ХАЙР ХАРГУШ! САЛОМ НАҲАНГ!!!

Мушу бақару палангу харгӯш шумор,

З-ин 4 чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор,

В-он гоҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,

Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.

(Абунасри Форобӣ, китоби «Нисоб ус сибён»)

Дар ин 4 мисраъ тамомии солшумории бобоӣ гирдовар шудааст. Ва агар ин шеърро аз бар кардӣ, хонанда, дигар метавонӣ роҳат ва бе ишколе мучал ё худ мурҷалро фолкушоӣ намоӣ. Воқеан ҳам солшумории мо басе қадимтар аз аврупоиён аст, ҳарчанд мучал ё худ мурҷал соли аждодии мо нест, мо онро аз уйғурони Чин қабул кардаем, вале такмилу таҷдид сохтаем. Зеро Тоҷикон дар ҳама давру замон дастовардҳои хуби илмиву амалиро писанд мекарданд ва роҳат қабул ва ин аст, ки фарзи мисол чун Абунасри Форобӣ фарзандони фарзона ба дунё меовардем…

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ, маъруф ба исми Ал-Форобӣ (Alpharabius) соли 870 дар Фороби Тоҷикон, ҳоло вилояте дар ҷануби Қазоқистон таваллуд шуда, 14 декабри 950 дар  ДимишқСурияи кунунӣ фавтидааст. Адиб, файласуфриёзидон, мусиқишинос ва донишманди тоҷик. Форобиро танҳо бо ин «иллат», ки дар сарзамини кунунии Қазоқистон таваллуд шудааст, имрӯз қазоқ унвон кардаву ба номаш муҳру пулу сиккаҳо мезананд ва касе намепурсад, ки соли 870 як сӯ, то соли 1917, то инқилоби ленинӣ, қазоқу қирғиз ҳатто алифбо надошт, чӣ расад ба олиму донишмандон. Қазоқҳо ин иддаоро низ пеш меоранд, ки Форобӣ қазоқ буду бо забони давлатӣ, яъне форсии Тоҷикӣ иншо мекард. Бо такя бар ҳамин далел озариҳо Низомии бечораро турки озарбойҷонӣ мехонанду ӯзбеку қирғизу қазоқу дигар бодиянишинҳо боқӣ фарзандони фарзонаи миллати моро «прихватизастия» кардаанд.

Аҷиб ин нест, ки фарзандони Тоҷикро бодиягардон «худӣ» мекунанд, аҷобат он аст, ки мо -Тоҷикон ҷои соҳибӣ кардани фарзандони фарзонаи хеш думби уштури арабро қапидаву аз тамомии дастовардҳои миллиямон рӯ мегардонем. Фикр дорем, фарзи мисол, Абдуқодир барин аз фарҳанги авастоӣ пуштигир шавем, «оптом и в розницу» дӯзах меравем. Бо ҳамин тарси примитив мо урфу одати миллиро куллан куфр эълон кардаем. Дигар барои мо на Наврӯз хуш асту на Сада хушоянд. Ҳатто ҷашнҳои арӯсиро бо такя бар қонун дар бораи Танзим маҳв кардем. Дигар на сартарашон асту на шуяк-шуяк ё худ на маросими ба ҷаҳони мардӣ воридшавии ҷавонону на саршӯвони арӯсон. Ҳоло дигар оши наҳори туркиву муғулӣ мӯд шудааст. Оши палав тоҷикист, албатта, вале саҳар ғизо хӯрдану таъҷилан пайи шубонӣ давидан, ки молро гург нахӯрад, аслан моли мо набуду нест!!!

Имрӯз, ки Соли Нав меояд, фанатҳои мо сари он ҳам даъвову дағо доранд. Ба инҳо монем, одам дар зиндагонӣ бояд ягон тӯю сӯр, шодиву нишот накунад. Зеро мо-мусалмонон барои ғаму ғусса ва гиряву андӯҳ таваллуд шудаем. Мусиқӣ ҳаром (дар ЯГОН китоби осмонӣ манъ нест!), шодӣ ҳаром, нишот ҳаром, тараб ҳаром… О, чӣ барои мусалмон ҳалол аст ҷуз намозу ҷиҳод???

Вале баҳси мо имрӯз сари Соли Нав аст. Мутаассуф, ҳатто дар долонҳои ҳукумат низ дугунагӣ ва дуандешӣ роиҷ аст дар ин маврид. Фарзи мисол, то дастури шаҳрдорӣ нашуд, то 5 декабр, дар ЯГОН идора Арча набуд. Зеро ин арчаи орову торо ёфтаро низ фанатҳои галстукдор куфр эълон кардаанд. Ҳол он ки арча ё худ сарвро мо ҳамеша ороиш мекардаем. Соиб:

Сарв аз бе самарӣ хилъати наврӯзӣ ёфт,

Ҷигари хеш махӯр, гар самаре нест туро!!!

Соли Нав, ба самъатон расонам, хонандаи закӣ ва ҳушманд, тақвими давлатдории мост! Ҳар нафаре дар ин давлат кору фаъолият дорад, ҳар касе дар ин давлат зиндагонӣ дорад, агар зидди таҷлили Соли Нави тақвимист, бояд депорт шавад. Фарзи мисол равад ба Саудӣ ва монандаи даҳҳо ҳазор тоҷику афғону ӯзбеку лақайе, ки тӯли 100 сол беш дар ин сарзамин зиндагонӣ доранду шаҳрвандӣ на, ба сар бубарад. Мо зидд нестем! Вале ба 1 шарт: дигар мурдаву зиндаи онҳоро Ватани мо, ки дар Сарқонун дунявӣ эътироф шудааст, на-би-над!

Воқеан ҳам «дунявӣ» будани давлати Тоҷикон моро муваззаф месозад, ки аз Соли Нав таҷлил кунем. Зеро тибқи Сарқонун давлати мо, ки шукри Худо 98% мусалмон асту имрӯз ё пагоҳ 120% ҳоҷӣ мешавем, мувофиқи календари Григорианӣ ва дунявӣ амал мекунад, на ҳиҷрии қамариву шамсӣ.

Ва ана акнун баргардем сари иддаое, ки Соли Нав ин таҷлили зодрӯзи Исо, ба қавли худобехабарони мутаассиб «пайғамбари урус»-ҳост. Аввал ин ки Исои Масеҳ пайғамбари Худост ва номаш дар 2 китоби Худованд, дар Инҷилу Қуръон расман сабт шудааст. Ҷое гуфта нашудааст, Мусо, Исо ё Муҳаммад (дуруд бар онҳо) пайғамбари 1 қавму 1 кешу 1 динанд. Онҳо пайғамбарони ҳамаи муъминин мебошанд: муъмин, касест, ки ба Худо, китобҳои ӯ ва расулонаш имон овардааст. Пас, агар ин зодрӯз – рождествои Исо ҳам бошад, чаро аз он мо – мусалмонони Тоҷик ҷашн нагирем? Гулрухсори нозанин мегӯяд:

Ман пайкари бегазанди ному насабам,

Ман душмани ҷовидони ториву шабам.

Аз ҷисми Масеҳ мех хоҳам чидан,

Дар ҳифзи паёми хақ ба мижгону лабам!!!

Ва 4 ришпараст, ки худро такягоҳи Ислом ва «ҳомии Худо» мехонанд, фикр доранд, Гулрухсор куфр гуфта? Инҳо худ гумроҳанд, хонанда ва ба доми гумроҳон уфтодан 2 карат гуноҳ аст. Ҳоло мегӯянд, СССР ва СМ зидди динанд. Неъ! Мо зидди зоҳиру ришпарастием, ки фарқе аз бутпарастӣ надорад. Ва ин иддаои мо-аҳли андеша садсолаҳост давом мекунад. Бедил:

Ин қадар риш чи маънӣ дорад.

Ғайри ташвиш чи маънӣ дорад?

1 нахуд каллаю 10 ман дастор.

Ин каму беш чи маънӣ дорад??

Ҳазар аз воизи мисвокбасар.

Ақрабу неш чи маънӣ дорад???

Бедил ин ҷо ҳама риш асту фаш аст.

Милату кеш чи маънӣ дорад?!

Фузунтар аз ин, Ришпарастонро дигарон низ мазаммат кардаанд. Аллома Рафиъои Нотинӣ, қутби исломи даврони хеш:

Баргашта зи ислом ба хеш омадаам,

Пас рафта ба ин гумон, ки пеш омадаам.

Ин қавм, ки дар паноҳи риш омадаанд,

Гурганд, ки дар либоси меш омадаанд!!!

Зинҳор хонанда аз печати дасти ин худобехабарони ришпараст, ки ҷилвакунон ба масҷид мераванду ба чапу рост тамғаи куфр мезананд, наҳарос. Аз инҳо боре бипурс, ки худашон биҳиштиянд ё дӯзахӣ, мусалмонанд ё кофир??? Амир Хусрави Деҳлавӣ:

Гар савму намозат зи пайи ҷаннату наҳр аст,

Ё Раб, ки ту он ҷаннату анҳор наёбӣ.

Вар бими Худо нест, туро бим зи нор аст,

Ё Раб, ки халос аз дараку кор наёбӣ!

Чашми ғазаболуди ту дар дӯзаху хулд аст,

Тарсам, ки бадин дида ту дидор наёбӣ.

Муҳаммади Ироқӣ фузунтар аз инҳо ва саххтар аз пешиниён «асҳоби риш» ва «аҳли рикоби рио»-ро мазаммат мекунад:

Ба тавофи Каъба рафтам, ба Ҳарам раҳам надоданд,

Ки буруни дар чи кардӣ, ки даруни хона оӣ

Ба қиморхона рафтам, ҳама покбоз дидам,                                                                              

Чу ба савмаъа расидам, ҳама зоҳиди риоӣ.

Дари дайр мезадам ман, ки нидо зи дар даромад,

Ки: “Даро, даро, Ироқӣ, ки ту ҳам аз они моӣ!».

Соли Нават муборак, хонандаи гиром, аҳли завқу асҳоби хирад. Ҳамин ҳоло, ки ин сутур менавиштам, Акрамхон Давлатов, хонандаи сарсупурдаи мо, узви Ихвон ал СССР аз шумораи №1, ки тамомии матлабҳои газетаи мардумиро азёд медонад (хотираи феноменӣ дорад!!!), занг задаву гуфт, шумораи солинавиро интизорам, ки чӣ менависед? Ба ӯ, ту, хонандаи ин сутур ва аҳли рикоби Ришу асҳоби Рио ин байтро чун ҳадяи Соли Навӣ ва низ барои тафсиру ташреҳ пешкаш менамоям:

Мушрикон вақте 2 чашматро тамошо мекунанд,

Зери лаб гӯянд: ҳаққо, қул ҳуваллоҳу аҳад

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube