БОХТАР: 41 АВТОБУСИ НАВ БА ХАТСАЙР БАРОМАД

14.12.2023. Зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон»и назди МИҲД ш. Бохтар ба истифода дода шуд. КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар қисмати ҷанубу ғарбии ш. Бохтар дар шоҳроҳи БохтарКӯлоб бунёд гардид, ки ин раванд дар танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва осону сода гардидани рафтуомади сокинону меҳмонон ба шаҳру ноҳияҳои атроф мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» аз ҷониби ҶДММ «Акиа Авесто» 39 адад автобуси мусофиркашонии тамғаи «Акиа-Ориё LE8» ба КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон» ворид гардид. Ҳамчунин дар доираи лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда 2 адад воситаи нақлиётии мусофиркашонии тамғаи «Акиа–LE9», бо мақсади рушди соҳаи туризми дохилӣ ва хориҷӣ харидорӣ гардид, ки дар натиҷа теъдоди автобусҳои наву замонавӣ дар корхона ба 41 адад расонида шуд.

Ин тадбир имконият медиҳад, ки хатсайрҳои байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Узбекистон ба роҳ монда шаванд. Автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазн ва ҳаҷми кам барои фаъолият дар кӯчаҳои шаҳри Бохтар ва шаҳру ноҳияҳои атроф низ мусоид мебошанд. Автобусҳои нав бо таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда ва воситаҳои вориду хориҷшавӣ барои маъюбон муҷаҳҳаз гардонида шуда, баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонанд.

Аз шумораи умумии 41 воситаи нақлиёти ба корхона воридгардида, 11 адад автобус дар хатсайри Бохтар-Кӯшониён-Вахш фаъолиятро оғоз намуд. Ҳамарӯза дар ин хатсайр аз 3500 то 4000 мусофир аз хизматрасонии босифати автобусҳо истифода мебаранд. Зимнан бо ба истифода додани КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон» кор дар хатсайрҳои дигар оғоз шуд.

Вобаста ба ташкили низоми ҳамгироишудаи хариду фуруши чиптаҳои электронӣ барои дохили автобусҳо, то имрӯз аз ҷониби ҶДММ «Авесто-Гурӯҳ» дар асоси қарордод 40 ҳазор корти нақлиётӣ фармоиш дода шудааст ва ба қарибӣ низоми пардохти электронии хизматрасонӣ дар хатсайрҳои дохилишаҳриву беруназшаҳрӣ фаъол мешавад.

Дар бораи фаъолияти ин корхона, таъсиси хатсайрҳои автобусӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ва ба кӯчаҳои ш. Бохтар баромадани автобусҳои муосир газетаи СССР борҳо навишта буд. Билохира ин орзуи сокинон ва меҳмонони ш. Бохтар дар арафаи соли нави 2024 ҷомаи амал пӯшид.

Муборакамон бод!

Н. Қосим, СССР,

ш. Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube