Подшоҳе фармон дод, ки пиронсолонро бикушанд. Ҷавоне падари худро дӯст медошт. Ҳангоме ки ҷавон хабар ёфт, падари худро дар зеризамини хонааш пинҳон кард.
Вақте ки маъмурон барои тафтиш омаданд, касеро наёфтанд. Рӯзҳо гузашт ва подшоҳ тавассути ҷосусон ва хоинон огоҳ шуд, ки ҷавон падари худро пинҳон намудааст. Подшоҳ қарор дод, ки қабл аз ҳабс кардани ҷавон ва қатли падари ӯ, ӯро бисанҷад. Маъмуреро ба дунболи ӯ фиристод. Маъмур назди ҷавон рафта гуфт: “Подшоҳ туро фаро хондааст, ки субҳгоҳон савор ва ҳамзамон пиёда ба ҳузураш биоӣ.” Ҷавон ҳайрон шуд ва дар ҳолати сардаргумӣ ба назди падари худ рафт ва воқеаро нақл намуд. Мард табассуме кард ва ба фарзандаш гуфт: “Асои бузурге биёр ва рӯи он савор шав ва пиёда назди подшоҳ ҳозир шав!”
Ҷавон дар маҷлиси подшоҳ ҳозир шуд. Подшоҳ аз заковати ӯ дар тааҷҷуб монд ва ба ҷавон гуфт: “Бирав ва пагоҳ дар ҳолати пӯшида ва урён баргард!”. Ҷавон назди падар баргашт ва воқеаро нақл намуд. Падар ба фарзандаш гуфт: “Кафши худро ба ман бидеҳ.” Қисми поён ва пошнаи кафшро бурид ва гуфт: “Инро бипӯш ва назди подшоҳ бирав!”. Подшоҳ аз зиракии ӯ дар ҳайрат монд ва ба ӯ гуфт: “Бирав ва фардо бо дӯсту душмани худ биё!”. Ҷавон назди падар баргашт ва воқеаро нақл намуд. Падар табассуме кард ва гуфт: “Ҳамсарат ва сагатро бо худ бубар ва назди подшоҳ биёр! Ва ҳар дуяшонро бизан!” Ҷавон гуфт: “Чӣ гуна мумкин аст?” Падар гуфт: “Ту иҷро кун, зуд хоҳӣ фаҳмид.” Субҳ ҷавон назди подшоҳ ҳозир шуд ва дар назди подшоҳ ҳамсарашро зад. Ҳамсараш фарёд баровард ва ба шавҳараш гуфт: “Ба зудӣ пушаймон хоҳӣ шуд!”. Ва ба подшоҳ хабар дод, ки шавҳарам падари худро пинҳон кардааст.
Баъд сагашро зад. Саг давид. Подшоҳ тааҷҷуб кард!
Ва гуфт: “Дӯсти вафодор ва душман чӣ гуна аст?”. Ҷавон ба саг ишора кард. Саг ба сӯяш шитофт ва гирду атрофаш бо шодӣ давид!
Ҷавон гуфт: “Ин ҳамон дӯст ва душман аст.”
Подшоҳ дар ҳайрат монд ва гуфт: “Субҳ бо падарат биё!”.
Ҷавон назди падар баргашт ва воқеаро нақл намуд.
Субҳ чун назди шоҳ ҳозир шуданд, подшоҳ падари ҷавонро ҳамчун мушовири худ баргузид. Ниҳоят ҷавон ва падараш ба лутфу фазли Илоҳӣ наҷот ёфтанд.
Падар ҳар гоҳ ба синни боло мерасад, чу ганҷинаест, ки қадру қимати онро намефаҳмем, магар баъди аз даст додани чунин фурсатҳои тиллоӣ.
Падар мактаби комил ва дорои дарояти воқеист. Ӯро чун мушовир ва маҳрами асрори худ қарор деҳ — ҳамеша бо ӯ роҳи ҳал хоҳӣ ёфт!
Худованд ба волидони вафоткардаи мо раҳмат кунад ва ба зиндагонамон умри пурбаракат ато намояд.
Фироқи падар сахт аст ва бенавоӣ ва талхии онро касе намедонад, ҷуз он ки чашида бошад.
Соҳибназар Саидов,
н. Данғара