РОҲБАРИ МАОРИФПАРВАРИ ҲИСОР

Салом СССР! 3-юми августи соли 2024 мо дар ҳузури иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода оид ба таъмири бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44 ва таъмини он бо мизу курсиҳои мактабӣ суҳбат доштем.

Раис моро самимона пазироӣ карда, арзамонро бо диққати том гӯш кард ва таъкид намуд, ки аз имкониятҳо ҳатман истифода бурда, барои ташкил кардани шароит мусоидат хоҳем намуд. Ман аз мулоқот бо раис шод гашта, бо 3-4 нафар соҳибкори олиҳиммат тариқи телефон робита барқарор намуда, гуфтам, ки аз ҷиҳати мизу курсии мактабӣ танқисӣ мекашем. Соҳибкорони деҳа барои бо мизу курсӣ таъмин намудани мактаб иқдом гирифтанд.  Э, офарин ба ҳиммати баландатон!

28-уми августи соли 2024 бошад Ҷаббор Носирзода ба МТМУ № 44 шахсан ташриф оварда, бо омӯзгорон ва аҳолии деҳаҳои Бобосурхон ва Лойоб вохӯрд. Ин ташрифу суҳбатҳо натиҷаи хеле хуб доданд. Шуруъ аз ҳамон рӯз таъмири дохили синфхонаҳо ва роҳравҳои бинои якуми муассисаи таълимӣ оғоз ёфта, то 1-уми сентябр – оғози Соли нави хониш ба охир расид, ҳамзамон, тамоми тирезаҳои синфхонаҳо шишабандӣ карда шуданд. Шодии хонандагон, омӯзгорон ва аҳолии деҳаро ҳадду канор набуд.

Офарин бар ҳиммататон раиси нави Ҳисор!

Тағоймурод Шарифов,

директори МТМУ № 44,

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube