Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд.
Марҳилаи пешбарии номзадҳо ба интихоби Маҷлиси Намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ҳам ба ҳавзаҳои ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳам ба ҳавзаҳои якмандатӣ ба анҷом расид.
Бо қарори Комиссияи марказӣ рӯйхати номзадҳои пешбаринамудаи Ҳизби Аграрии Тоҷикистон – 13 номзад, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон – 13 номзад, Ҳизби Демократи Тоҷикистон – 4 номзад, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон – 6 номзад, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон – 6 номзад ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – 28 номзад тасдиқ карда шуд.
Аз 01.02.2025 ҳамаи мусофирон, аз ҷумла зоироне, ки барои адои Ҳаҷ ва Умра ба Арабистони Саудӣ мераванд, бояд гувоҳномаи эмгузаронӣ бар зидди менингит пешниҳод намоянд.
Соли 2025 барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба ҷавонони тоҷик 170 стипендияи президентии “Дурахшандагон” пешниҳод гардид, ки назар ба соли гузашта 40 адад зиёд аст.
