ЧОЛОВРО БА XОЛАШ ГУЗОРЕД!

Чолов Қурбоналӣ Аҳмадович, соли таваллудаш 1960, зодаи шаҳри Кӯлоб, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Хатмкунандаи омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, Университети давлатии ш.Кӯлоб, фориғуттаҳсили Академияи ҳарбии Федератсияи Русия, собиқ депутати Маҷлиси Олии ҶТ, аъзои Фронти халқии Тоҷикистон, соли 1993-2001 командири қисмҳои ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ ва Қувваҳои Ҳифзи Сарҳади ҶТ. Рутбаи ҳарбиаш полковник.

Вақтҳои охир қисман матбуоту расонаҳо, шояд аз сабаби ба худ ҷалб кардани диққати мардум ё хусуматҳои шахсӣ бошад, ки атрофи командир Қурбони Чол «сенсатсия»-ро тағрибу ташкил намуда, инро ба демократия ташбеҳ медиҳанд. Демократия, ба фикри мо, ин ҳақиқати ҳақиқатҳост.

Ӯ шахсест, ки дар рӯзҳои аввалини сахту душвори ҷумҳурӣ ба Фронти халқӣ шомил шуда, дар паси сангарҳои водии Вахш ҷангида, ҳатто ярадор шуда ва инро ба воситаи оинаи нилгуни шаҳри Кӯлоб намоиш дода буданд. Шояд нангу номуси шаҳрвандӣ ва муборизаву матонати ҳамин гуна мардон буд, ки имрӯз «шумо ҳақиқатгӯю ҳақиқатпарастон» баҳри гузаронидани рӯзгоратон ҳар гуна ахбору садоҳоро созмон дода, дар фазои давлати демократии дунявӣ нафаси озод кашида, бардаму озодона дар кӯчаҳои пойтахт қадам мезанед. Ба ростӣ, ба мо маълум нест, ки дар он рӯзҳои пурдаҳшату душвори ба сари ҷомеа омада, шумо дар кадом тарафи ҷабҳаҳо қадам мезадеду пайи адои кадом вазоиф будед ва ба омма чиҳо мегуфтед. Мехоҳем фаҳмем, ки ягон нафар фарзанду шахси наздикатон дар барпосозии ҳукумати конститутсионӣ ҳузур доштанд ё дар артиши миллӣ хизмати Ватанро кардаанд?

 

Вақте Қурбони Чол меҷангид, куҷо будед?

Оё хабар доред, ки дар ин бесарусомониҳои солҳои 90 мардум ба гурӯҳу гурӯҳчаҳо, ҳатто ба росту чапкӯчаҳо тақсим шуда, пайи нестии якдигар буданд. Бахусус баъди пароканда шудани майдонҳои Озодиву Шаҳидон ва воқеаҳои водии Вахш, чи қадар ҷавонони саркашу хунгарм соҳиби яроқу аслиҳа буданд ва мардумро нотинҷу нороҳат месохтанд. Ана дар ҳамин гуна лаҳзаҳои ҳассос лозим буд, ки пеши ин қабил афрод гирифта шавад. Чунки дар ҳама роҳҳои асосии кишвар сангарҳо ва дар шаҳрҳо бошад, постҳои тафтишотиву санҷишӣ амал карда, ҳатто дар ш.Кӯлоб қуюди шабгардӣ (вақти комендантӣ) эълон шуда буд, ки аз кӯчаҳо одамонро баъди соати 22-и шаб дошта ба милисахона мебурданд. Акнун шахсе лозим буд, ки нафарони хунгарму силоҳбадастро ба 1 ҷо муттаҳид созад, то ин ки ба осоиштагии мардум халал нарасонанд. Ин сон мард ҳам пайдо шуд, ки номаш Чолов Қурбоналӣ буд.

Соли 1993 дар базаи омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии №32-и ш.Кӯлоб аввалин қисми ҳарбии Вазорати корҳои дохилии ҶТ ташкил ёфта, нафароне, ки «боевик» ном доштанд, муттаҳид карда шуданд ва бо дастгирию кӯмаки коркунони ВКД хизмат равиши нав гирифт. Мавсуф тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ низоми ҳарбиро ҷорӣ ва шароити хизматро беҳ гардонда, ба хизмат бештар муаллимону дигар коркунони техникию тиббиро ҷалб созад. Хизматчиёни ин қисми ҳарбӣ дар солҳои минбаъд барои пойдории давлати қонунӣ, дар ҷабҳаҳои самтҳои Ғарм, Регар, Тавилдара ва Қӯрғонтеппа ширкат варзида, иштирокчиёни якумин паради ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе буданд.

 

Аввалин заствасоз Чолов буд!

Соли 1994 амр шуд, ки хизматчиён баҳри ҳифзи сарҳад бароварда шаванд. Азбаски он вақт ягон низомномаву дастурамали ҳарбии тоҷикӣ оид ба хизмати низоми марзӣ мавҷуд набуд, мо дар асоси низомномаҳои собиқ замони Шӯравӣ фаъолият мекардем. Ҳамон сол 4 баталион ба самти ноҳияҳои Москва ва Шӯрообод фиристода шуданд ва дар хаймаҳо ҷой гирифта, дар хатти дуюми сарҳад ба хизмат пардохтанд. Дар натиҷаи саъю талоши командир Чолов Қурбоналӣ то саршавии фасли сармо бо қувваи хизматчиёни ҳарбию мардуми таҳҷоӣ дар мавзеъҳои Чубек, Ғараб, Баҳораку Кричон биноҳои застава сохта шуда, аввалин бор Қувваҳои сарҳадӣ соҳиби застава-дидбонгоҳҳои худ шуданд. Хонандаи закӣ бояд дарк кунад, ки командир ба гурӯҳи нафароне шомил аст, ки дар ташкилёбии Қувваҳои Сарҳадии ҶТ саҳм гузоштааст. Бояд хотирнишон созем, ки он вақтҳо қисмҳои ҳарбӣ ба техникаю мошинҳои боркаш таъмин набуданд ва мо маҷбур будем, ки дар роҳҳо «постҳо» гузошта, мошинҳои шахсиро барои кашонидани озуқаву масолеҳи сохтмонӣ ва рафтан ба ҷабҳаҳо истифода барем, ки ин албатта ба табъи қисме одамон намефорид, аммо чӣ кунем, ки тақозои давру замон ҳамин буд.

 

Ҷанги Чол бо Мирзо-ҷага

Моҳи июни соли 1996 ағбаи Полезак. Ягона роҳе, ки самти Шугновро бо ноҳияи Тавилдара мепайваст, аз ҷониби шахсони номаълум бо минаҳои худсохт насб шуда буд. Якчанд маротиба кӯшиш шуд, ки роҳро тоза карда, қӯшунҳои ҳукуматӣ ба ноҳияи Тавилдара шомил шаванд, аммо имкон даст наёфт, ҳатто 2 минакоб ҳалок шуд. Аз ин лиҳоз, ба хизматчиёни ҳарбии қисми низомии командир Чолов супориш шуд, ки ба воситаи Дараи Сов аз улоғҳои аспу хар истифода карда, ба баландиҳои қисмати чапи н.Тавилдара боло баромада, аввалин қишлоқҳои Сиғари болою поён ва баъдан Пағулакро озод карда, ба мавзеи Шаҳри Нави н.Тавилдара шомил кунанд.  Ҳокими Тавилдара таври маълум дар он солҳо Мирзо Зиёев, маъруфтар бо исми Мирзо Ҷага будӣ.  Гурӯҳи моро полковник Мирзоев Сайато сарварӣ мекард ва командир Чолов бошад, аз қисмати рости ин қишлоқҳо дар қисмати болоии ноҳия ҷой гирифта, амалиётро назора мекард. Дар моҳи июн дар рафти амалиёт аз сардии зиёди ҳаво шабона аспу харҳо талаф ёфтанд, лек хизматчиён аз ӯҳдаи вазифаи гузошташуда ба хубӣ баромада, нимаи аввали моҳи июли ҳамон сол ситоди командир дар мавзеи Шаҳри Нави н.Тавилдара ҷой гирифт.

 

Саховатманд ва ятимпарвар

Дар хусуси дасти кушоди командир низ бояд гуфт. Дар ситоди қисми ҳарбӣ, ки дар ш.Кӯлоб ҷой дошт, хизмат тибқи низомномаҳои ҳарбӣ сурат гирифта, ҳама гуна чорабиниҳою ҷашнҳои таърихию мардумӣ дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи давлатӣ сурат гирифта, роҳбарони муассисаю корхонаҳо ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат даъват шуда, командир аз ҳисоби ҷайби худ зиёфат ороста, ба афроди мӯътабар тӯҳфаҳо тақдим мекард. Аксари ин ашхос ҳоло дар қайди ҳаётанд. Наход инҳо ҳам ба гурӯҳи ҷабрдидаву шикояткунандагон шомил бошанд?

«Командир» дар солҳои душвор аз аввалин шахсоне буданд, ки фирмаи хусусиро бо номи «Бепарастон» ташкил карданд, ки мақсаду маромаш ёриву кӯмак ба оилаҳои камбизоату серфарзанд, касалхонаҳо, муассисаҳои мактабиву томактабӣ буд. Хайрияву кӯмакҳои беподоши фирмаи Қурбон Чолов аз соли 1994 то соли 1998 беш аз 52 млн рублро ташкил додааст ва тибқи қарори Маҷлиси Олии ҶТ аз 14.05.1999 зери №787 фирмаи мазкур аз пардохти 5 навъи андозҳои давлатӣ ба мӯҳлати 2 сол озод шуд. Асноди мавҷудбудаи бойгонии ин фирма исбот мекунад, ки ба 468 нафар афроди ҳоҷатманд ба миқдори 23400 кг орд ба маблағи 4 млну 680.000 рубл беподош тақсим шудааст. Ба кӯдакистонҳои шаҳр, боғчаҳо, касалхонаҳо, мактаб-интернати «Бепарастон»-и ш.Кӯлоб ба маблағи 1 млну 668 ҳазору 816 рубл кӯмаку дастгирӣ шудааст. Танҳо дар 1 ҷамъомад ба иштирокчиёни ҷангу меҳнат ба маблағи 805000 рубл тӯҳфа инъом шудааст. Кӯмаку дастгириҳои солҳои 2007-2014 бошад 346035 сомонист.

 

Кӯмак ба селзадаҳо

Баҳори соли 2010 ба сари мардуми шаҳри Кӯлоб офати табиӣ омада, чӣ қадар одамон бе сарпаноҳ мондаю азият кашиданд ва командир Чолов бе ягон супоришу амр аввалин шуда, ба ин мардум дасти кӯмак дароз карда, ба офатзадагоне, ки дар назди варзишгоҳи марказии шаҳр дар хаймаҳо мезистанд, 500 адад матрас, 130 дона кампали эронӣ ва 105 метр паласро ба маблағи беш аз 45.000 сомонӣ тӯҳфа карданд. Ҳамчунин баҳри 2 нафар шахси аз офати табиӣ зарардида дар қитъаи дуюми ш.Кӯлоб 2 хона сохта, бо тамоми ҷузъиёти зиндагӣ: аз риштаву сӯзан сар карда, то дегу табақу коса ва қолину оинаи нилгун харида, ба маблағи 286552 сомонӣ тӯҳфа кардааст, ки инро санади комиссияи давлатии қабули раиси ш.Кӯлоб аз 14.09.2010 собит месозад.

З. ОРИФОВ, полковники мустаъфӣ, У. Ғиёсов, полковники мустаъфӣ, Н. САИДОВ, подполковники мустаъфӣ, М.МУРОДОВ, подполковники мустаъфӣ

А. ИБРОҲИМОВ, майори мустаъфӣ, Ф. ЛАТИФОВ, капитани мустаъфӣ

Р. САИДОВ, прапоршик-ҳама аъзои Фронти Халқӣ…

Аз редаксия: Ин матлаб дар таърихи 13.09.2014 ба газетаи СССР расид. 05.11.2014, баъди нашри он Қурбони Чол дар синни 55 солагӣ фавтид, ки ҷояш биҳишт бод. Имрӯз мақоларо ба хотири бори дигар муруре ба зиндагиномаи ин қумандони воқеан ҳам маъруф ва овозадор бознашр кардем ва ҳушдор медиҳем, ки ба қаҳрамононе, ки дар роҳи озодии мову шумо ҳарб кардаву фавтидаанд, санг наандозед. Дуруст гуфтаанд, муаллифин, шумо, ки аз тарс аз хона намебаромадед, имрӯз шери майдон шудаед.

Мо Метавонем!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube