Ҷ.БАЛХӢ: ҲОЛИ ТАБОҲИ КӮДАКИСТОН…

 Сулаймон Султонов, хонандаи доимии рӯзномаи мардумии СССР бо идора тамос гирифта (тел: 933486199), аз ҳолати табоҳи кӯдакистоне, ки ба харобазор табдил ёфтааст, шикоят кард.

– Бинои кӯдакистоне, ки дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ ҷойгир асту сохтмони он аз даврони шуравӣ то ба имрӯз ба мерос мондааст, ба дараҷае ба харобазор табдил ёфтааст, ки баъди дидани ин манзараҳо кас дар ҳайрат мемонад. Дохили биноҳои ин кӯдакистон ба дараҷае ба ахлотхона табдил ёфтааст, ки аз бӯи ғализ дар ин мавзеъ истодану нафас кашидан ғайриимкон аст. Тааҷҷубовар он аст, ки ин кӯдакистон ҳамагӣ 200 ё 300 метр дуртар аз бинои ҳукумати ноҳия қарор дорад.

Маълум, ки барои бунёди ин муассисаи томактабӣ маблағи зиёд лозим аст. Аммо барои тоза кардани гирду атрофи он гузаронидани як шанбегӣ чӣ мушкил дорад? Масъулини дахлдори ҳифзи муҳити зист, ҷамоати шаҳрак, назорати санитарию эпидемиологӣ ва идораи коммуналии ноҳия ба куҷо менигаранд? Магар онҳо ин ифлосиҳоро дар ин мавзеъ намедида бошанд? Ё мунтазиранд, ки бӯи ғализи ин мавзеъ кай ба машомашон мерасад?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube