ДАФТАРЧАҲОИ АМОНАТӢ ХОБАНД…

Салом СССР! Бо пош хӯрдани СССР ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон соли 1992 пули рубли шуравӣ ба ислоҳоти пулии гӯшнорасу ғайри қобили қабул иваз шуд – 1100 рубль ба 1 рубл (1100:1).

Дар натиҷа бисёре аз ширкату корхонаҳо ва сокинон муфлис ва хонахароб гаштанд. Ин ҷо ман ашхосеро дар назар дорам, ки дар давоми фаъолияти кории худ аз маоши худ 1 миқдор пасандоз мекард, то дар дами пирӣ ба кор барад.

Чунин ислоҳоти пулӣ на аз рӯи қонуният ва на аз рӯи воқеӣ ба амал омада, ба 1 навъ ғорат кардани мардум шабоҳат дошт. Бо гузашти солҳо ва ба эътидол омадани вазъи молию иқтисодии мамлакат ин масъала то ба имрӯз баррасӣ ва ҷуброн карда нашуда, дафтарчаҳои амонатӣ дар хонаҳои аксари сокинони ҷабрдида хоб аст.

Чаро вакилони парлумон сари ин масъала вокуниш намекунанд? Чаро Вазорати молияи кишвар дар ин бора фикр намекунад? Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар он ҷумҳурии 30 сол пеш нест-ку! Ё муҳтарам вазири молия фикр дорад, ун камбағалон мисли худаш бой шудаанду ниёз ба талофии он талафот надоранд?

Ҷуброни пули рубли русӣ то соли 1992 бояд ҳаллу фасли худро ёбад ва он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Федератсияи Россия баррасӣ шавад.

Э. Камолзода,

нафақагир,

ш. Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube