НОС – БОМБАИ БЕТАЪХИР

Дар пайи ба ҳукми қонуни даромадани бархе аз тағйирот дар Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим», ки манъи идгардаки кӯдакон, либоси ба фарҳанги тоҷикӣ бегона ва танзими ҳоҷиталбонро дар бар мегирифт, чанд нафар хонандагони газетаи мардумӣ бо идора тамос гирифта, пешниҳод намуданд, ки кашидани нос низ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар баробари тамоку – сигор манъ шавад. Дар қиёс бо тамоку мардум пешниҳод менамоянд, ки на танҳо кашидани нос, балки истеҳсол ва фурӯши он низ бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд қатъиян манъ гардад.

1 хонандлаи дигари мо, ки нахост номашро фош кунем, афзуд, «агар чунин қонун пешбарӣ гардад, мебинем, ки бархе аз депутатҳои носкаши мо чигуна овоз медода бошанд?»

 

Зарари нос – 10 маротиба бештар аз сигор

Бояд гуфт, ки нос ин навъи тамокуест, ки онро бе дуд додан мекашанд. Нос асосан хоси мардуми Осиёи Миёна ва Афғонистон буда, мардуми ӯзбек, тоҷик, уйғур, туркман, қирғиз, қазоқ, қароқалпоқ, пашту ва хоразмӣ аз он хеле зиёд истифода мекунанд. Он аз паспондаҳои баргҳои тамоку ва оҳаки шукуфондашуда омода гардида, гоҳо ба он каме равған ва ҳар гуна хушбӯиро илова мекунанд. Оҳаки шукуфондашуда барои ҳарчи зудтар ҷабида шудани никотин дар хуни организми инсон мусоидат мекунад. Табибон мегӯянд, ки таъсири нос назар ба тамоку – сигарет 10 маротиба бештар аст, яъне инсонро хеле зуд гирифтори бемории саратон (саратони даҳон) намуда, организмро тез вайрон ва бемор менамояд.

 

Носкаш наркоман аст?

Коршиносон мегӯянд, бале, носкаш ҳам муътод аст. Ва ин ки муллову намозгузорони мо бо ин иддао, ки «нос дар Қуръон манъ нест!» (аҷаб бехирадие!!!), онро оистеъмол мекунанд, бори дигар собит месозад, ки носиҳо дигар касаланд, муътоданд, наркоманад ва бе нос наметавонанд!

Носи осиёимарказӣ на танҳо ба Россия роҳ ёфт, балки носкашон онро пасон то ба Беларусу Украина, Молдоваю кишварҳои Прибалтика, Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Муғулистон, Покистону Эрон, Ҳиндустону Бангладеш, Шри – ланка, Малайзия, Индонезия ва кишварҳои Араб ҳам бурданд. Нос дар Аврупо тамокуи дуднашаванда барои кишварҳоиҷаҳони 3-юм ба шумор меравад. Мегӯянд зумрае аз кормандони радиои Озодӣ дар Прага ҳам сахт носиянд…

 

«Запрет»: нос дар кадом кишварҳо манъ аст?

Истеҳсоли носро, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле маъмул аст, ҳатто дар замони советӣ натавонистанд аз байн бубаранд, айни замон бошад истеҳсол ва фурӯши он озодона сурат мегирад. Ҳол он, ки аз рӯи Қарори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ аз 21 октябри соли 2022 воридот, истеҳсол, фурӯш ва паҳн кардани маҳсулоти тамокуи дуд намекардашуда, аз он ҷумла снюс ва нос манъ аст.

Воридот, истеҳсол ва фурӯши нос дар Федератсияи Россия низ аз соли 2013 манъ шуд, вале боз ҳам ба ин нигоҳ накарда, шаҳрвандони мо рустию ростӣ баклажкаҳои пури носро бо худ мебаранд.

Дар баробари ин «запрети русӣ» манъи фурӯши нос дар кишварҳои Беларус ва Туркманистон низ ба ҳукми қонунӣ даромад. Дар Туркманистон носро ҳанӯз соли 2008 расман манъ карда, бо наркотик баробар карданд.

Воридот, истеҳсол, фурӯш ва паҳн намудани нос инчунин дар кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ – Таможенный союз низ манъ аст. Ба Иттифоқи гумрукӣ бошад давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия шомиланд.

Дар  Амрико ва Аврупо маводи мухаддир бештар маъмул аст ва сари носи осиёимарказӣ полис камтар майна об мекунад. Вале агар шумо барои истифодаи шахсӣ носро ба Аврупо бурданӣ шудед, пас тибқи талаботи Иттиҳоди Шенген бояд декларатсияи гумрукӣ ва ба расмиятдарорӣ анҷом диҳед, вагарна воридот, истеҳсол, фурӯш ва паҳни нос дар аксарияти кишварҳои Аврупо қатъиян манъ аст.

 

Дар Тоҷикистон нос манъ шавад!

Хонандагони газетаи мардумии СССР бар он назаранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бояд истеҳсол, истифода ва паҳн намудани носро манъ намояд, зеро нос, хосса мардуми носкаш, маъзарат, бо туф кардни он дар кӯчаю хиёбонҳо, алалхусус дар чорроҳаҳои назди чароғакҳои роҳнамо ҳусни шаҳрҳои моро коста гардонда, ифлос мекунанд. Кашидани нос амсоли тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе бояд қатъиян манъ шавад. Зеро агар аҳамият додаӣ хонанда, пеши ҳар чароғаки сурх, 4 дари мошинҳо кушода мешаваду 4 сар баромада, нос туф мекунаду 10-15 сония даҳонашонро бо бақлашка чайқа. Ин ҳолат на танҳо туристон, ки шаҳрвандони одиро низ дилбеҳузур мекунад!

Мутаассуф, вақте мо ин мавзуъро пайгирӣ менамудем, касе аз намояндагони мардум – депутатҳо ҳозир нашуд, ки роҷеъ ба манъи нос суҳбат кунад. Инчунин мо боре нашнидаем, ки Парлумони мамлакат дар бораи манъи нос лоақал боре ҷаласа гузаронда бошад. Шояд ин ҳам ба он хотир аст, ки мегӯянд бархе аз мансабдорон ва курсишинони парулмони касбӣ худ носкашанду ҳеҷ гоҳ намегузоранд дар кишвар истеҳсол ва истифодаи нос манъ карда шавад?

Мо пайгири мавзуъем.

Ҷ. Мақсуд, СССР

 

Дар ҳамин маврид:

 Сигор манъ шуд: Қалён чӣ???

Бар асоси иловаҳо ба қонун, ки Парлумони Тоҷикистон моҳе қабл ба тасвиб расонд, ҷазо барои кашидани тамоку дар ҷойҳои манъшуда сангинтар мешавад. Тибқи қонунгузорӣ кашидани тамоку дар бинои беморхонаҳо, мактаб, идораҳо, даромадгоҳи бинои истиқоматӣ ва чанд ҷойи дигар манъ аст. Ҳамакнун барои барои кашидани тамоку дар ҷойҳои манъшуда, шаҳрванд аз 216 то 360 сомонӣ ҷарима мешавад. Инчунин, тарғиби тамоку, истеъмоли он дар тарабхонаҳо, дар назди шифохонаҳо ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам манъ шуд.

Ва ин дар ҳолест, ки дар Душанбе сафи «Шоколадница»-ҳо, ки ҷои асосии қалёнзании зану духтарони тоҷик аст, зиёд мегардад.

Ҷамила Ҳусейнова

СССР

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube