ПАЁМ – 2023

28.12.2023. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гашт.

Мо тасмим гирифтем муҳимтарин нуктаҳои паёмро манзури шумо гардонем, то огоҳ бошед, ки Сарвари давлат чи гуфтанду ба масъулин чи дастур доданд. Мо Метавонем!

 Аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40% зиёд карда шавад.

Аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30% зиёд карда шавад.

Соли 2024 соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад.

Мо тасмим гирифтем, ки соли 2024 агрегати сеюми НБО -и “Роғун”- ро ба истифода диҳем.

Дар 3 даҳсолаи охир аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 миллион ба 10 миллион нафар  расид.

Соли 2023 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.

 Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди ҳукумати мамлакат сохтори алоҳидаАгентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Вақте ман барои бунёди тасмаи амниятӣ ба соҳибкорон муроҷиат кардам, дар 1 сол 75 иншооти сарҳадӣ ба дараҷаи олӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бунёд гардид.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардид.

 Дар 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ  82 км роҳҳо бо маблағи 2 млрд. 235 млн. сомонӣ азнавсозӣ шуданд.

Сохтмони роҳи мошингарди Қалъаи хумб – Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон 93%, сохтмони 2 нақб бо дарозии 5,2 км ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони 2 пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шохдара, 4,5 км роҳ ва долонҳои зидди тарма 550 метр ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад.

Соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17, 5, меваҷот 10 ва ангур 9 баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳоло талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шири ватанӣ пурра аз ҳисоби истеҳсоли худи Тоҷикистон таъмин шуда истодааст.  Дар ин давра саршумори чорвои калони шохдор 2 баробар, қариб ба 3 миллион расида, чорвои майда 2 баробар қариб 7 миллион ва паранда 1, 2 баробар зиёд шудааст.

Соли 2023 таъминот ба маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85% расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 2,5 баробар зиёд мебошад.

Соли равон қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда ба 4,8 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки ин хеле маблағи калон аст.

Ҳоло дар мамлакат 724 лоиҳа амалӣ гашта истодааст, ки маблағи онҳо ба 152 миллиард сомонӣ баробар аст.

 Дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта ба истифода доданд. Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид.

Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки дар самти дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат, дастрас ва бо фоизи паст, инчунин пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва истифодаи васеи технологияи молиявӣ тадбирҳо андешанд.

Соҳаи саноат ва инноватсия яке аз соҳаҳои асосӣ барои рушди минбаъда арзёбӣ гардида, рушди соҳа имкон медиҳад, ки мо ба пешрафтҳои иқтисодӣ ноил гардем.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар 7 соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 млрд. сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 млрд. сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 137 иншооти тандурустӣ ба анҷом расид.

Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо дар 7 соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Мо чӣ қадар маблағе, ки дошта бошем, ба соҳаи илм равона мекунем, лекин донишмандони ихтироъкорро бояд тарбия кунем.

Соли 2023 шумораи сайёҳон дар кишвар ба 1 млн. 200 ҳазор нафар расид.

Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта, ҷойи 21-умро ишғол менамояд.

Дар кишвар шумораи аҳолии қобили меҳнат мунтазам рӯ ба афзоиш буда, дар 5 соли охир 8,4 фоиз зиёд гардидааст.

Соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

 Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббии санитарӣ лоиҳаи “миллати солим”, ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд.

 Ҳамаи пешравиҳои зикршуда маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадаанд. Аз ин лиҳоз, ба мардуми соҳибмаърифату тамаддунсоз ва шарафманду сарбаланди мамлакат, барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва заҳмати аҳлонаву ободгарона сипосу миннатдории худро изҳор мекунам.

Олимони ҷавонро тарбия кунед! Ҳамаи озмунҳое, ки ташкил кардем, ҳадаф ҳамин тарбия аст. Фақат 1 коғаз надиҳед! Дониш диҳед, тарбия кунед, касб диҳед, ҳунар омӯзонед!

 Ба ягон чиз иваз намекунем озодию истиқлолияти Тоҷикистонро!!!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube