ДАР ЯК САТР

 16 ноябр ҳамасола дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Муборакамон бод!

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ карданд.

 Агентии авиатсияи грждании Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ, хосса ширкатҳои русие, ки ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, талаб кард, ки дар вақти парвоз аз Тоҷикистон ба Россия ё баръакс, ба мусофирон хӯроки гарм диҳанд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон талаб кардааст, ки ба нигоҳдории ҳайвони ширу гӯштӣ дар ҳудуди пойтахт хотима диҳанд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд.

 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар раддабандии умумии макотиби олии кишварҳои Осиё мақоми 561-умро сазовор гашт.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube