РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: РАҚС КУН – 2

Ансамбли рақси мардона нест…

 11.07.2024. Соат ба вақти Бохтар 9:25 дақиқа. Барои пурратар ва аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо фаъолияти ансамблҳои музофотие, ки бевосита самташон ба соҳаи рақс нигаронида шудааст, сараввал мо ба Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон муроҷеъ гаштем. Аз масъулон доир ба мавҷуд будани ансамбли рақсии мардона дар вилоят пурсон шудем, аммо чуноне маълум гашт, дар ин ҷо аз набуданду надоштани ин навъи санъати баланди ниёгонамон костагӣ эҳсос мегардад.

Дар Кохи фарҳанги вилояти Хатлон ба Хосият Ҳукуматуллоева, ки мутахассиси ансамбли “Хутал” мебошад, муроҷиат карда, хоҳиш кардем, ки моро ба дастаи рақси мардона шомил намояд, то бо супориши редаксия тамринро оғоз намоем. Апаи Хосият аз хоҳиши мо хандае намуда гуфтанд, ки ин гуна рақсро дар мо намеомӯзанд. Ҳарчанд дар вилоят мутахассиси ин самт ҳаст, аммо хоҳишмандон хело кам ба мо муроҷиат мекунанд. Бо 1-2 нафар намешавад, ки ансамбл ташкил кард.

 

Мерақсем???

Аз либосхонаи ансамбли «Хутал» сару либосеро иҷора гирифта, дасту остин барзадем ва худро аввалин хоҳишманду тарафдори пойдории рақси мардона эълон кардем. Ҳарчанд барои тамрин ман на таҷриба доштам ва на ягон маротиба ҷуз маросимҳои оилавӣ дар ҷое рақсидаам. Тули тамрини нахустин маро апаи Хосият ҳамроҳӣ мекарду аз камбудиҳои чашмраси ман эрод мегирифт. Охир, ман ба қавле навшогирд будаму барои исботи ваъдаи додагиам ба хонандагони рӯзномаи мардумии СССР, бояд шомили ансамбли рақс мешудам.

Бо ин ҳама бо сарбаландӣ, назди хонандагони редаксия рапорт медиҳам, ки ман рақсидам! Бале рақси мардонаи халқии аз байн рафтани тоҷикии худамонро. Сару либоси рақсӣ дар тан дар саҳнаи холӣ чунон арғушт рафтем, ки ногуфтанӣ. Одамони маро дар саҳна дида, ба ҳоламон механдиданд, ки ин рӯзноманигор раққос шудааст. Вале ман бо супориши редаксия ҳама хонандагонро ба эҳёи рақси мардона даъват мекунам!

 

Раққосон камҳавсалаанд!

Ҳарчанд пайдо кардани устоди рақси профессионалӣ дар вилоят мушкилӣ нест, аммо хоҳишмандоне, ки мехоҳанд ояндаи худро ҳамчун раққос бубинанд, кам аст. Чаро ансамблҳои мардона рӯ ба таназзуланд? Аз байн рафтани ин навъи санъат ба ояндагон чи медода бошад? Оё барои рушди ин соҳа заминаҳо ҳастанд?

Бобоҷон Наимзода, сокини шаҳри Бохтар бар он назар аст, ки раққосони имрӯза камҳавсалаанд. Зеро даъвати кофӣ ба чунин рақсро надоранд!

   – Ман зиёд мехоҳам рақси мардонаро ҳамаҷиҳата омӯзам. Зеро орзуи балетмейстер буданро аз хурдӣ доштам. Дар оила дар ҳама чорабиниҳо гули сари сабадаму ягон тӯю маърака бе ман намегузарад. Аммо аз он метарсам, ки аз пушти интихоби касби оянда ман беҳамсар мемонам. Зеро одатан мардум ба раққосон духтар намедиҳанд. Агар ягон дӯстдошта дошта бошӣ ҳам, метавонад аз ту рӯ гардонад. Агар чунин муносибат ба рақси мардона давом ёбад, раққосон беҳамсар монда тарки касб мекунанд-мегӯяд Бобоҷон.

 

Маош ва рақс

Аммо Шариф Азизов балетмейстери ансамбли «Хутал» дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки сабабҳои аз байн рафтани рақси мардона гуногунанд ва маоши паст сабаби аслии инқирози ин касб гашта.

    – Мо дар якҷоягӣ дар ансамбл чанд ҷавон, хосса писаронро ба ҳам оварда будем. Аммо чун онҳо ҳамчун шуғл ин касбро пазируфта, барои ояндаи он талоше накарданд. Қисме ба муҳоҷират рафту қисми дигараш аз пайи дигар корҳои серпул ва ҳамин тавр гурӯҳи мардона аз байн рафт. Айни ҳол боз мо мехоҳем ҷавонони воқеан дустдори ин соҳаро пайдо намуда, тарбия кунем. Аммо ёфтани онҳо ҳоло амри маҳолест, – афзуд балетмейстер.

Воқеан доир ба намудҳои маъмулии рақси мардона ҳаминро метавон мисол овард, ки рақсҳои монанди чӯпонбача, нағорабазм, қолинбофӣ, ошхӯрӣ, рақси табақча, намадбофию дигару дигарро мардҳо иҷро мекарданд!  Аммо ҳоло чӣ?

Хонандаи насли калонсоли мо хуб дар ёд дорад, ки рақсҳои болозикр дар фестивалу чорабиниҳои оммавӣ ба таври хело ҷолиб аз ҷониби раққосон анҷом дода мешуд. Ҳамин баъзе сабабҳои ба андешаи мо хом боис гашта истодаанд, то рақси мардонаи сирф тоҷикиро аз байн бубаранд.

 

Балетмейстерҳои дилсард…

Мо хостем аз балетмейстер Ш. Азизов пурсем, ки сабаб дар чист, ки дар озмунҳо ин рақс ҷой дорад, вале ягон хоҳишманди ин касбро намебинем? Ё дар асл ин номинатсия вуҷуд надораду танҳо ба хотири ба хок пошидан ба чашми мардум мо роҳи худфиребиро пеша кардаем? Шариф Азизов дар посух чизе гуфтан нахост…

Албатта сабабҳо гуногунанд. Мо ҳоло дар ёд надорем, ки ягон маротиба ансамбли рақси мардонаи музофоти Хатлон дар хориҷа бо барномае баромад карда бошад? Дар даврони Истиқлолият ҳама шароит барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти фарҳангӣ чи дар марказ ва чи дар музофот муҳайёст. Инро бояд мардона иқрор шуд. Вале раққосони касбие, ки шумораашон дар музофот ангуштшуморанд, барои мисли пештара ва ба ҳолати аввала баргардонидани ин намуди санъати миллӣ, бояд дастгирӣ бинанд. Сафарҳоро ба роҳ бояд монд. Хоҳишмандонро ҷустуҷу ва тарбия бояд кард, то ба ин касбу ин пеша дилгарм бошанд.

 

 Таблиғ ва ҳавасмандкунӣ зарур аст!

Раққосони хатлонӣ солҳои пеш ба Полшаву Афғонистону Россия сафарҳо доштанд. Барои пешбурди санъати рақси мардона саҳми Маҳмадӣ Абдурасулов, Файзулло Каримов, Амонулло Мусоев хело бориз аст. Ҳар яки ин ҳунармандон мактаби худро доштанд, ки 1 рақси минтақаро бо дигараш синтез карда, чизи ҷолибе меофариданд!

Тавре 1 раққоси ансамбли «Хутал» дар сӯҳбат иброз дошт, солҳои пеш дар рӯзҳои фарҳангӣ мардум баъди баромади дастаи раққосон, яъне рақси мардона, чунон ҳаводорӣ мекарданд, ки аз ин мо қабат-қабат гӯшт мегирифтему рӯҳбаланд мешудем. Лек ҳоло ҷавонон аз ин намуди санъат ор мекунанду канора мераванд, ки паёмадаш бад аст.

 

Аз ман раққос мебарояд!!!

Дар шоҳидии мутахассис ва балетмейстер ман аз уҳдаи супориши додашуда баромадам ва баҳои баланд гирифтам. Акнун бовар дорам, ки рӯзе ҳатман масъулон маро ба ягон репетуари рақси мардона қӯш мекунанд, чунки Мо метавонем!

 

Нуриддин Қосимзода,

махсус барои Ихвон ал СССР

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube