РСС ТОҶИКИСТОН ВА 15 ҶУМҲУРИИ БАРОДАРӢ

ИНҚИЛОБИ ОКТЯБР

25 октябр (6 ноябр) – и соли 1917 дар Петроград шӯриши мусаллаҳ сар шуд, ки он 7 ноябр Ҳукумати муваққатии буржуазиро сарнагун ва Ҳокимияти Советиро барпо намуд. Синфи коргару деҳқони Россия таҳти роҳбарии Партияи Коммунистӣ дар Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ғалаба карда, диктатураи пролетариатро барпо намуд.

Съезди 2 – юми Умумироссиягии Советҳо, ки шаби 25 октябр (7 ноябр) – и соли 1917 кушода шуд, ба дасти Советҳо гузаштани тамоми ҳокимиятро эълон намуд ва аввалин ҳукумати Советӣ – Совети Комиссарони Халқиро бо сардории В. И. Ленин ташкил кард. Съезд Декрети сулҳ ва Декрети заминро қабул намуд. Ғалабаи РКСО дар таърихи башарият давраи нав – давраи барҳам хӯрдани капитализм ва ба коммунизм гузаштанро кушод.

Ин инқилоб дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании мамлакат табадулоти азим ба вуҷуд овард. Барпо карда шудани Ҳокимияти Советӣ дар пойтахт ва қарорҳои таърихии Съезди 2 – юми Советҳо ба ҳаракати музаффаронаи Ҳокимияти Советӣ дар солҳои 1917 – 1918 замина гузошт. 15 ноябри соли 1917 Ҳукумати Советӣ Декларатсияи ҳуқуқи халқҳои Россияро нашр кард, ки он баробарӣ ва истиқлолияти тамоми халқҳои мамлакат, ҳуқуқи онҳо барои худмуайянкунӣ, то ҷудо шудан ва ташкил кардани давлати мустақил, бекор кардани имтиёзҳо ва маҳдудиятҳои миллию динӣ, инкишофи озодонаи ақаллияти миллӣ ва гурӯҳҳои этникиро эълон намуд…

Моҳи декабри соли 1917 Ҳукумати Советӣ соҳибихтиёрии Украина ва Финляндияро эътироф кард. 10 июл Съезди 5 – уми Умумироссиягии Советҳо нахустин конститутсияи советӣ – Конститутсияи РСФСР – ро қабул кард.

Буржуазия ва помешикон бо ҳокимияти халқ муқобилати сахт нишон медоданд ва ба интервентҳои хориҷӣ як шуда, ҷанги гражданиро сар карданд. Армияи Сурхи коргару деҳқон ташкил ёфт…

Моҳи июни соли 1919 РСФСР, Украина, Белоруссия барои муборизаи зидди душманони беруна ва дохилӣ аз ҷиҳати ҳарбӣ ва хоҷагӣ муттаҳид шуданд. Ба фаъолияти партия ва халқ КМ РКП (б) ва Совети мудофиа бо сардории В. И. Ленин роҳбарӣ мекарданд. То соли 1921 қувваҳои асосии интервентҳо ва гвардиячиёни сафед торумор карда шуданд.

 

ГОЭЛРО ВА НЭП

Дар ин давра съездҳои 9 – уми РКП (б) ва 8 – уми Умумироссиягии Советҳо (1920) барпо гардиданд, ки онҳо барои азнавбарқароркунии хоҷагии халқ чораҳои зарурӣ андешиданд ва плани ГОЭЛРО – аввалин плани перспективанок (пешомад) – и Давлати Советӣ, барномаи муайяни азнавсозиҳои хоҷагии халқро дар асоси техникаи замонавӣ тасдиқ карданд.

Соли 1921 Ҳукумати Советӣ сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) – ро ҷорӣ кард, ки он аз тарафи В. И. Ленин пешниҳод шуда буд. Муттаҳидшавии давлатии ҷумҳуриҳои советии сотсиалистӣ дар сохтмони бомуваффақияти сотсиалистӣ нақши муҳим бозид.

 

РССУ, РССБ, РСФЗ

Съездҳои Советҳои РССУ, РССБ, РСФСЗ (декабри 1922), инчунин Съезди 10 – уми Умумироссиягии Советҳо хеле муҳим ва ба мақсад мувофиқ будани дар давлати ягонаи иттифоқӣ муттаҳидшавии ҷумҳуриҳои советиро эътироф намуданд.

30 декабри соли 1922 дар Москва Съезди 1 – уми Советҳои СССР кушода шуд, ки он Декларатсияро оид ба ташкили Иттифоқи Республикаҳои Советӣ Сотсиалистӣ тасдиқ намуд. Съезд мақомоти олии Ҳокимияти ИРСС – КИМ СССР – ро интихоб кард. Дар Сессияи 2 – юми КИМ ҳукумати СССР – Совети Комиссарони Халқӣ бо сардории В. И. Ленин ташкил карда шуд.

Соли 1922 ба ҳайати СССР, РСФСР, ки 7 ноябри соли 1917 ташкил ёфта буд, РССУ (таъсисаш 1919), РССБ (таъсисаш 1919), РСФСЗ (1922 дар ҳайати РСС Гурҷистон, РСС Арманистон, РСС Озарбойҷон ташкил шуда буд) дохил буданд.

31 январи соли 1924 нахустин Конститутсияи СССР қабул карда шуд. Соли 1925 ба ИРСС ва Ӯзбекистон (РАСС Тоҷикистон дар ҳайати он буд) ва РСС Туркманистон (таъсисаш 1924) дохил шуданд.

Соли 1929 мустақилан Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфта, ба ҳайати СССР дохил шуд.

 

РСС ТОҶИКИСТОН

Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, 14 октябри соли 1921 чун республикаи автономӣ дар ҳайатии РСС Ӯзбекистон таъсис ёфт. Аз 16 октябри соли 1929 РСС Тоҷикистон – ҷумҳурии мустақил ва аз 5 декабри соли 1929 ба ҳайати СССР шомил гашт.

Тоҷикистон дар ҷанубу шарқи Осиёи Марказӣ воқеъ буда, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар шарқ бо Чин ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 143,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 4648 ҳазор нафар (ба маълумоти 1.1.1986).

Вилоятҳои Ленинобод (ҳоло Суғд), Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа (ҳозира Хатлон), Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ва 44 ноҳияи маъмуриро дар бар мегирифт. 18 шаҳр ва 49 птш дошт. Пойтахташ шаҳри Душанбе (аҳолиаш 565 ҳазор нафар, соли 1986).

РСС Тоҷикистон – давлати сотсиалистии коргарон ва деҳқонон, республикаи иттифоқии советии сотсиалистӣ дар ҳайати СССР. Конститутсияи РСС Тоҷикистон 14 апрели соли 1978…

Органи олии ҳокимияти давлати Советӣ Олии якпалатагии РСС Тоҷикистон мебошад, ки ба муҳлати 4 сол интихоб мешавад. Дар давраи байни сессияҳои Совети Олӣ органи олии ҳокимияти давлатӣ Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мебошад.

Органи олии иҷроия ва амрдиҳанда Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аст, ки ба фаъолияти вазоратҳо, комитетҳои давлатӣ роҳбарӣ менамояд. Органҳои ҳокимияти маҳаллӣ Совети депутатҳои халқии вилоятӣ, районӣ, шаҳрӣ, посёлкавӣ ва қишлоқӣ мебошанд.

Органи олии судии Тоҷикистон Суди олии республика мебошад, ки онро Совети Олӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мекунад: (дар ҳайати 2 коллегияи судӣ (оид ба корҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ) ва Пленум амал мекунад. Ба ғайр аз ин, Президиуми Суди олӣ ташкил дода шудааст.

Прокурори РСС Тоҷикистон аз тарафи Прокурори генералии СССР ба муҳлати 5 сол таъин карда мешавад (то соли 1991)…

 

Умар АЛӢ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube