Чаро дарахтон хушк мешаванд?

Чанде пеш барои гирифтани мавзуи сарсабзии гулу гулгаштҳо ва ҳолати нигоҳубини дарахтҳои ороиши ва сояафкани ҳудуди вилоят муроҷеъи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон гаштем. Чун дохили ҳамин макон гаштем, бовар кардем, ки ин ҷо тирамоҳ бо ҳама рангҳои худ “ҷило медиҳад”. Яъне касеро парвои тоза кардани дохили он нест. Маълум, ки ин ҷо на боғбон асту на посбон.

 

Аввал бубин ҷойи худ

Ҳабибулло Қодирзода, сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки дар соли 2022-2023 барои кабудизоркунӣ ва солимгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шинонидани 800 ҳазор бех ниҳоли гуногун ба нақша гирифта шудааст. Ва ин иқдом давоми маъракаи ободонӣ ба шумор рафта, то ин дам 809.946 адад ниҳол шинонида шуд, ки ин нишондод 101,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар канори шоҳроҳҳои ҳудуди вилоят 59.112 бех ниҳоли гуногун шинонида шудааст- афзуд ҳамсӯҳбатам.

Вале ба суоли мо, ки чаро дар канори шоҳроҳу роҳҳо ҳамасола дарахтони сояафкану ороишӣ мешинонанду то соли дигар анқариб дигар онҳоро намебинем,  чизе гуфта натавонист.

Шояд дарахтон ҳам мавсимӣ шудаанду барои фасле дар канори роҳҳо шинонида мешаванд??? Саволи матраҳ аст.

 

Хушксолӣ гунаҳкор?

Аз ниҳолҳои шинонидаи кормандони ин коргоҳ 2012 ададаш бинобар сабаби беобу беаҳамиятӣ хушк шудааст. Ва ин рақам 8,1 фоизи иҷрои корро ташкил медиҳад.

Ҳабибулло Қодирзода ишора намуд, ки яке аз сабабҳои асосии хушк шудани дарахтон ин хушксолӣ аст. Боз ҳастанд ҳолатҳое, ки дарахтро дар ҷойи муайяншуда намешинонанд. Инчунин саривақт нигоҳ накардани масъулин сабаб мешавад, ки дарахту ниҳолҳо аз нашъунамо мемонанд.

Ҳамзамон мардуми моро маърифати баландӣ экологӣ мебояд то дарахте сабз гардад. Ҳастанд шаҳрвандоне, ки барои сарсабз гаштани ниҳоли қади роҳ монеа мешаванд. Баргашонро чида мепартоянд. Боз амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки гулу гиёҳи руида якбора маҳв мегардад. Албатта кӯдаконро бояд волидон назорат кунанд то ба қадри дарахту гул расанд.

 

Партов душмани №1

Мутахассис иброз дошт, имрӯз дар ҳудуди шаҳри Бохтар мушоҳида мешавад, ки дар таги дарахтон партовҳои сахти маиширо сокинон мепартоянд, ки ин албатта ба сабзиши он халал ворид месозад.

– Имрӯз қисмате аз сокинон одат кардаанд, ки партовҳои худро на дар ҷойҳои муайяншуда, балки дар бехи дарахтон резанд, ки на танҳо дарахт, балки ба муҳити зист таъсири худро мерасонад. Вазифаи ҷонии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист назорати сиёсати ҳифзи муҳити зист мебошад, афзуд Ҳабибулло Қодирзода.

 

4 самти асосии кор

4 нуқтаи асосист, ки Сарраёсати ҳифзи муҳити зист бояд корро дар ин самт ҷоннок намояд:

  1. Назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо,
  2. Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи олами наботот
  3. Назорати давлатӣ дар соҳаи канданиҳои фоиданок
  4. Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи атмосфера.

Аммо ин 4 рукни асосӣ корхонаро ҳеҷ не ба ташвиш орад. Агар ба ташвиш меовард, поккориро аввал аз идораи худашон оғоз мекарданд. Мо Метавонем!

 

Нурӣ Бохтарӣ, СССР

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube