Ба таҳқиқ, дафтари кори редаксияи газетаи мардумии СССР – хонаи умеди ҳазорон-ҳазор хонанда гаштааст, ки боиси ифтихор ва ҳам фузунии масъулияти мо дар назди ҷамъият мегардад. Рӯзе, соате ва ҳатто дақиқае нест, ки касе бар мо муроҷеъ нашавад ва перомуни мушкили рӯзгору проблемаҳои ҷамъият ва рушду тараққиёти давлат, патриотизм ва миллатпарастӣ + миллатдӯстӣ ҳарфе, назаре, ақидае баён накунад.
Миллатдӯстдории мо имрӯз ба чашми бадбинони миллат ва душманони дохилӣ чун хор мехалад. Онҳо талош доранд, патриотизми моро бар миллатгароӣ пайванд созанд. Ва аммо хато мекунанд! Зеро мо умеду армонҳои Сарвари Давлати Тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро амалан матраҳ месозем. Мо дар симои Пешвои миллати хеш фарди ғаюру ҷасуру далеру пурғурури миллатсозеро дидаву дарк кардаем, ки дар даврони каҷдорумарезҳои сиёсати глобалии имрӯза ин ҳамаро бо дипломатияи хубу сараи давлатмардӣ зевар бастааст.
Имрӯз замоне нест, ки танҳо бо ура-патриотизми хушку холӣ метавон ба ҳадаф расид. Имрӯз давлатҳои бутун аз миён рафта истодаанд. Кишварҳое, ки собиқаи садсолаи давлатдорӣ доштанд, дигар нестанд! Глобал-политика ҳамаро ба коми хеш фурӯ мекашад. Давлатҳои бузург ба коми ҷанг кӯчида, ба нестӣ, ба маҳв маҳкум шуда истодаанд.
Барои мисол дур намеравем. Бинед, бо Афғонистон чӣ шуду бо Украина чӣ мегузарад ва бо Сурия чӣ гузашт? Ҳоло перомуни Фаластину Ғазза, Лубнону Либиё ҳарфе намегӯем, зеро ин давлатҳо дигар вуҷуд надоранд!
Имрӯз, мутаассуф, сиёсати пирӯз «дипломатияи силоҳ» шудааст. Қатлу кушти ҳазорон кӯдаку зану мард ва пиру барно дигар ҷиноят нест. Давлатҳо ба ҷумбиш омадаанд. Ва соли 2025, ки ҳама умеди сулҳу салоҳ дорем, гумон аст, ки дунё тинҷу ором гардад. Баракс. Ба масали мардумӣ, ки хонандагони СССР сари ин масал 2 моҳи ахир баҳс мекунанд, «Кор турб аст!!!». Зеро абарқудратон метавонанд барои тақсимоти нави кӯраи Замин камар бубанданд. Ҳоло сиёсати «неоколониализм» сари кор меояд, ки басо хатарзост.
Қатлу кушт ва ҷангҳои бебаркаш ва барзиёд 1 тарафи масъала аст. Ва ба назар мерасад, тақсимоти нави ҷаҳонӣ аз Осиё сӯи Амрикову Аврупо кӯч хоҳад баст. Ҳоло сухану баҳс дар глобалполитикаи ҷаҳонӣ сари будан ё набудани Канада барин давлати бузург ва Гренландия барин ҷазираи калонтарини олам меравад (Австралия ҷазира не, материк аст. Зимнан Гренландия бузургтарин ҷазира шинохта шудааст бо масоҳати 2 166 086 км ва 56 653 нафар аҳолӣ). Шамшери овезон-«Дамоклов меч» сари ин 2 давлат овезон аст. Дур нест, ки инҳо ҳувияти истиқоли хешро аз даст бидиҳанд. Зеро Доналд Трамп-президенти тозаинтихоби Амрико, ки рӯзи 20.01.2025 савганди садоқат хӯрда, ба Кохи Сапед бармегардад, сареҳатан мехоҳад ин кишварҳо шомили Иёлоти Амрико шаванд-ихтиёран! Ва аммо сиёсатшиносон усули «ихтиёран – иҷборӣ»-ро низ инкор намекунанд.
Ва ин дар мавридест, ки Пекин мехоҳад Тайванро баргардонад. Шояд хонандаи огаҳи мо донад, вале ағлаби дӯстон надонанд, баҳс сари чист? Бо 1 ҳарф баён месозем:
Тайван, ин ҳамон Республикаи Хитой аст, ки бар худ ҷазираҳои Тайван, Пэнху, Сзинмэн, Матсзу ва ғайраро ғунҷонидаасту исми дуввумаш Республикаи Хитой (РХ) мебошад. Пекин бошад пойтахти Республикаи Халқии Хитой (РХХ), бузургтарин давлати қора ва дӯсти беҳтарини Тоҷикистон мебошад. Пас аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ РХ аз РХХ ҷудо шуд: дақиқан онро бе ҳузури намояндагии 2 ҷониб дар Сан-Франсискои Амрико зери аҳдномаи «Шартномаи Сулҳи Сан-Франсиско аз 08.09.1951» табақабандӣ карданд.
Дидӣ, хонанда, шартномаи Сулҳи Тоҷикон, ки бевосита миёни худи Тоҷикон, бо талоши Сарвари давлати мо-Эмомалӣ Раҳмон баста шудааст, аз ин шарту аҳдномаҳои сунъӣ чӣ тафовуте дорад?
Маҳз набудани ҳузури намояндагии тарафҳои муқобил, баъди ҷанги граждании Хитой, ки бо пирӯзии ҲК Хитой бо сарварии Мао Дзедуни бузург дар соли 1949 поин омада буд, ин мушкил то имрӯз ҳаллу фасл нагаштааст.
Эҳтимоли қавист, ки дар соли 2025 вазъ миёни ин 1 кишвари ба 2 қанот табақабандӣ гардида, то ҳадди баландтарин гарм шавад.
Ба 1 ҳарф, мутаассуф соли 2025 соли ноором дар фазои сиёсии ҷаҳон хоҳад гашт. Ин фарзияи мост, ки худамон ҳам дастбадуоем, ки чунин мабод!!!
Ва аммо тавре Сарвари далати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадаш таъкид месозанд, «мо набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем!». Яъне чӣ? Яъне дар ин гирумадор мо БОЯД атрофи Сарвари Давлат ва Пешвои миллати хеш зичтар ба ҳам биоем.
Тоҷикистон Хонаи умеди тамомии Тоҷикони дунёст! Инро ҳама медонад. Вале болотар аз ин, Тоҷикистон хонаи умеди тамомии мардуми ориётабор гаштан дорад. Имрӯз пӯшида нест, ки эрониёни ҳамзабон аз сартосари олам, барои эҳсоси «ватани аждодӣ» ва «таъми нони очагӣ» ва шунуфти «лафзи модарӣ» маҳз ба Тоҷикистон рӯ меоранд. Сафари Президенти Эрон, ҷаноби Масъуди Пизишкиён ба Душанбе низ аз ҳамин зовия сарчашма мегирад, ки Душанбе барои олами форсигӯйҳо мавқеи вежа касб кардааст.
Афғонҳо-ку, баъди хиёнату ҷинояти Ашраф Ғанӣ ва бузургтарин бозии сиёсии глобалӣ бо тақдири ҳамнажодон дар ун кишвар, Тоҷикистонро ватани худ мехонанд, на танҳо Хонаи Умед….
Пас ҳифзи ин Хонадон, ин Намакдон, ин охирон блокпости Тоҷикону Ориён дар сартосари олами кунунӣ, шарти шаҳрвандӣ, фарзи эмонӣ ва зарурати ҳастии мост, хонанда.
Чанде пеш китоби Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, бо номи «Ақидаҳои ахлоқӣ ва зиддифротии Имоми Аъзам», ки тули 1 соли тақвимӣ дар газетаи СССР нашр мешуд, дар шакли мукаммал ба дасти чоп расид. Ин китобро бояд хонд ва бояд донист, ки агар Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон, маъруф бар кунияти Имоми Аъзам (05.09.699 -18.06.767) намешуд, миллати Тоҷик ва эронӣ, забони тоҷикии форсии дарӣ ҳам намебуд. Агар Имоми Аъзам «Асосгузори забони Тоҷикӣ дар Ислом» (саҳ-11 ҳамин китоб) намегардид, мо на Рӯдакӣ доштему на Фирдавсию на Ҳофизу на Камолу Шоҳину Лоиқу Қаноат…
Ва муҳимтар аз ин, агар Имоми Аъзами тоҷикнаслу тоҷикасл намебуд, Эрону Афғонистону Бухорои Шариф чун давлатҳои Сурияву Ироқу Ҳалабу Мисру Яман забон ва ҳувияти худро аз даст дода, арабӣ мешуданд.
Китобро ҳатман хонед. Шоҳасари Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар ҳошияи мазҳаби ҳанафия нигошта шудаву ба редаксияи газетаи СССР ворид шудааст. Гӯё дӯст, муаллиф ва хонандаи доимии мо, узви Ихвон ал СССР, пуштибони мазҳаб, Ҳоҷӣ Исмоили шодравон медонист, ки газетаи мардумӣ ҳаргиз рафиқони шафиқи гузаштаи худро фаромӯш намекунад ва ин китобро ҳатман ба чоп омода хоҳад кард. Зеро шиори мост, ки:
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!
Мо Метавонем!
