СНАЙПЕР ЗАЙТСЕВ ФИДОИИ СТАЛИНГРАД

(Охираш. Аввалаш дар
шумора
ҳои гузашта)

Фаъолияти ҷангӣ

Хостанд мерганро ба ақибгоҳ ҷавоб диҳанд, аммо вай истироҳатро ба гардан нагирифт ва боз ба ҷабҳа баргашт.

Моҳи майи соли 1943 армияи 62-юм ба армияи 8-уми гвардиягӣ тағйир дода шуд. Василий Зайтсев дар ҳайати ин армия, дар фронти Ҷанубу Ғарбӣ, баъдан фронти 3-юми Украина дар озодсозии Украина бар зидди истилогарони немис ҷангид.

Дар ёддоштҳои фармондеҳи армияи 8-уми гвардиягӣ Василий Чуйков омада: “Снайпери маъруфи сталинградӣ Василий Зайтсев дар муҳорибаҳо далерона меразмид. Вай ротаи зенитии дивизияи 79-уми гвардиягиро фармондеҳӣ мекард. Дар подомани шаҳр (Киев – У.Ш.) аз ҷониби ҷанубу ғарбӣ, дар маҳали фабрикаи ҷут ротаи Василий Зайтсев ҳамчун қисми тирандоз ба ҳуҷум гузашта, дар якҷоягӣ бо ротаи лейтенант Владимир Бурба, аэродроми ҳарбиро ишғол карданд ва 18 самолёти қиркунандаи фашистӣ “Мессершмитт” ғанимати зенитчиён шуд” ( Чуйков В. И.” От Сталинграда до Берлина…,1985).

Снайпери қаҳрамон

Бо фармони алоҳидаи Президиуми Совети Олии СССР “Дар бораи мукофотонии унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ба лейтенанти хурд Василий Григоревич Зайтсев” аз 22 –юми феврали соли 1943 чунин омада “Барои иҷрои намунавии супоришҳои ҷангии фармондеҳӣ дар ҷабҳаи мубориза бар зидди истилогарони немис ва нишон додани далериву қаҳрамонӣ” бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, бо мукофотонии ордени Ленин ва медели “Ситораи тилло” сарфароз гардонда шавад…

Василий Зайтсев  дар озодсозии Донбасс аз фашистон, дар муҳориба барои Днепр иштирок кард. Барои Одесса ва Днестр бо душманон дар разм буд.

Моҳи майи соли 1945-ро капитан В.Г. Зайтсев дар шаҳри Киев, дар гос-
питал гузаронд…

Шоёни зикр аст, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Василий Зайтсев барои снайперҳо ду китоби дарсӣ навишта, ба табъ расонд. Маҳз ӯ усули шикори снайперҳоро бо унвони “шестёрками” кор карда баромад. Снайперҳо аз он усул то ҳол истифода мебаранд. Он ба чунин навъ аст: як мавқеъ (зона)-и ҷанги ҳарифро баробар се ҷуфти снайперҳо (тирандоз ва дидбонҳо-мушоҳидакорон) бо оташ манъ медоштанд (тирборон мекарданд).

Ҳисоби умумӣ: 238 ё 242?

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъд аз он ҳам суоле, ки снайпери мумтози советӣ Василий Григоревич Зайтсев чанд аскару афсари Вермахт (қувваҳои мусаллаҳи Германияи фашистӣ)-ро маҳв намудааст, мавриди баҳсу мунозираҳои зиёд қарор гирифтааст. Хушбахтона, қатъи назар аз вазъияти басо мураккаби ҷангӣ системаи ҳарбӣ – зикри воқеаҳо хуб кор мекард. Кори қайд ва зикри далелу арқом ба низом ва сахт риоя мегардид.

Мувофиқи рақаммонии варақаи мукофотонӣ, дар давраи аз 22-юми сентябр то 19 – уми октябри соли 1942 старшинаи калони дараҷаи I, аскари қатори Василий Зайтсев, “225 аскар ва афсари немисро нест кардааст”.

Дар журнали (китоби бақайдгири)-и амалиёти ҷангии полки 227-уми тирандози гвардиягӣ қайд шуда, ки аз 21-уми ноябри соли 1942 то 16-уми январи соли 1943 Василий Зайтсев “238 немисро қир кардааст”.

Дар мусоҳиба бо Василий Зайтсев дар таърихи 21.4.1943 худи қаҳрамон чунин мегӯяд:

“аз 5-уми октябри соли 1942 то 10—уми январи соли 1943 дар ҳисоби ман 242 немиси нобудшуда ба ҳисоб гирифта шудааст…

Ман ҳамагӣ 30 снайпер тайёр кардаам. Ҳаракати снайпериро низ ман созмон додаам…”.

Рӯзгори осоишта

Пас аз хотимаи ҷанг снайпери маъруф Василий Зайтсев, соли 1945 шаҳри Киевро иқоматгоҳ ихтиёр кард. Чанде коменданти ноҳияи Печёрски Киев буд. Ғоибона дар Институти умумииттифоқии бофандагӣ ва саноати сабук таҳсил кард.

Директори заводи мошинсозӣ, роҳбари фабрикаи дӯзандагии “ Украина”, директори техникуми саноати сабуки Киев буд…

Дар ин миён Василий Зайтсев дар озмоиши армиягии милтиқи СВД иштирок намудааст.

Дар ин давра В. Г. Зайтсев ёддошт-
ҳояшро навишта ба табъ расонд, ки онҳо тавассути нашрияҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак унвони китобҳо:

 Зайтсев В.Г. За Волгой земли для нас не было. Записки снайпера. -М.: Современник, 1981.

Зайтсев В.Г. Метким огнём снайперов// Битва за Сталинград, 4-е издание -Волгоград: Нижне-Волжское книжное издательство, 1973…

Ҳаёти шахсӣ

Дар замони осоишта Василий Зайтсев, ҳангоми роҳбари Заводи мошинсозӣ буданаш бо завҷаи ояндааш шинос шуд. Бонуи хушандому дидадаро Зинаида Сергеевна котиб-корманди партиявӣ буд. Ҳамсари котиб дар ҷанг ҳалок гардидаву аз ин издивоҷ як писар дошт.

Он овон аз пушти Зинаида Сергеевна ба КМ КПСС аризаҳои беимзо ворид гаштанд. Комиссия аз Москва омада аризаро санҷид, навиштаҳо беасос баромад, аммо ҳасудон бекор наистоданд.

Василий Зайтсев барои фурӯ нишондани ғарази аризабозон ва ҳимоят кардани шаъну шарафи котиб пешниҳод кард, ки бону зани вай шавад. Зинаида Сергеевна ин гуфтаро ҳазл пиндошт, аммо шӯхӣ ба шӯхӣ розӣ шуд.

Чанд рӯз пас Зинаидаро назди Василий Зайтсев хонданд. Хонуми ношиносе аз ӯ дархост, то дар чанд варақ – имзо монад. Маълум шуд, ки хонум мудири ЗАГС будааст. Василий Зайтсев ба Зинаида Сергеевна вақти фикр карданро надода, қотеона амр кард, ки имзо гузорад. Ҳамин тавр, онҳо зану шӯ шуданд. Писари Зинаида Сергеевна бо онҳо мезист. Зану шавҳар кӯшиши фарзанддор шуданро карданд, аммо бахташон натофт…

Унвону мукофотҳо

Ба таври хронологӣ:

-Старшинаи дараҷаи I-и флоти уқёнуси Ором (РККФ).

-Старшинаи калони флоти уқёнуси Ором (РККФ).

-Лейтенанти хурди полки 1047-уми тирандози дивизияи 284-уми тирандози армияи 62-юм.

-Лейтенанти калони гвардиягии дивизияи 79-уми тирандози гвардиягии армияи 84-уми гвардиягӣ.

-Капитани гвардия…

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва баъдан Зайтсев Василий Григоревич бо мукофотҳои зерин қадр шудааст:

-Медал “барои шуҷоат” (25.10.1942.).

-Ду ордени Байрақи Сурх (4.12.1942, 10.10.1944)

-Унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, медали «Ситораи тилло» ва ордени Ленини (18.12.1942.)

-Ордени Ҷанги Ватании дараҷаи I (6. 4.1985)

-Медалҳои дигар…

-Шаҳрванди фахрии шаҳри -қаҳрамон Волгоград (Сталинград)

Васияти снайпер

Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, шикорчии моҳири оренбургӣ, снайпери номвари шуравӣ Зайтсев Василий Григоревич 15-уми декабри соли 1991 аз дунё гузашта, дар оромгоҳи ҳарбии Лукяновскийи шаҳри Киев мадфун гашт.

Қабл аз фавташ мергани маъруф васият карда буд, ки ӯро дар Сталинград, дар сарзамине, ки онро аз фашистон ҳимоят карда буд, ба хок супоранд…

Ин васияти қаҳрамон бо гузашти 15 сол амалӣ гашт. 31 – уми январи соли 2006 турбати В.Г. Зайтсевро дар Волгоград (Сталингради пешина) ботантана, бо иззату ҳурмати ҳарбӣ дар Қӯрғони Мамай аз нав дафн карданд.

Хайру хайрият!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube