СММ тағйир мехӯрад???

17.10.2023. Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ё худ ООН, лоиҳаи пешбаришудаи Сулҳи оҷил ва Хатми хушунат дар Фаластинро қабул накард! Бо ҳамин мехи охирини худро ООН дар тобуташ кӯбид. Зеро ин раъйдиҳӣ собит намуд, ки мутаассуф, СММ дигар сулҳхоҳу сулҳпараст на, ки созмони ҳавохоҳи манофеи абарқудратон аст.

Ҳич вақт, дар ягон давру замон, бо ягон дипломати СММ мувофиқ набудам, вале гуфтаҳои Василий Небензя ба ҳақиқат наздиканд, ки «овоздиҳии имрӯза собит намуд, ки кӣ тарафдори сулҳ асту кӣ ҷонибдори манофеи ҷангхоҳон!».

Хотиррас мешавем, бар зидди резолютсияи «оташбас дар Фаластин» Амрико, Британияи Кабир, Фаронса ва Ҷопон раъй доданд. Ба забони дигар ин 4 абарқудрат хостори давоми шиддати ҷанг дар қораи Арабанд.

Дар ҳамин маврид Шурои Амнияти СММ аз 15 намояндагӣ иборат аст, ки 5 давлат узви ҳамешагиянд. Инҳо:

– Россия (СССР),

– Хитой,

– Амрико,

– Британияи Кабир ва

– Фаронса мебошанд.

10 кишвари дигар узви муваққатии ин шуроянд, ки барои 2 сол интихоб мегарданд:

50 давлати узви СММ ягон бор узви Шурои муваққати амнияти СММ набуданд, ки Тоҷикистон шомили онҳост. Ҳамин аст, ки Президенти ҶТ дар сафари ахирияш ба Ню-Йорк дархост намуданд, ки кишвари мо низ ҳамчун узви муваққати Шурои Амнияти СММ пазируфта шавад.

Аз байни давлатҳои собиқ узви СССР 7 кишвар ҳич гоҳ узви ин шуро набудаанд. Инҳо:

– Тоҷикистон

– Қирғизистон

 

– Ӯзбекистон

– Туркманистон

– Молдова

– Арманистон

– Гурҷистон мебошанд.

7 республикаи дар собиқ бародарии СССР замоне узви ин шуро буданд, инҳо:

– Эстония

– Латвия

– Литва

– Украина

– Беларус

– Қазоқистон ва

– Озарбойҷон мебошанд.

Таври маълум, Россия-республикаи дигари узви СССР чун меросбари давлати шуравӣ узви ҳамешагӣ ва соҳиби садои ВЕТО (қатъиян манъ) дар СММ мебошад.

20.09.2023. Соат ба вақти Ню-Йорк 10:05 дақиқа. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин халоро пурра карданӣ шуда, кишвари моро барои шомил шудан ба узвияти муваққатии Шурои Амнияти СММ пешбарӣ намуда, дар баромадашон зимни ин пешниҳод ироа доштанд:

«Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳу субот саъй дорад, ки барои солҳои 2028-2029 узвияти ғайридоимии Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро касб намояд. Бо истифода аз фурсат, аз кишварҳои узв даъват мекунам, ки аз номзадии кишвари мо дар интихоботи соли 2027 дастгирӣ намоянд. Дар фарҷоми суханронӣ мехостам бори дигар таъкид намоям, ки расидан ба ҳамаи ҳадафҳои мувофиқашудаи мо танҳо бо роҳҳои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамоҳангсозӣ, ҳамгироӣ ва таҳаммулгароӣ имкон дорад. Дар ин росто, мехоҳам аз мисраъҳои шоир, нависанда ва мутафаккири маъруфи тоҷику форс Саъдии Шерозӣ, ки ба мавзуи ҳамоиши имрӯзаи мо ва татбиқи нақшаҳои зикршуда мувофиқ ва муносибанд, ёдовар шавам:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор»

Воқеан ҳам будани кишваре сулҳсоз чун Тоҷикистон дар ин Шуро, ки дар наздиктарин фурсат, ҷанги таҳмилии гражданиро хатм бахшида, ба роҳи гузашти сиёсӣ, таҳаммулгароӣ, толерантност ва дипломатӣ ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ расидааст, саривақтӣ ва лозимист. Зеро мутаассуф, дипломатияи сулҳ, гузашт ва гуфтушунуфт дар ҷаҳон куллан аз миён рафта, ҷои суханро силоҳ ва мавзеъи муколамаро садои тиру тӯп гирифтааст.

Рӯиҳамрафта, ҷаҳон сари мӯе миёни буду набуд, ҷанги ҳастаӣ (ядроӣ) қарор дорад. Амрико ва муттафиқинаш ҳаргиз намехоҳанд созиш кунанд, ки кишварҳое дигар чун Россия, Хитой, Корея, Покистон ва Ҳиндустон, ки низ соҳиби бомбаи атомиянд, изи пое дар сиёсати имрӯзаи Геополитикӣ дошта бошанд. Ва баракс, Олами №3, тавре, ки абарқудратони G-7 боқӣ кураи Заминро меноманд, дигар намехоҳанд зери юғи Амрико+Англия+Фаронса+ Ҷопон+Германия+Италия+Канада боқӣ монанд. Ин аст, ки созмони навтаъсиси БРИКС (англ. BRICS — Brazil, Russia, India, China, South Africa) тавсеъа меёбад.

Хотиррас мешавем, территорияи аъзои БРИКС 30% кураи Замин ва 42% аҳолии онро дар бар мегирад (ҳоло дар ҷаҳон 8 млрд одам ба сар мебарад). Дар соли ҷорӣ БРИКС аллакай G-7 ё худ 7-гоники Бузургро паси сар гузошт. 7-гоник агар 29,9% ММД оламро таъсис диҳад, пас БРИКС 32,1% Маҷмуъи маҳсулоти дохилии кураи Заминро таъсис дод.

27.06.2022 бошад Эрон ва Аргентина низ барои пазируфтан ба узвияти БРИКС пешбар шуданд. Яъне территорияи БРИКС боз ҳам васеъ мегардад ва ин созмонест, ки мисли G-7 аз боло ба поин, сӯи боқии оламиён, назар намедӯзад. Баракс, БРИКС дарҳои худро ҳамеша боз нигоҳ медорад.

Қарор аст, ки БРИКС боз ҳам васеъ шавад. Ба ин ният, дар Пекин вохӯрии сарони давлатҳои узви БРИКС ва меҳмонону аъзои эҳтимолии он, таҳти форуми «1 камарбанд-1 роҳ» ба кор шуруъ кард. Дар ин форум, ки савумин дидор маҳсуб меравад, 4000 меҳмони воломақом аз 140 давлати дунё иштирок мекунанд.

Тавре хабаргузориҳои хориҷӣ менависанд, меҳмони олиқадри ин форум Путин В.В. будааст: нафаре, ки нахустин шуда, дар таърихи 24.02.2022, «амалиёти СВО» гузаронида, рӯирост бар зидди НАТО ва Амрикову муттафиқинаш ошӯб кард. Форуми «1 камарбанд-1 роҳ» то 19.10.2023 давом мекунад ва дар пасманзари ҷанг дар Украина, ки метавонад Аврупоро ба коми оташ кашад ва ҳамлаи Исроил бар Навори Ғазза, ки Осиёи мусалмониро зидди давлати яҳуд таккон додааст, басо рамзӣ ва умедворкунанда ба назар мерасад.

Воқеан ҳам коршиносон аллакай БРИКС-ро ҷойгузини СММ маррифӣ карда, ба ин созмон бештар умед доранд, ки ба ООН дошта бошанд. Дигар аҳолии ҷангзадаи кураи Замин ҳатто намедонад ба кӣ ва ё чӣ умед бандад, илло иттифоқи наве, ки дар Пекин шояд иттифоқ уфтад…

Мо низ бар ин бовар ва умедем.

Мо метавонем!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube