ПУЛ МЕСУПОРЕМУ ҚАРЗДОР МЕШАВЕМ

Зиёдулло Ашӯров, хонандаи доимии рӯзномаи СССР, сокини н. Шаҳринав бо идора тамос гирифта (тел: 938998350), дар бораи ҳисоби пардохти пули истифодаи қувваи барқ андеша ба миён овард.

– Чанде пеш пулчинакҳои шабакаҳои барқии ноҳия барои ҳисоб намудани пули масрафи барқ ба хона омаданд. Баъди ҳисобу китоб мо пули барқро супоридему боз муддате нагузашта қарздорамон бароварданд. Ин муамморо нафаҳмидем, ки чаро мо пули барқро месупорему боз қарздор мешавем? Оё дар ин самт назорат ҳаст ё не? На танҳо аз ман, балки аз чанд ҳаққу ҳамсояҳоямон ҳам ҳамин ҳолат ба вуқуъ омад. Нафароне, ки насупориданд, мегуянд дар телефонҳо СМС омадааст, ки пардохт шудааст. Ин пардохти ғайринақдӣ то кадом андоза ҳақиқат дорад. Оё дар ҳамин гуна пардохтҳо хато карда мешавад ё не?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube