиҷи миллати моро дар ҷаҳон рехтанд. Дигар аз Рӯдакиву Фирдавсӣ то Лоиқу Бозор шеър гӯем ҳам, аз мо ҳазар доранд. Ин аст, ки ҳатто кишварҳои дӯст, мисли Россия, Туркия ба мо бо назари шубҳа менигаранд. Яъне мо то имрӯз дигар ҷониб мерафтаем дар ҷанги ғоявӣ:

Тарсам нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ,

К-ин раҳ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст!!!

Ва ин дар ҳолест, ки маҳз ғояҳо ва ақлҳо будандӣ, ки то соли 2000-ум идеологияи сирф тоҷикӣ пирӯз шудаву мудҳиштарин ҷанги таҳмилии гражданӣ дар Осиёи Марказиро хомӯш кард. Он шабу рӯз мардум ТВТ тамошо ва Радиои Тоҷикистон гӯш мекарду газетаҳои расмиро мехонд. Ҳатто ҳамин радиои амрикоии Озодӣ, ки имрӯз душмани идеологияи давлатдории мост, дар зертаъсири журналистони профӣ ва давлатмеҳвар бар суди кишвар фаъолият мебурд!

Имрӯз, мутаассуф, журналистика ғайриҳирфаӣ гаштаву рубобзану сарояндаву артисту муаллиму профессору актёр журналист шуда, дар раъси ин ниҳод нишастааст, ки боиси таассуф ва дастбарсарзаданҳост.

Даҳсолаҳоро аз даст додем, дар ҷанги идеологӣ. Вале ҳоло ҳам фурсат ҳаст, то гӯшу ҳуш ва хотири миллатро аз таблиғоти бегонаҳо сӯи дохил бигардонем.

Шояд сахт навиштам ва 2-погонаҳои мансабпараст гуфтаҳои маро шояд дигар хел интерпретатсия кунанд. Вале инро бояд касе мегуфт охир!!!

Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube