ИСТАРАВШАН: ҲАЙФИ ЧОЙХОНАИ «ҲАВЗИ МОРОН!»

Ба наздикӣ (21.10.2023) аз тӯйхонаи «Азизӣ» баромада, болотар ба чойхонаи «Ҳавзи морон», ки тобеъи гузари Сангқалоқ аст, рафтам. 1 вақтҳо ин ҳавзи бараш тақрибан 8 метраи чоркунҷа пуробу софу тоза буду об аз таги замин баромада,  сангчаҳои дохили он рангоранг менамуданд. Оби крани назди ҳавз кушода, ба ҳавз не, ба ҷӯй рехта ба беруни кӯча мерафт.

Дар назди ҳавз 1 болохонаи зебои 5 сутундор (дохили он наққошист, ки маҳсули Ота-наққош бо шогирдонаш буд) қомат афрохта, холӣ ва бо дари баста меистод. Гӯё мегуфт: ба ҳоли зори ман нигаред!

  Ин бино бо ташаббуси шоири Халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, шодравон Мирзо Турсунзода, аввали солҳои 1970-уми асри гузашта эҳё гардида буд. Дар ин чойхона худи устод бо адибон Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҷалил, Розиоллоҳ Абдуллозода ва дигарон омада, болои катҳо нишаста, аз боду ҳавои салқини он баҳра бурда, чойи кабуди беғубор менӯшиданд, суҳбат мекарданд. Ҳама ҷо тозаю озода буд! Дар ин ҷо, гирду атрофи ҳавз ва рӯи ҳавлии он катҳои бисёр монда буданд. Маҳфили шеърхонӣ барпо мегашт. Ҳама шоду мамнун буданд. Дар 1 сӯ бӯйи зирбаки оши ҳарифонахӯрон ба димоғ расида иштиҳоро қозгир мекард…

…Аз назди ҳавз бо зинаҳо боло шуда, ба тарафи росташ хона рафтам. Он ҷо чанд дегу ошдони давра менамуд, ки дараш баста буд. Баргашта болотар баромадам, аз тиреза дохили чойхонаи кӯҳнаро назар кардам, ки торик буд. Дари самоворхонаро қулфи баста «зеб» медод. Ба чанд тарафи чойхона дидаи ҳайрат дӯхтам. Хомӯшию хомӯшӣ! Гӯё ин ҷоро ҳама аз ёд бароварда буданд. Каси роҳгузар ҳам нимнигоҳе намекунад. Мегӯянд, ки гоҳ-гоҳ дар чойхонаи «Ҳавзи морон» оши ҳарифона мехӯранд. Дигар вақт ҳеҷ кас қадам намегзорад! Сабаби  наомадани мардум хушк шудани оби ҳавз аст.

Бояд зикр кард, ки сабаби хушкшавӣ чоҳҳои артезианӣ кофтан аст, ки роҳи оби чашмаҳоро гирифтаанд. Аз ин ҷиҳат дар бисёр ҷойҳо ҷои истироҳатҳо маҳв шудаанд. Чойхонаҳо бастаю аз фаъолият мондаанд. Охир, чойхона ҷойи тарбия низ ҳаст! Дар ин ҷоҳо мардуми хурду калон шину хез мекунанд, одоб низ меомӯзанд. Чойхонаи «Ҳавзи морон» яке аз онҳо буд…

Ҷ. Одина,  

ш. Истаравшан

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube