ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ПАХТАЧИНӢ БАРОМАД

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ҳафтаи гузашта ба н.Дӯстӣ ва ш.Кӯлоб сафар намуда, ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшид.

Давлаталӣ Саид нахуст ба ҷамоати деҳоти “Нури Вахш” н.Дӯстӣ омада, дар ҶСП “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшида, барои пурра ва бе талаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.

Бояд гуфт, ки имсол саҳмдорони ҷамъият дар масоҳати 3 ҳазору 568 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ” кишт намуданд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, ба таъкиди кишоварзон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини ҳамаҷониба метавон ба ҳисоби миёна 33,4 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ кард. Ширкат то имрӯз 326 гектар заминҳои пахтаро дефолятсия гузаронида, минбаъд низ ин корҳо идома меёбад. Заҳматкашони н.Дӯстӣ имсол тибқи дурнамо нақша доранд, ки беш аз 18 ҳазор тонна ҳосил ба даст оранд, ки ба ҳар як гектар аз 23,5 то 33,4 сентнерӣ рост меояд.

Пасон, дар Кооперативи тиҷоратии Роҳбар Қосимови Ҷамоати деҳоти “Кӯлоб”-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси ш.Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшида шуд.

Бояд гуфт, ки Кооперативи тиҷоратии Роҳбар Қосимов дар ихтиёри худ 89 гектар замин дошта, имсол дар майдони 40 га пахта, 39 га гандум, 1 га картошка, 2 га пиёз, 3 га ҷуворимакка, 4 га полезиҳо кишт кардаанд ва аз онҳо ҳосили баландро интизоранд. Хоҷагидор мақсад дорад, ки аз 40 га замини пахта 23, 4 сентнерӣ аз ҳар гектар ҳосил ба даст орад.

Ҷ.Мақсуд, СССР

PS: Роҳбар Қосимов (падари Қосим Роҳбар-раиси кунуни н. Ҳисор) собиқ раиси вилояти Кӯлоби РСС Тоҷикистон аст, ки ба таври мармуз дар солҳои 80-уми асри ХХ фавтида буд…

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube