Байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ленингради Федератсияи Россия Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҳукумати вилояти Ленинград оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисоди хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба тасвиб расид.
Лозим ба таъкид аст, ки Созишнома дар доираи сафари кории ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид рӯзҳои 21-24 июни ба ш.Санкт-Петербурги вилояти Ленинград ба имзо расида, мақсади он густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитарӣ мебошад.
Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, тасвиби санади мазкур ба вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки ҳамкориро бо вилояти Ленинград дар соҳаҳои саноат, савдо, сармоягузорӣ, энергетика, самаранокӣ ва сарфаи нерӯи барқ, сохтмон, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, комплекси агросаноатӣ, рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии иқтисодӣ, васоити ахбори омма, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ, маориф, илм ва техника ва фаъолияти инноватсионӣ ба роҳ монад.
О. Достиева, СССР