НОМИ МАН – АБДУҒУЛОМ…

Солҳои охир баҳси ному номгузорӣ ба кӯдакон, хосса бештар гузоштани номҳои арабӣ ва туркӣ боиси пеш омадани баҳсҳои зиёд байни олимону зиёиён ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ мегардад. Аксарият ба маънои номи интихобкардаашон эътибор надода, аз луғатҳо надидаву нахонда, ба фарзандон номҳои арабиву туркӣ мегузоранд.

Он, ки ном арабӣ аст, маълум, ки аз китобҳои диниву ирфонӣ гирифта шуда, бо баҳонаи «номи китобӣ» ва бо тавсияи чалламуллоҳое интихоб мешавад. Вале он, ки ном туркӣ аст, ин аллакай маънои онро дорад, ки филмҳои туркӣ ба фарҳанги мо сахт таъсир гузоштаанд ва ба ҷойи номҳои поку беолоиши форсиву тоҷикӣ мардум ҳамакнун ба фарзандони худ номҳои туркӣ мегузоранд. Аз ин пас кӣ ин шоҳшиори Ленини муъаззамро рад карда метавонад, ки «Аз ҳама санъатҳо барои мо муҳимтаринаш кино аст?».

Ном ва номгузорӣ ин буд мавзуъе, ки ин ҳафта мухбирони газетаи СССР пайгирӣ карданд. Бо мо бошед, ки Мо Метавонем!

 

Элифу Ясамину Миран мавқеи Зайнабу Ойишаро танг карданд

Сароғоз аз дӯстам Зӯҳро Шамсиева, ки муаллимаи синфҳои ибтидоӣ буда, ба синфҳои 1-4 дарс мегӯяд, пурсидам, ки дар байни хонандагоне, ки тоза ба мактаб омадаанд, кадом номҳо бештар вомехуранд?

Муаллима гуфт, ки дар байни хонандагони синфҳои 4 бештар номҳои Ойишаву Зайнабу Роҳила, Бенёмину Комрон, Абдумуталибу Абдулбашир зиёд вомехӯранд. Дар байни хонандагони синфҳои 1-ум бошад ҳоло Ясамину Элиф, Мирану Рейхану Эмин бештар шудааст ва маълум аст, ки ин номҳо аз филмҳои туркӣ гирифта шудаанд, зеро номи қаҳрамонҳои асосии сериалҳои туркианд.

Бубинед, агар 4-5 сол пеш мардум бо баҳонаи номи китобӣ ба фарзандон номи арабӣ мегузоштанд, имрӯз номҳои туркӣ мавқеи «номҳои китобӣ»-ро танг кардаанд. Дар ҳоле, ки аҳли зиё пайваста дар бораи пантуркизму аз муттаҳид шудани туркзабонон дар минтақаи Осиёи Марказӣ бонги хатар мезананд, волидайни мо, алалхусус модарон, ки аз субҳ то шом назди ТВ нишаста, шабакаҳои туркиро тамошо мекунанд, барои амалиёбии ин раванд ба туркзабонон кӯмак мекунанд…

Бо 1 ҳарф, агар тӯли 20 соли ахир арабзада мешудем, ҳоло хатари пантуркизм моро ба коми нестӣ кашидаасту мо бехабар…ба Фарзандон исмҳои туркӣ мемонем.

Сардабири СССР, ҳафтаи гузашта, дар маҷлиси редаксия қисса кард, ки рӯзи шанбе дар ноҳияи Сарбанд, дар тӯйи 1 эшони таоруфӣ будам. Аз гулдухтаракони дӯстрӯяки сирф бо симои тоҷикӣ, ки чун анъана дар деҳот қошуқу табақ мешӯянд, ном пурсидам. Аксарият номи туркӣ доштанд: Ясамин, ҳамоно Ёсумани мо, Мирэн (Худо медонад, маънош чист?)… Падаре бошад бо фахр гуфт, исми духтари ман Элиф аст. Ба ӯ гуфтам-гуфт сардабир-эй беадаби бесавод, о ҳамин Элиф ҳамон Алифи қаблист. Чаро кӯркӯрона номро туркӣ кардаӣ, ки гуфт, «очаш номгузорӣ кардааст»…

 

Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ

Зимни пайгирии мавзуъ ба дасти мо китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», дар нашри охир бо тағйироту илова, ки ҳамин сол дубора чоп шудааст, расид. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ онро дар якҷоягӣ бо Вазорати адлия, Вазорати молия, ВКД, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ТВР, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мураттаб сохтааст. Қарори марбути Ҳукумати кишвар бошад 02.03.2023 ба тасвиб расидааст.

 Феҳристи мазкур аз 3652 номи духтаронаву писарона ва 299 номи тавсияшаванда иборат аст. Варианти электронии ин Феҳрист дар сомонаи расмиии Кумитаи забон ва истилоҳот ҷойгир шуда, ин китоб тавассути Вазорати адлияи кишвар ба тамомии шуъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) дар 68 шаҳру ноҳияи мамлакат тақсим шудааст.

Ин феҳрист характери тавсиявӣ дошта, зимни номгузории фарзандон волидайн метавонанд номи интихобкардаи худро бисанҷанд ва ё тавассути муроҷиати электронӣ (http://www.kumitaizabon.tj) ба Кумита дар бораи маънои номи интихобкардаашон шарҳ бипурсанд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади навиштани дурусти номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона дар 3 шакл: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дода шудаанд.

 

Далел барои андеша:

1 дӯстам нақл кард, ки 1 рафиқи ӯ ба наберааш номи «гӯшнавози арабии китобӣ», яъне Роҳила гузоштааст. Ва аз ин нафар, ки луғатдон аст, маънии номи набераашро пурсидааст. Рафиқи ман гуфтааст, ки маънои «роҳила»- хар, маркаб, хутик аст! Он рафиқаш пушти сар хорида, ба фикр рафтааст ва ин дӯстам фикр кардааст, ки хайрият 1 духтарро аз ситами «харигарӣ» раҳо бахшидам. Вале -мегӯяд ин дӯст -чанд сол пас хонаи ҳамон рафиқ меҳмон шудам, ки ҳамон Хар, бубахшед, Роҳиларо аллакай арӯс мебаровард. Бо ҳамон ном!!! Чун ин дӯст сабаб пурсидааст, ун рафиқи бесаводаш гуфтааст:

-Хар ҳам бошад, номи китобӣ ва арабист, номи тоҷикии кофирӣ нест-ку?!…

 

Ғуломпарастон…

Зимни омӯзиши Феҳристи номҳои нави «миллии тоҷикӣ» ва тавсиявӣ таваҷҷуҳи маро 1 чиз ба худ бештар ҷалб намуд ва ин ҳам бошад аз ҳад зиёд будани номҳои писарона, ки бо калимаи «Абд», яъне ғулом, банда сар мешаванд. Дар китоби расмӣ, ки ба ЗАГСҳо тавсия шудааст 61 номи ғуломӣ мавҷуд аст.

Аз он ҷумла, Абдулвадуд, Абдулбасир, Абдулқуддус, Абдулсамеъ, Абдулбашир, Абдулҳай, Абдулмуттаҳир, Абдулборӣ, Абдулқосим. Калимаи «Абду-Абдул» дар луғатҳои маънои ғулом (ин ҷо ғуломи сифоти Худованд)-ро дорад ва ин номҳо дар фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ қабул шудаанд!!! Аз масъулин пурсида мешавад, куҷои ин номҳо «милливу тоҷикӣ» бошанд?

Ин ҷо ба ёдам Бобои Ғуломи таърихӣ ва қаҳрамони ҳамешагии СССР омад. Ҳар гоҳе, ки мо Бобои Ғуломро ёд мекардем, бархе аз хонандагон занг зада мегуфтанд, ки Ғулом нагӯед, зеро ғулом – ғулом (раб) аст, айб аст, шарм аст, одамро ғулом хондан. Аммо ҳоло чӣ? Аз ин маълум мешавад, ки Бобои Ғулом ҳам Абдул… будаасту даҳҳо ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки номашон бо часпаки Абдул сар мешавад, пир, ки шуданд, Бобои Ғулом…

 

Тешаву Олучаву Гелосу Карамшо рафт…

Лозим ба таъкид аст, ки номҳое, ки аз вожаҳои ифодакунандаи ранг, ҳайвонот (ба истиснои шер, ки рамзи далериву мардонагӣ мебошад) ва парандагоне, ки хосияти бад доранд, бархе аз меваву сабзавот, ашёи рӯзгору масолеҳ (Теша, Табаралӣ, Карамшо, Олуча, Гелос) ба феҳрист ворид карда нашудаанд. Ҳарчанд инҳо сирф вожаҳои тоҷикиянд.

 

«Аллоҳ» ва мо

Дар асоси меъёри таърихии забони тоҷикӣ дар охири номҳои мардона калимаи «аллоҳ» ва гунаи савтии он «уллоҳ» дар шакли пурра навишта мешаванд – Сафиаллоҳ, Исматуллоҳ, Мақсадуллоҳ, Баҳруллоҳ ва ғайра.

Абдуллозода бояд акнун Абдуллоҳзода шаваду Раҳматуллоев ҳатман Раҳматуллоҳев ва номи хоини миллат Абдулло Раҳимбоев Абдуллоҳ Раҳимбоев навишта гардад ва шояд баъд аз ин мақомоти иҷроияи вилояти Суғд ҳайкалашро барандозанд.

 

Номи Пайғамбарро нашканед!

Номҳое, ки аз номи пайғамбар ташаккул ёфтаву дар тули таърих ба ихтисор дучор шуда, дар шакли ма, мат, мад, мамад, маҳмад корбурд мешуданд, дар феҳрист дар шакли пурра ва дуруст ворид гардидаанд:

Гулмад – Гулмуҳаммад, Нормат – Нормуҳаммад, Мадкарим – Муҳаммадкарим, Маниёз – Муҳаммадниёз, Шоҳмат – Шоҳмуҳаммад, Маҳмадҷон – Муҳаммадҷон.

 Акнун чеҳраи номдори вилояти Кӯлоб, ки замоне пешвои олами криминал буду номаш маъруфу машҳур дигар набояд Маталӣ, ки МуҳаммадАлӣ навиштаву хонда шавад…

 

«Шоҳ»-у «Бек» бояд бошанд

Инчунин дар асоси меъёри таърихии забони тоҷикӣ дар аввал ва охири номҳои мардона калимаи «шоҳ», ки собиқаи деринаи номсозӣ дорад, дар шакли пурра навишта мешавад ва барои истифода дар номҳо тавсия мегардад:

Шоҳназар, Шоҳрух, Давлатшоҳ, Меҳробшоҳ ва ғайра.

Дар ҷамъ ҳарфи «ҳ», ки дар савтиёти талаффузи Тоҷикон раво нест, минбаъд бояд навиштаву талаффуз гардад. Яъне Суҳробшои Фаррухшо, аз ин ба баъд бояд номашро дар паспорт ва эфир иваз карда, чунин нависад:

Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ!!!

Ба ин қисмат номи шоҳи Ҳулбук – Шоҳболро низ метавон ворид кард, ки қаҳрамони таърихист ва дар соли 714 лашкари ҷаррори арабро торумор карда буд. Аммо дар китоби тавсиявӣ номашро фаромӯш кардаанд, ки ҷо кунанд.

Дар асоси меъёри таърихии забони тоҷикӣ дар аввал ва охири номҳо калимаи «бибӣ», «моҳ», «бек», «ҷон» ва «хон» истифода мешаванд:

Бибигул, Марямбибӣ, Моҳлиқо, Давлатмоҳ, Бекмуҳаммад, Сафарбек, Ҷонфидо, Каримҷон, Хоналӣ, Шарифхон, Идибек ва ғайра.

 

Тафриқаандозӣ манъ аст!

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба номи шахс илова намудани тахаллусҳои «мулло», «халифа, «тура», «хоҷа», «хуҷа», «валӣ», «охун», «амир», «суфӣ» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегардад, манъ аст!

Акнун фаҳмидӣ, хонанда, ки СССР барои муаллифон часпаки «ҳоҷӣ» ва «мулло»-ро чаро корбаст намекард? Мо бе ин тавсиянома низ оқибати ин амалро дарк карда будем. Мо Метавонем!

 

Номи ман – ҷаҳони ман?

Новобаста аз ин ҳама тавзеҳоту тавсияҳо боз ҳам вомехуранд ҳолатҳое, ки ба атфол номҳои ғайриодӣ гузоштаанд ва ё ном дар тарҷума масалан ба забони арабӣ бисёр дағал аст. Мардум, хосса волидайн низ пеш аз ном гузоштан ба фарзанди хеш бояд сари маъниву маънои номи интихобкардаашон андешаронӣ кунанд.

Дур намеравем, тавре дар боло ишорат шуд, маънои номи духтаронаи Роҳила бо арабӣ борбар, хар, маркаб аст ва нашояд ба духтар чунин ном гузошт. Шояд барои мардуми мо номи Роҳила мақбул бошад, вале вақте арабҳо ном пурсанд ва «хари боркаш» будани номи 1 духтар ғайриқобили қабул аст.

Элиф, Мирэн, Ясамин ё Жасмин… Чунин номҳо, дар Феҳристи номҳои тавсиявии мазкуру муҳимтар аз ин дар фарҳанги номгузории миллати мо нестанд, вале чигуна аз тарафи кормандони ЗАГС санаду ҳуҷҷатгузорӣ карда мешаванд? Сари ин мавзуъ мо ҳатман аз роҳбарияти Раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳем пурсид. Мо пайгири мавзуъ мемонем. Мо Метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

Аз редаксия: 1 нусхаи китоби «Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ» дар нашри нав (соли 2024) дар идораи газетаи СССР ҳаст ва хоҳишмандон метавонанд зимни меҳмонӣ, дар бораи ин ё он ном маълумот бигиранд. Танҳо дар охир 1 чизро мехоҳам илова кунам – мо тавассути ин феҳрист номи тамомии кормандони газетаро санҷидем – номи ҳамаи мо дар феҳрист ҳаст, яъне номамон номи сирф миллист. Мо Метавонем!

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube