SOS! ФОТИҲА КАРДАНИ ДУХТАРОНИ МАКТАБХОН МЕАФЗОЯД

Имрӯз ба мо одат шудааст, ки духтарамонро аз синфи 7 ва ё 8-ияш номзад карда монем, ки ин ҳолат боиси нигаронист. Ва ин албатта аксар ҳолат бо хоҳиши бобою бибӣ ва падару модар амалӣ мешавад, ки ин аз рӯйи бемаърифативу бефарҳангист.

Магар масъулияти волидон танҳо зуд ба шавҳар додани духтаронашон аст?!  Ҳол он ки духтари Ӯ худ кӯдак асту фаҳмиши зиндагиро надорад ва мехоҳад давраи ширинии кӯдакияшро хуш гузаронаду бо табъу шавқу завқи худ, дунболаи орзуҳои некаш бошад. Аммо волидон аксар вақт ба хоҳиши духтарон эътибор намедиҳанд ва онҳо фикр мекунанд, ки бо сару либос, маблағу хӯрока таъмин кардани духтар, ин вазифаи хешро гӯё аъло иҷро кардан аст.

Имрӯз худ борҳо шоҳид гаштаам, ки духтарони мактабхонро бо писарони аз худашон 1 ва ё 2 сол калон буда нисбат – фотиҳа мекунанд, ки ин тамоман нодуруст аст. Ана аз пушти бемасъулиятии волидон ҳам духтар сарсон ва ҳам устодон. Чун духтарро соҳиб пайдо мешаваду ҳар дуи хонандагони издивоҷ кардаро бошад, бечораи омӯзгор посбонӣ мекунад?! Охир магар ин мумкин аст? Ва бо ин кирдори нодуруст, ки ҳаёти духтару писарро дар хавф мемонем, ки бояд ҷавоб диҳад? Омӯзгор ва ё ин ки падару модар?

Пагоҳ, ки мактабро тамом мекунанд бо як сабаби ночизе ҷудо мешаванду балои сари волидони бемасъулияти худ мешаванд. Пас бояд аз рӯйи қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ки буду имрӯз бошад, номи “Масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”- ро гирифт волидоне, ки духтарони мактабхони худро дар овони мактабхонияш ба ҷавони мактабхон фотиҳа кардаанд, бояд аз рӯйи қонун ҷавоб гӯянд.

Волидон бояд ба дили фарзанди худ гӯш диҳанд ва кӯшиш кунанд то духтарашон соҳибмаълумот бошаду ҷуфти худро мустақилона интихоб кунад. На ин ки бо зӯрии волидон то ба охири зиндагонӣ санги маломат ва бори гарони ғурбатро кашида бошад!

Эҳром Раҷабов, 

ш. Истаравшан 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube