Сокинони деҳаи Баҳористон – 1 ҷамоати деҳоти Гардӣ Гулмуроди ноҳияи Дӯстӣ ба идораи газетаи СССР муроҷиат намуда, шикоят аз оби зиёди заминҳои шолӣ ва кам гаштани дастрасӣ ба оби нӯшокиву полезӣ карданд. Аз ҷумла П.Юсуф, раиси деҳаи Баҳористон – 1 мегӯяд, ки аз ҷабри деҳқонони шоликор дар фасли тобистон онҳо аз об маҳруманд.
– Дар деҳаи мо 140 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд. Аз сабаби бӯйи бад ва пайдо шудани ҳаргуна ҳашарот дар заминҳои шолӣ, дар деҳаи мо гашту гузор карда намешавад. Дар куҷое, одамон барои ҳоҷатхона ҷуқурӣ мекобанд, ҳатман баъди чанд метри аввал об мебарояд. Ҳатто таҳхонаҳои хонаҳои истиқоматии зери замин фурӯ рафта истодаанду касеро парвои ин гуна мушкилоти сокинон нест. Ақаллан ҳамин масоҳати заминҳои корами шолӣ 2-3 километр дуртар аз манзилҳои истиқоматӣ бунёд мешуданд, шояд, ки мардуми деҳа камтар зарар медид, афзуд Юсуф П.
– Чаро соҳибкорони маҳалӣ дидаву дониста дар деҳаҳои аҳолинишин заминҳои шолӣ кишт мекунанд?! Соли гузашта аз ҳисоби ғализиҳои зиёд ва ҳашароти сироятӣ ба Маркази назорати давлатии санитарии вилоят шикоят намудем. Якчанд намоянда омада, барои безарар гардонидани муҳити аҳолинишин доруҳои гуногун тақсим намуданд. Онҳо рафтанду ҳоли мардум ҳеҷ беҳ нашуд, ки не. Хонаи ман дар назди заминҳои кишти шолӣ қарор дорад. Аз ҳисоби серобӣ ба заминҳои назди ҳавлиямон ҳеҷ чиз кошта намешавад. Агар 15-20 сантиметр заминро зер намоӣ барои чизе коштан ҳатман об мебарояд. Ҳарсол мардуми деҳа заҳбуру заҳкашонро тоза мекунанд. Лекин ин соҳибкорони” боинсоф” танҳо дар фикри даромади худ ҳастанд, ки омада обро гирифта, ба заминҳои шолӣ равон мекунанд, таъкид медорад Исломиддин Шарифов, сокини дигари деҳаи Баҳористон -1.
Мардум ба дигар ҷо раванд?
Сокинон мегӯянд, ки раиси ноҳияи мазкур Даврон Нишонзода ба онҳо гуфтааст, ки шоликорӣ дар ноҳияи Дӯстӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар ин маврид ӯ ҳеҷ кор карда наметавонам.
– Мардум хоҳанд, дар дигар мавзеҳо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо мешавад, раванд, дар дигар ҷо зисту зиндагӣ кунанд, – гуфтааст Даврон Нишонзода.
Ин аст посухи раиси 1 ноҳияи калони кишоварзии вилояти Хатлон. Амирбеки Темур, сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон низ дар ин бора чизе гуфта натавонист ва мухбири газетаи мардумиро бо ин сабаб қабул накард. Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон