МУАЛЛИМРО ЁД НАКАРДАНД…

Омӯзгор Ҷобиров Зубайдулло аз зумраи инсонҳое буданд, ки ҳамеша дӯстдори шогирдон, рафиқу дӯсти хуби ҳамкорон, падари меҳрубони фарзандон, дӯстдору дилсӯзи хешу таборонанд. Вай дар оилаи омӯзгорон ба дунё омада буд ва ба ин касби пуршараф меҳри беандоза дошт. Маслиҳатчӣ ва роҳнамои ӯ дар ин ҷода падараш, омӯзгори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Изатулло Ҷобиров – омӯзгори фанни математика ва модараш Давлатова Тоҷинисо – омӯзгори фанни забони англисӣ буданд. Азбаски ӯ бо нони ҳалоли омӯзгорӣ ба воя расида буд, тамоми нозукиҳои ин касби пуршарафро аз худ карда, ҳамагӣ 52 сол умр дид.

Ҷобиров Зубайдулло хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буда, соли 2021 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор дониста шудааст. Қобилияти ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, 4 апрели соли 2023 бо фармони Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ва фармони МИҲД ноҳия ўба вазифаи директори МТМУ рақами 68-и ноҳияи Рӯдакӣ таъин намуданд. Ба ин ҳурмату эҳтиром низ сазовор буд, аммо умр ба ӯ вафо накард. 22-юми июни соли 2023 ӯ ногаҳон, бе ягон дарду ранҷ, дар синни 52-солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфта, ба олами ухравӣ пайваст. Орзу, ормонҳо ва нақшаҳояшро ба зери хоки сард бурд.

Хеле афсӯс, ки ҳамкорон ва шогирдонаш ӯро рӯзи 1 сентябр – Рӯзи Дониш ёд накарданд…

Шабнам Хоҷаасанова,

ҳамсари марҳум,

омӯзгори фанни забони русӣ МТМУ-и рақами 68,

н.Рӯдакӣ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube