Пахтакорон мегӯянд, ки ҳосилро ба пунктҳои қабули пахта бурда супорида, саривақт маблағашро гирифтан лозим. Аммо пунктҳои қабули пахта ба мо чӣ кӯмак мекунанд, ки мо ба онҳо пахта диҳем? Пунктҳои пахта бояд омада, аз хоҷагиҳо пахтаро харида, дар ҷояш пулашро пардохт кунанд. Ана он вақт кор мешаваду фиреб аз байн меравад.
Дар вақташ ҳамаи таъминот аз тарафи колхозҳо буд. Мардумро танҳо барои ягона, чобуқу чакана ва ғажд нашудани ҳосил истифода мекарданд, дигар кор ҳама бо мошина буд. Ҳоло ин тавр нест. Деҳқон бояд худаш интихоб кунад, ки пахтаро ба кӣ фурӯшад…
Гурез Сайдалиев,
н. Восеъ