МОРО БА ҶАНГИ ГЕРМОН БАРЕД

Мухбири мо чанд ҳуҷҷати хеле муҳимеро пайдо кард, ки барои хонандаи ҷавони муҳтарами имрӯза боиси шараф аст.

Ба ин нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки 2 июли соли 1941, яъне 83 пеш аз тарафи Афғон Маҷидов ва Саид Баротов навишта шудаанд, нигаред! Матни мухтасари ариза бе ислоҳ чунин аст:

 

Ба райвоинкомати райони Кулоб

Аз номи допризивники с/қ Теблай

к/з Коммунист Мадҷитов Афғон

                         Ариза

Дар баробари аризаи худам ба шумо

чунончи навишта маълум менамоям

ки манро ба хоҳиши худам

аз ҳамин рӯз иборат ба сафи

армияи сурх баред гуфта

аризадиҳанда

доприздивник (имзо) Маджитов

2/VII 41.

 

Дар поёни ариза ба забони русӣ:

 Маджитов Афган 1920 г. рожд, просить о добровольном зачисление на фронт по борьбе с германским фашизмом. Адрес тебалайский с/с к.з Коммунист.

Акнун ба аризаи дигар, ки аз тарафи Саид Баротов, баъди 2 рӯз, яъне рӯзи 4 июли соли 1941 бо хати лотинӣ навишта шудааст, нигаред! Матни хеле нохонои он чун буда, ки:

Ба райвоенкомати райони

Кулоб аз номи допризивники

соли 1915 к/з ба номи Сталин с\с

Даҳана Баротов Саид

 

Ариза 

Дар баробари аризаи худам

навишта ба шумомаълум менамоям ки ман ба хоҳиши

худам ба болои … (хонда намешавад)

мондаи германия ба сафи мудофияи

ковалерии мамлакати худамон ба

болои он саг ҳуҷум карда ҳам-

чунин он сагро ҳамон қадар занам ки

то зери замин дароварда … гуфта…

 

аризадиҳанда/даъватшавандаи советӣ

Баротов   (имзо) Баротов

4 июли 1941 сол 

 

 Афсӯс, ки дар бораи ин сарбозони аз ноҳияи Тебалай ва Даҳани ноҳияи Кӯлоби имрӯза ба ғайр аз ин ду нома, хабари дигаре дарёфт карда натавонистем.

Аз сармуҳарир Сайёфи Мизроб хоҳиш карда мешавад, ки ба вазири Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо расман муроҷиат кунад, то дар бораи тақдири ояндаи ин ду аскари сурхи ҳамшаҳрӣ ягон маълумоти дигаре низ пайдо карда шавад.

Дар бораи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 навиштаву хотираҳо хеле зиёд аст, ки дар ин рӯзномаву 1000-рон рӯзномаҳои серварақ достон (таърих)-и он намегунҷад. Диққати шуморо ана ба ин масъалаи муҳим ҷалб карданием.

 

Анҷоми хеле кутоҳи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

Дар ин ҷанг мардуму артиши зиёда аз 62 кишвари дунё иштирок кард, ё ба таври дигар гӯем ба ҷанг кашида шуда буд, ки ҷамъияти он замони ин кишварҳо зиёда аз 1 миллиард буд. Ҷамъ аз дасти ҷангзодагони фашистиву ҷопони миллитаристӣ,  наздики 100-120 миллион одам кушта шуда, зиёда аз 650-700 миллиони дигар захимӣ, бепову бе даст ба беморхонаву манзили хеш баргашта буд.

То замони боз ҳам аз тарафи мансабдорони Москва барҳам додани СССР дар 15 кишвари он 9-уми май расман Рӯзи Ғалабаи мардуми Шуравӣ аз болои фашизми гитлерӣ бо тантана гузаронида шуда, ҳама вақт саҳми босазои ин мардуми зафармандро борҳо қадрдониву эҳтироми бузург мекарданд,.

Ба шумои хонандаи муҳтарам ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки дар 10-12 соли хабарнигорӣ дар гузаронидани ин Ҷашн дар ВАО-и Россия калимаю ибораҳои “СССР”, “Мардуми Шуравӣ”, “15 ҷумҳурии Шӯравӣ” тамоман шунида, навишта ҳам намешавад. Агар шавад, хеле ба назар намерасад.

Масалан аз рӯйи маълумоти носаҳеҳ дар ҶБВ зиёда аз 290-300 ҳазор аскари даъватшудаи тоҷик, мардонавор ҷангида буд, ки зиёда 100 ҳазори он кушта шуд.  Мисоли аз ҳама саҳеҳ дар он аст, ки танҳо ҳангоми ҳимояи шаҳри Москва дар тирамоҳи соли 1941, дар қатори дивизияи генерал Панфилови қаҳрамон, дивизияи 20-уми номдори саворагарде, ки дар шаҳри Сталинобод ташкил карда шуда буд, аз дигарон дида, қаҳрамонии хеле зиёд нишон дода буд. Аз он замон 83 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аз аскарони ин дивизияи шуҷоъ ягон ному нишоне нест, ки нест.

Рафта-рафта барои ҷавони имрӯза ин Ҷанги Бузург моҳияти худро гум хоҳад кард. Барои далериву шуҷоът ба 54 аскари тоҷикистонии он замон унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуда буд, ки агар аз ҷавони имрӯза пурсӣ 1, ё 2 нафари онҳоро номгир карда метавонад, ё не.

Бояд гуфт, ки бе либос на танҳо зиндагӣ, ҳатто ҷанг низ карда намешавад. Маҳз заҳаматкашони пахтакори тоҷик ва бародарони ӯзбеки ҳамсоя Армияи Сурхро бо сару либос, лавозимоти тиббӣ ва борут таъмин карда буд.

Ба болои 10-ҳо, 100-ҳо миллион тон хурокаву дигар лавозимот сокинони ҷумҳурӣ зиёда аз 120 миллион рубли нақд ҷамъ карда, барои сохтани танку ҳавопаймо, ба корхонаҳо равон карда буданд. Дар танаи ҳавопаймои ҷангӣ номи “Тоҷикистони Советӣ” навишта шуда буд, ки то ҳол дар ягон саҳифаи таърихи ин ҷанги хонумонсӯз ба назар намерасад.

Чунин аст достони хеле ва хеле ва аз ҳама талхи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945.

 

Сарчашмаи ҳуҷҷатҳо: Китоби

“Бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ”,

Москва, 1918.

Шамсиддини Муқим,

Москва, “СССР”.

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube