ҶАЗО БАРОИ ФОЛБИНӢ САХТТАР ШУД

Вазорати корҳои дохилии кишвар эълон кард, ки минбаъд назорат аз болои шахсони сеҳру ҷодугар, таълимоти ғайриқонунии динӣ, муллоҳои тумору таштобдиҳанда ҷиддӣ гашта, барои ин гуна шахсон рӯйхати ягонаи бақайдгирӣ ҷорӣ карда мешавад. Ба шахсоне, ки ба мардумфиребӣ, яъне сеҳру ҷоду, фолбинӣ, тумору таштобдиҳӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ рӯзгузаронӣ менамоянд, ҷазо дар намуди меҳнати маҷбурӣ ба муҳлати то 6 моҳ таъйин карда мешавад.

Бисёр кори нагз шудааст, зеро аксар вақт маҳз аз дасти фолбину ҷодугарон зиндагии оилаҳо пош мехӯрад. Мақомоти қудратӣ бояд хеле пештар аз ин ҷилави  фиребгарони ҷодупарастро мекашиданд.

Макнуна Пирова, хонанда ва муаллифи фаъоли газетаи мардумӣ аз ш. Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube