БИГЗОРЕД, КИ ҚАРЗИ БОНКРО СУПОРАМ

Қонунро ман бо ҷону дил риоя мекунам, зеро ман фарзанд ва зодаи Тоҷикистонаму бо тоҷик будани худ ифтихор дорам. Аммо муҳтарам масъулон ман Ҳаким Назиров, 8 моҳ мешавад, ки мошини худро бо маблағи 130 ҳазор сомонӣ ба муддати 3 сол қарз бо фоизи 28% аз бонки «Имон-интернешл» гирифтаам. Бар замми ин боз оиладор, соҳиби 1 духтарчаи нозанин гаштаам. Хурду хӯрок ба қавли оммафаҳм пуловар ва таъминкунандаи оилааму зиндагиро танҳо бо роҳи такси пеш мебарам. Ҳоло ман зидди қонун намебароям, лекин зӯри ман ба хариди таксиҳои «электромобил» на-ме-ра-сад! Дар ҳоле, ки мошини гирифтаам 130 ҳазор сомонӣ қарз аст. На падари пулдор дораму на тағои вазифадор, ки дар вақти тангӣ дастамро гирад. Агар шумо ба хулосае биёед, ки кор дар ширкатҳои такси танҳо бо воситаи нақлиёти «электромобил» хуб аст, ман дигар намедонам аз кадом ҳисоб ва бо кумаки кадом рафиқу хешу таборам қарзи боқимондаи мошинамро диҳам. Ба доди таксистҳо расидагӣ намоед, ақаллан муҳлат диҳед, ки қарзи бонкро супорам.

Ҳаким Назиров,  ш. Душанбе (тел: 903033204)

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube