МУТАХАССИС ЛОЗИМ, НА ҚУВВАИ КОРӢ

93% ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯҳистон асту ин сарзамин аз канданиҳои фоиданок бой. Масалан, ҷое, ки ман истиқомат дорам, ноҳияи Мастчоҳ кӯҳҳои Қурма ё Муғул мегӯянд, хело аз маъдан ба монанди тилло ва уран бой мебошад. Дар давраи СССР шахтаҳои Олтин (Зарнигор), Қуруқсой (Обшорон), Такалӣ  (Суғдиён), Табошар (Истиқлол), Консой, Чоруқдорон ва Адрасмон кор мекарданд, ки ҳазорҳо одамон соҳиби кор ва маоши хуб буданд. Дар хотир дорам, ки мардуми русзабон ба Тоҷикистон ба кор меомаданд.

Ин корро имрӯз ҳам кардан мумкин аст. Бояд бо давлатҳои технологияаш пешрафта шартнома баста, мутахассисони баландихтисосро ба кор даъват кард. Ба мо мутахассис лозим, қувваи корӣ не.

Ба гуфти мутахассисон дар Тоҷикистон зиёда аз 40 чашмаи шифобахш манзараҳои зебо ба монанди Зарафшон, Варзоб, Қаратоғ, Сафеддара, Бадахшон ва садҳо мавзеи дилнишин мавҷуд аст. Фақат мо бояд роҳҳои мошингард ва меҳмонхонаҳои босифат созем. Агар мо сайёҳиро ривоҷ диҳем, ҳазорҳо одамон ба ҷои кор таъмин мешаванд ва ба буҷети давлат даромад мешавад.

Дар оянда ҷавонҳое, ки барои кор ба хориҷи кишвар мераванд, аз назорати комиссияи давлатӣ гузаранд. Сафоратхонаҳои мо муҳоҷирони ба кор рафтаро ба қайд гирифта, аз болои онҳо назорат баранду дар пайи ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо шаванд.

Ҷаббор Мирзоев,

н. Мастчоҳ

тел: 920161670

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube