Сӯи Макка шайхи уммат Боязид,
Аз барои ҳаҷҷу ъумра медавид…
Ба пиндори сирф инфиродии ман, ҳаҷро аз бизнес-ба фарзи Аллоҳ, пиари онро, ки ба даромади молии чанде мусоидат кардааст-ба баландбардории маърифати ҳуҷҷоҷ ва қимори Каъбаро, ки дар он афроде сармоя ғунд меоваранд-ба ҳарамгоҳи тафаккури мусалмонони кишвар бояд табдил кард. Имрӯз ин корро бояд кард, ки пагоҳ дер мешавад, агар нашуда бошад.
Зеро саршумори билотасвир болоравандаи ҳуҷҷоҷ дар кишвари мо, мутаассуф, иллати аслии обрӯрезии…ҳоҷиён ва ҳуди ҳамин маъракаи муҳимтарини мусалмонон гаштан дорад. Ин дар ҳолест, ки мо то кунун бизнесро аз ҳаҷ ва бозори шайтанати худнамоишдиҳиро аз хатми 5-умин рукни Ислом фарқ нагузоштаем.
Мардуми мо дар ҳаҷ он қадар азият мекашанд, ки шояд ягон мусалмони олам накашад. Инро ман мегӯям, нафаре, ки бо афроди зойир замоне бо амри Худо ҳамроҳ будаму тақдир лаббайкагӯи даъвати Иброҳим (а.) кардаам буд. Аҷала нашавед. Сухан сари тафреҳу сохту сози сафари Каъбатуллаҳу Мадинаи Мунаввара нест, ки Кумитаи дин ин ҳамаро чунон созмон дода, ки аз дигар кишварҳо истироҳату фароғату гашту гирди мо беҳтар асту батар не. Зимнан ба Раиси Кумитаи дин, А. Холиқов дар ин маврид танҳо бояд таҳсин гуфт. Баҳс сари дигар чист; сари мушкиле, ки воқеан ҳам мушкили миллӣ шудааст!!!
Дар ҳаҷҷ пиру барно ҷомадонҳои бузурги то 70-100 кг.ма бардошта мегарданд, ки моломол аз туҳфаи хитоӣ ба наздикон асту ҳамсоягон ва 100-ҳо литр оби Зам-Зам мекашанд. Кори ҳуҷҷоҷи мо то ҳаддест, ки бештари вақти зойирин дар дӯконҳои Маккаву Мадина мегузарад, ки дар тоату ибодат гузашта бошад ва бешак аксарият дар сар андешаи харидории ину он ҳадя доранд ва сарҳоро бештар бо ҳамин пур мекунанд, ки бо тавбаву надомат ғанӣ гардонида бошанд. Вале ин ҳама дар ун ҷост!
Дар Тоҷикистони азиз бошад, фарзандону пайвандони ҳоҷибобову ҳоҷибибиҳо дар тӯли ин вақту замон аз бозорҳои маҳаллӣ тасбеҳу атри бадбӯйи хитоӣ, маъруфтар ба «духии ҳоҷиён», ҷойнамозҳое бо ана ҳамон шаклу шамоили каллаи хук (наъузамбиллоҳ), ки дар борааш мо навишта будем, тоқичаҳои сафедаки чиноӣ, ки камарзишу бадсифаттаринанд…мехаранду захира мекунанд, то туҳфаи ҳоҷӣ нарасид, инҳоро бароранд. Магар ин фиреб нест? Оре, мо метавонем ба чашми ҳамсоягон ва хешу ақрабо хок пошему гӯем, ин ҳамаро ҳоҷӣ аз Маккаву Мадина овардааст, вале магар ин афераи мо назди Худо ошкор нест?
Тасаввур кун, хонанда, ки ҳоҷии ба тозагӣ аз Хонаи Худо баргашта, соатҳои аввалини будани худро дар Ватан бо фиреб шуруъ мекунад! Магар фиреби 1 ҳамсоя, 1 хеш беҳтар аз онест, ки мабод дар ғазаб гирифтор шавем? О, ҳоҷӣ, ки шудем, ақаллан чаро намегӯем, ки ин обе менӯшед, оби софи Зам-Зам нест, оби маҳаллӣ изофааш кардаем! Чаро намегӯем, ки ин тӯҳфае, ки гирифтеду ба чашм мемоледу рост истода, чун ҷоизаи олимпӣ аз Маккаву Мадина қабул мекунед, ҳамин ҳоло аз Корвон омадааст? Чаро намегӯем, ки ҳатто аз Хонаи Худо тӯҳфа ҳам омада бошад, моли тозаи давлати буддоист??? Дурӯғе, ки ҳуҷҷоҷ оғоз мекунанд магар подоши баде дар пай надорад? Ва ҳоҷие, ки соатҳои нахустини худро дар Ватан-ш бо дурӯғ, фиреб шуруъ кард, магар дар оянда ҳаққу ҳуқи бардошти часпаки «ҳоҷӣ»-ро дар насаб дорад? Сари ин муаммо бояд фикр кард, мардум!
Ҳоло перомуни ришваву пора дар роҳи ҳаҷ…нагуфтаем. Ва оё ҳоҷие ҳаст, ки гӯяд бидуни фасод ба матлаб расидааст? Яъне бе ришва, бе пораю бе тағо…ҳаҷ рафтааст? Намегӯям инчунинҳо нестанд. Аммо талошҳои сол дар 12 моҳи апаи Гулчеҳра, фурӯшандаи газетаи СССР-ро дидаву шубҳа меорам, ки ҳама ҳуҷҷоҷ бо навбат рафта бошанд (Воқеан муҳаббати апаи Гулчеҳра ба Каъбатуллаҳ ба ҳаддест, ки ин бандаи пургунаҳ боре ҳатто хоб дид, ки апаи мо ҳаҷ гузоридааст!).
Дигаронро намедонам, вале дар маросими ҳаҷ шахсан дари маро борҳо кӯфтаву ваъдаи инъом кардаанд, то миёнчигарӣ кунаму онҳо ба ҳаҷ раванд. Ба онҳо мегуфтам ва ба ту ҳам мегӯям, хонандаи ин сутур: Зинҳор тавассути фасод роҳи васлат бо Худои худро наҷӯед. Бигзор, тавре ки ун муддаиён мегуфтанд, «бе ин намешавад»; бигзор нашавад, вале бо гуноҳ, ҷурм, ҷиноят, яъне «через» ва ришва сӯи Ӯ машитобед!
Ва ахиран агар дар бораи бизнеси ҳуҷҷоҷ нагӯям, чизе нагуфта бошам. Ҳоҷибобоҳои мо дар Мадина бештар бо асалфурӯшӣ машғуланд. Шояд хароҷоташонро мебароранду хуб коре ҳам мекунанд. Вале ба пиндори ман, вақте хонаи Ӯ меравем, набояд дар сар фикри хонаи худро дошта бошем. Эмонат(м)онро асалин кунед, моҳи асал бо Худои худ гузаронед ва ин беҳтар аз онест, ки асал фурӯхтаву коми тамаъ ширин карда бошем(д). Ин фикри сирф инфиродии ман асту онро сари касе таҳаммул намекунам.
Ва аз ҳама охир: Вақте ки мо аз ҳаҷҷи ъумра бармегаштем, аксарияти ҳоҷиёни поку софи мо…дар Дубай фаромаданд. Чун сабаб пурсидем, гуфтанд, молу ашё барои бизнес гирифта, сипас ба Ватан бармегарданд…
…Худо ҳаҷҷи ҳамаи моро қабул кунад ва хонандаи ин сутурро лаббайкагӯи Иброҳими ҳаниф гардонад. Омин!