КАЛ БОШӢ САРИ ХУДАТРО ТАБОБАТ КУН!!!

Ба назар мерасад, имрӯз ин масали мардумӣ моҳияти худро гум кардааст. Зеро калҳо имкон доранд, ки акнун сари худро табобат кардаву битлакҳои дарозашонро ба ғамза гузошта, тавассути роликҳои таблиғотӣ калҳои дигарро низ ба мӯйчаспонӣ даъвату ташвиқ созанд. Кор ҳамингуна рафтан гирад, дар ҷамъияти мо дефитсити нав «камчинии калҳо» мушоҳида хоҳад шуд….

 

Хуршедсарҳо ва мӯй

 Имрӯз часпондани мӯй, яъне «пересадка волос» дар тамоми дунё мӯд шудааст. Якчанд шумора пеш Алиҷон Боқиев, яке аз хонадагон ва мухлисони газетаи СССР ба редаксия омада, пурсид, ки чаро сафи калҳо бо забони адабии дар ГЖК роиҷшуда – «хуршедсарҳо» солҳои ахир дар кишвар ба маротиб афзудааст?

Газетаи мардумии СССР тасмим гирифт, вобаста ба муйсаррезии мардон 1 матлабе омода намояд. Чун дар редаксияи мо, мутаассифона (!!!), 1 кал ҳам нест, барои ба иззати нафси хуршедсарон нарасидан, тасмим гирифтем, Омирона ин гузоришро таҳия созад. Мо Метавонем!

 

4 чизе, ки шуморо кал мекунад

Мӯйи сари инсон асосан дар 4 ҳолат ба рехтан сар мекунад:

1) Дар вақти асабӣ шудан

2) Дар вақти ғизои нодуруст хурдан

3) Дар вақти истифодаи нодурусти шампунҳои химиёвӣ

4) Ирсият, ба забоне аз кал – кал таввалуд мешавад.

Беҳруз Асланбаев, мутахассиси ин соҳа, яъне мӯйчаспонӣ, ки тоза дар кишвари мо мӯд шуда истодааст, дар ин бобат мегӯяд, ки айни ҳол шумораи гирифторони резиши мӯи сар, ё худ калҳо натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон ба маротиб афзудааст. Сабаби резиши мӯи сар ин пеш аз ҳама ирсият (мерос) аст. Агар дар авлод падару бобо, кал бошанд, пас насли оянда – бачаҳо, набераву аберагон ҳам дар зиёда аз 50% ҳолатҳо метавонанд кал шаванд.

– Кал шудан ё сари кал доштан байни ягон миллат чи ғарб бошад ва ё шарқ умуман дилписанд нест ва бисёриҳо шахсони калро таҳқир мекунанд. Аз ин лиҳоз шахсони бе мӯи сар аз калшавӣ шарм дошта, ба кофтукови сабаб ва роҳҳои табобати ин камбудӣ ё беморӣ сар мекунанду мутахассис мекобанд. Мӯисаррезӣҳоло бештар  дар истифодаи ғизои нодуруст хурдан аст. Истеъмолӣ хурокҳои камвитамине, ки барои мӯи сар ҳамчун ғизо ҳатмӣ мебошанд, метавонанд сабаби резиши мӯи сар шаванд, – мегӯяд Беҳруз Асланбаев.

Мутахассисин мегӯянд, бургеру чиккену фри ва ғизои маснуъи хитоӣ беш аз ҳама мардуми моро кал карда истодаанд.

 

Асосан мардҳо кал мешаванд!

– Мӯйрезӣ ва калшавӣ асосан ба ҷинси мард дахл дорад. Дар байни занҳо кам дида мешавад, ки мӯи сар резад. Усулан калшавӣ ин беморист! Ва агар мабодо байни занҳо ягон нафар кал шавад, ҳатман сабаби гирифторияш ба ин беморӣ истифодаи нодурусти шампунҳост. Фарзи мисол баъди истифодаи шампуне, ки ба мӯи сари зан писанд несту аммо зан ба мӯи худ истифода мебарад, мӯйи сари духтарон-занҳо мерезаду ё кам мешавад, вале одатан калшавӣ ба назар намерасад. Агар ҳам мӯй резад, танҳо мӯйи пешонии сари занҳо мерезаду халос, таъкид медорад мутахассис.

Шахсони бе мӯи сар бештар вақт сабаб ва роҳи бартараф кардани калшавии сари худро аз дӯстон, рафиқон, шиносон, ҳамкорон ва дигарон пурсон шуда, аз истифодаи хизмати духтур худро дар канор мегиранд. Ва гуфтан ҷоиз аст, беҳуда. Зеро ҷӯраатон агар кал бошад-сари худашро табобат мекунад!

 

Миллионҳо барои сари 1 кал

Барои шумо мардон ҳоло дар Тоҷикистон мутахассисон ба шинондани мӯй ба ҷои калшудаи сар шуруъ кардаанд, ки метавон аз ин амал таҷриба кард. Нархаш ҳам арзон: 2 доллар барои 1 тори мӯй. Ва агар бигирем, ки дар ҳар саре на кам аз 80-100 ҳазор мӯй аст:

-маламӯйҳо-150.000

-сияҳпичагон – 110.000

-зардинаҳо – 80.000 дона ба ҳисоби миёна тори мӯ доранд.

Ва Худое накарда, шумо сияҳмӯеду кали торс пас ҳамагӣ бояд 220 ҳазор доллар баробар бар 2 млну 406 ҳазору 800 сомонӣ дар ҷайб дошта бошед.

Гарон? Нахоҳед кал гаштан гиред. Табобат маҷбурӣ нест…

Хуршедсарҳо, тоссарҳо ва калҳои пулдор, ба пеш!

 

Омиронаи Сайёф,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube